logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. БАРТАРАФСОЗИИ ПАЙОМАДИ ОФАТИ ТАБИӢ ИДОМА ДОРАД

Марҳилаи сеюми амалисозии барномаи коҳиш додани хавфи кӯли Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки соли 2015 дар натиҷаи фаромадани сел дар маҷрои дарёи Ғунд ба вуҷуд омада, қариб ба 80 хонаи истиқоматӣ, биноҳои муассисаи таҳсилоти ибтидоии умумӣ, мактаби санъат ва бунгоҳи тиббии деҳоти Барсему Колхозобод осеби сахт расонд, ба анҷом расид.

3 май бо ҳузури Азиз Гиёзода, раиси ноҳияи Шуғнон, роҳбарони мақомоти дахлдори вилояту ноҳия ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Сучон садди маҷрои навбунёди дарёи Ғунд кушода шуд.
 Азиз Гиёзода дар маросими сар додани оби кӯл ба маҷрои нав зикр намуд, ки барномаи бехатаркунонии кӯли Барсем маҳз бо ҳидояту супориши бевоситаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид. Дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати кишвар маблағҳои зарурӣ равона шудаанд.
 Ба гуфтаи Шероз Абдуллоев, сардори шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, барномаи рахнакунии оби кӯли Барсем дар се марҳила маблағгузорӣ шуд. Марҳилаҳои якуму дуюми лоиҳа солҳои 2015 ва 2016 амалӣ гардиданд. Барои марҳилаи сеюми кор дар ин объект қариб 700 ҳазор сомонӣ равона шуд. Кор дар ин марҳила аз аввали баҳори соли равон бо ҷалби техникаву механизмҳои пуриқтидор оғоз ёфт. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, сатҳи оби кӯл дар ин марҳила боз бештар аз 2 метр паст фаромада, таҳдиди хатар ба хоҷагиҳои деҳоти соҳил хеле кам мегардад. Тавре Ш. Абдуллоев иттилоъ дод, дар маҷмӯъ сатҳи оби кӯл тақрибан то 7 метр поён фароварда шудааст. Айни ҳол корҳои мустаҳкамкунии соҳилҳои дарёи Ғунд дар минтақаи поёноби кӯл, дар шафати деҳаҳои Бердибекободу Шитобоғ оғоз меёбанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 532

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед