иқтисод
"ВАҚТЕ ДАР ҶӮЙБОР ОБ НЕСТ…"
Матлаби «Вақте дар ҷӯйбор об нест…», ки 27 апрели соли 2017 (№ 86) дар нашрияи расмии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, дар Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
«Чанд сол боз кишоварзон аз он шикоят доранд, ки мавсими обёрӣ дер шурӯъ мешаваду киштаҳои пиёзу сабзӣ, караму помидор, бодирингу қаланфур ва ғайра аз беобӣ месӯзанд», - омадааст дар мақола.
Бояд қайд намуд, ки имсол дар доираи иҷрои нақшаи тадбирҳои иттиҳодия аз 20 апрел тавассути ҳамаи каналҳои обашон худҷорӣ ва аз 25 апрели ҳамин сол тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ба кишоварзони минтақаи Кӯлоб дар асоси дархостҳояшон об дода мешавад.
Корҳо дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои иттиҳодия барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 - 2017 оид ба тоза кардани шабакаҳои обрасонӣ 108, заҳбуру заҳкашҳо 117, таъмири иншооти гидротехникӣ ва обченкунакҳо 100 дарсад иҷро гардидаанд.
Кормандони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои минтақа, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, омодаанд, ки дар мавсими обрасонии соли 2017 кишоварзони минтақаро бо оби полизӣ таъмин намоянд.
А. МАҲСУДДИНОВ, сардори иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2017 №: 94 Мутолиа карданд: 559