logo

иқтисод

МЕВАЮ АНГУР. УСУЛҲОИ НАВИ ХОҶАГИДОРӢ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД

Кишвари мо барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ захира ва имконоти зиёд дорад. Аммо ҳанӯз он миқдор меваю ангур истеҳсол карда намешавад, ки талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркард пурра қонеъ гардад. Дар ин бора институтҳои илмии ҷумҳурӣ кор бурда, тавсияҳои ҷолиб пешниҳод карда истодаанд. Хабарнигори «Ҷумҳурият» Мирзои Фирӯз аз Фаррух Абдулвосиев, ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, хоҳиш намуд, ки оид ба имконоти ҷумҳурӣ бобати зиёд кардани майдони парвариши боғу токзор ва ҳосили он андешаашро баён намояд. Ӯ чунин иброз дошт:
- Рушди устувори маҷмааи агросаноатии мамлакат ва дастёбӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ ба интихоби дурусти истеҳсолоти кишоварзӣ вобаста аст. Усулҳои нави хоҷагидорӣ ҳалли масъалаҳои муҳимро тақозо менамоянд.  Яке аз ин масъалаҳои рӯзмарра  истифодаи самараноки минтақаҳои наздикӯҳӣ ва  ба кор ҷалб намудани аҳолии муваққатан бекор мебошад. Дар кишвари мо бунёди боғу токзор дар заминҳои обӣ (ба мақсади беҳтар истифода бурдани онҳо) маҳдуд шудааст, рушди  боғу токпарварӣ дар доманакӯҳҳо  аз ҷиҳати иқтисодӣ ва экологӣ манфиати бештар дорад. Тибқи меъёрҳои Созмони ҷаҳонии озуқа, ба як нафар барои истеъмоли дурусти хӯрок ва амнияти саломатиаш дар як сол 100 кило меваю ангур лозим аст. Шумори аҳолии кишвар (то 1 апрели соли 2017 бештар аз  ҳаштуним миллион нафар) тақозо менамояд, ки барои худкифоии аҳолӣ соле бояд 800 – 850 ҳазор тонна меваю ангур истеҳсол карда шавад.   Соли  2016 боғу токпарварони кишвар 364 ҳазору 799 тонна мева ва 214 ҳазору 776 тонна ангур ҷамъоварӣ намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба соли пешин мутаносибан 0,3 ва 22,1 дарсад зиёд карда бошанд ҳам, аз меъёри истеъмол кам аст.
Ҷои таъкид аст, ки кишвари мо дар Осиёи Марказӣ 15 дарсади аҳолӣ ва 10 дарсади ҳудудро доро буда, дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳо бештар майдони боғу токзор дорад. Яъне дар натиҷаи самаранок истифода бурдани захираҳои дохилӣ, васеъ кардани майдони боғу токзор ҳаҷми истеҳсоли меваю ангурро боз ҳам зиёд кардан мумкин аст.
Аз рӯйи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз», майдони заминҳои обии нишебидор дар ҷумҳурӣ 0,4 дарсад ё 750 - 800 ҳазор гектар аст. Дар  ин заминҳо бо истифодаи дастовардҳои илму техника, аз ҷумла обёрии қатраӣ, боғу токзор бунёд намоянд, майдони боғу токзорро ба миллион гектар расонда, ҳаҷми истеҳсоли меваю ангурро то 3 миллион тонна зиёд кардан мумкин мебошад. Яке аз манфиатҳои парвариши боғу токзор дар доманакӯҳҳо он аст, ки ниҳолҳои дарахтону ток бисёрсола буда, нисбат ба зироатҳои яксола бартарӣ доранд. Бархе аз дарахтони мевадор зуд ба ҳосил омада, харҷро дар муддати кӯтоҳ бароварда метавонанд.
Агар дар ҷумҳурӣ чунин миқдор меваю ангур истеҳсол карда шавад, талаботи аҳолӣ бо барзиёдӣ таъмин гашта, имкони рушди соҳаи коркарди саноатии он ба миён меояд. Коркарди саноатии 1,5 – 2 миллион тонна меваю ангур ба буҷети ҷумҳурӣ даромади афзун оварда метавонад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 599

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед