logo

иҷтимоиёт

НОМАИ СИПОС

Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 - 1945) бошукӯҳ таҷлил мегардад. Собиқадорони ин ҷанги мудҳиш ҳамеша таҳти ғамхориҳои давлату Ҳукумат қарор доранд. Чанд тан аз пирони барнодил – иштирокчиёни ҶБВ дар суҳбат бо хабарнигорони «Ҷумҳурият» аз рӯзу рӯзгори худ ба ин мазмун нақл карданд. 

Файзулло БОБОЕВ,
сокини ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе:
- Мо, насли калонсолу рӯзгордида, ки шоҳиди даргириҳои зиёди хунин будем, ба қадри фазои осудаи Ватан ва сулҳу амният бештар мерасем.
Ман ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакатамон нисбат ба иштирокчиёни ҷанг қаноатмандӣ ва сарфарозии худро изҳор медорам. Ҳақиқатан ҳам, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии хуби мо дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор гирифтааст. Ҳукумат ба мо имтиёзҳои зиёд додааст, ки бо истифода аз онҳо давлати пирӣ меронем. Борҳо дар осоишгоҳҳо табобат гирифта, аз хизматрасониҳои тиббӣ низ бархӯрдор будам. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ба мо - собиқадорон ёриҳои иловагӣ мерасонанд, намояндагони ноҳия дар рӯзи мавлуд меҳмони хонадони мо шуда, туҳфаҳои пулӣ тақдим мекунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо нигоҳе ба гузаштаҳои пурмоҷаро аз ин сулҳу амният ба қимати ҷони худ дифоъ кунем.

Раҳмихудо ҶАЪФАРИЕВ,
ноҳияи Рӯшон:
- Ман 3 сентябри соли 1943 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудам. Дар озод кардани шаҳрҳои Бобрийск, Орша, Минск, Каунас, Вилнюс, Кенигсберг (Калинингради ҳозира) иштирок намудам. 3 январи соли 1946 ба зодгоҳ баргашта, 37 соли умрамро ба фаъолияти омӯзгорӣ бахшидам. Барои корномаҳои ҷангӣ ва фаъолияти меҳнатиам ба гирифтани ордени "Шараф" ва даҳ медал шарафёб гардидам.
Сарфарозам, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҷойгоҳи мо дар ҷамъият арҷ мегузоранд. Дар чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ болонишину соҳибиззатем. Сипосгузорам, ки ҳамасола аз тарафи Сарвари давлатамон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар арафаи иду ҷашнҳо ба мо ёрии моддӣ расонда мешавад. Ду рӯз пеш, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати мо омада, ҳадяи  навбатии Президенти  кишвар – 3 ҳазор сомониро ба мо супурд. Шукрона мекунем, ки чунин Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем.

Сафол МИРЗОЕВ,
сокини ноҳияи Рашт:
- Шодам, ки дар чунин Ватани ободу озод зиндагӣ ва давлати пирӣ меронам. Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат аст, ки моро дар маҳалҳо хор шудан намемонанд. Намояндагони масъули давлатӣ зуд-зуд меҳмони хонадонамон шуда, аз шароити зисту зиндагиамон бохабар мегарданд. Сол ба сол дастгириву ёриҳои давлат ба мо бештар мешаванд. Солҳои аввал дар арафаи Рӯзи Ғалаба аз номи Президенти муҳтарамамон ба мо 1000 сомонӣ медоданд. Имсол бошад, 3000 сомонӣ туҳфаи Президент ба дасти мо расид, ки хеле сипосгузорам. Ҳамасола бо 2 тонна ангишти хушсифат хоҷагиамонро таъмин мекунанд. Дигар ёриҳои иҷтимоӣ низ пайваста расонда мешаванд.
Духтурони бунгоҳи тиббӣ ҳар ҳафта ду маротиба омада маро хабар мегиранд. Барои истироҳат ба осоишгоҳҳо низ даъват мекунанд…


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2017    №: 93    Мутолиа карданд: 444

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед