logo

иҷтимоиёт

ТАЪРИХИ НУҲУФТА

Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Қубодиён, ки соли 1988 таъсис ёфтааст, имрӯз яке аз осорхонаҳои беҳтарини вилояти Хатлон маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи Гулнора Равшанова,  ходими осорхона, он дар аввал камтар аз 150 нигора дошт, имрӯз бошад, бо саъю кӯшиши кормандон ва дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ теъдоди нигораҳо ба 2000 адад расидааст, ки таърихи беш аз 3500 – солаи Қубодиёни бостонро бозгӯӣ мекунанд. Ба ғайр аз бозёфтҳои «Тахти Сангин» дигар ҳамаи нигораҳо аз мардум ҷамъ оварда шудаанд, - таъкид мекунад ходими осорхона.
Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия  чор толори намоиши нигораҳо дорад. Дар толори «Бостоншиносӣ» нигораҳое, ки аз мавзеъҳои  таърихӣ ёфт шудаанд, ҷой гирифтаанд. Гӯшаи  «Мардумшиносӣ» ашёҳои рӯзгор ва сарулибоси мардумиро  дар бар мегирад. Ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, зардӯзӣ, ресандагӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, дуредгарӣ дар толори «Таърих ва ҳунар»  маҳфузанд. Дар «Ганҷинаи Ҳаким Носири  Хусрав» осори пурарзиши шоир гирд оварда шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки «Тахти Сангин» аз ҷумлаи ёдгориҳои пурарзиш ва мавзеи таърихиест, ки ба номгӯйи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид шудааст. Ҷои таъкид аст, ки то имрӯз,  танҳо дар ин мавзеъ ҳафриёт гузаронда шудаасту халос, ҳол он ки дар ноҳия 18 мавзеи таърихӣ мавҷуд мебошад. Қаълаи Мир, Тахти Сангин, Тахти Қубод, Сафедмазор, Хоҷа Салим, Теппаи Шоҳ,  Кайқубодшоҳ аз ҷумлаи  ин ёдгориҳоянд. Бостоншиносон аз он нигаронанд, ки  якчанд мавзеи таърихӣ аллакай ба коми фаромӯшиву нестӣ рафтан доранд. Оё вақти он нарасидааст, ки сари ин масъала низ андеша кунем ва ганҷҳои нуҳуфтаи таърихи миллати худро аз зери бомҳои хонаҳои истиқоматӣ раҳоӣ бахшем?!
Л. РИЗОЕВА, С. ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 397

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед