logo

фарҳанг

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Дар муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бо иштироки беш аз 120 нафар китобдор, масъулон, роҳбарони китобхонаҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ давоми ду рӯз дар мавзӯи  «Ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ нақш ва мақоми китобхонаҳо ҳамчун марказҳои илмомӯзию  иттилоотӣ дар ҷамъоварӣ, коркард, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғиби сарватҳои иттилоотӣ беш аз пеш меафзояд. Ҳоло дар баробари истифодаи маъхазҳои чопӣ истифодабарандагони китобхонаҳо аз интернет ва китобхонаҳои электронӣ фаровон истифода мебаранд. Замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ аз ҳар як корманди соҳа талаб мекунад, ки донишу таҷрибаи худро ба талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ намуда, талаботи хонандагони худро бо истифода аз махзани анъанавӣ ва электронӣ қонеъ созад.
Конфронс ба фаъолияти кунунии китобдорӣ дар раванди ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ равшанӣ андохта, масоили  ҳалталаби рушди китобхонаҳоро дар самти ҷорӣ намудани низоми хизматрасониҳои нав бо истифода аз манобеи электронӣ, технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ, касбият, савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо, маданият ва фарҳанги муошират ба миён гузошт. Ширкатдорони ҳамоиш доир ба вазъи китобхонаҳои кишвар ибрози назар намуда, перомуни мутобиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти китобхонаҳо ба тақозои даврони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 396

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед