logo

иҷтимоиёт

"САРНАВИШТ" - И МАСТУРАИ ҶАСУР

Дар муассисаи давлатии китобхонаи бачагона ба номи Мирсаид Миршакар вохӯрии яке аз ходимони барҷастаи давлатӣ, дорандаи ордени Шараф дараҷаи 1 Мастура Ашӯрова баргузор гардид. Дар баробари вохӯрӣ китоби нави ӯ «Сарнавишт», ки аз воқеаҳои ибратбахши рӯзгори 90-солаи муаллиф нақл мекунад, муаррифӣ шуд.
Мастура Ашӯрова фаъолияти меҳнатии худро аз омӯзгории мактаб дар ноҳияи Ғончӣ (имрӯза Деваштич) оғоз бахшида, минбаъд ҳамчун мудири маориф, дар солҳои 1960 - 1975 котиби комитети партиявӣ ва раиси комиҷроияи ноҳия шуда фаъолият бурдааст.
Дар маҳфил собиқ раиси ноҳия Қаҳҳор Ойматов, шоирону нависандагони маъруф Саидалӣ Маъмур, Латофат Кенҷаева, Зулфия Атоӣ ва сарояндагони ансамбли «Сипар» - и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо сардории Хушбахт Ҳакимов иштирок доштанд. Номбурдагон ҳамчун парвардаҳои мактаби бузурги адабиву сиёсии Мастура Ашӯрова сухан карда, хизматҳои ӯро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бавижа солҳои ҷанги шаҳрвандӣ суруданду сутуданд.
Солҳои панҷоҳуми асри ХХ, дар замоне, ки занҳо ба озодиву истиқлол тоза ноил шуда буданду аз маҳви бесаводӣ ба сӯи илму дониш мешитофтанд, Низорамоҳ Зарифова, Бӯринисо Бердиева ва Мастура Ашӯрова барин бонувони қавиирода дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ кор карда, собит намуданд, ки занҳо низ қишри муҳими пешбарандаи ҷомеаанд.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъд аз ҷанг ӯро ба ордену медалҳо ва ифтихорномаву нишонҳои сарисинагии бисёре сазовор донистанд, аммо ордени Шараф дараҷаи 1, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими пояҳои Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон тақдим гардид, қадру қимат ва ифтихори дигаре дорад.
- Соли 1995 вақте собиқ раиси вилояти Ленинобод Қ. Қосимов маро ба маркази вилоят хонда, ба зимма гирифтани вазифаи муовини раиси Кумитаи падару модарони аскарони вилоятро хоҳиш намуд, бе ҳеҷ мулоҳизаву дудилагӣ розӣ шудам. Зеро аз оғози солҳои навад инҷониб диламро ғами парешонии миллат ва саргадониҳои халқ фигор мекард.
Қарори ман ва дигар ҳамроҳонам қатъӣ буд. Халқу Ватанро дар рӯзҳои мушкил танҳо гузоштану аз нобасомониҳои давр фирор кардан, моро гирифтори азоби якумринаи виҷдон мекард, - нақл мекунад қаҳрамони мо.
- Қиссаи кӯчактарин хизмати мо ба гӯши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расид магар, ки дар вилояти Суғд шахсан худашон бо ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ карданд. Мисли як модари ҷафодида он рӯз ашки шодӣ рехтам ва Эмомалӣ Раҳмонро оғӯш карда, эҳсос кардам, ки сарнавишти неки халқу миллат дар дасти ҳамин ҷавонмард аст, - изҳор медорад Мастура Ашӯрова.
Аз шунидани қиссаҳои ҷолиби рӯзгори ӯ ҷавонону наврасони ҷамъомада як ҷаҳон маънӣ бардоштанд ва бори дигар неъмати бузург будани ваҳдат ва оромишу осоиши кишварро дарк карданд. Аз рӯи ёддоштҳои ӯ, ки дар китоби «Сарнавишт» сабтанд, саҳначаи тарбиявии хонандагони мактаб намоиш дода шуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 426

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед