logo

иҷтимоиёт

НОШУКРӢ - ЗАВОЛИ НЕЪМАТ

Наваду шаш сол пеш дар деҳаи хушманзараи Пашори ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор), дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушода будам. Соли 1942 дар қатори дигар ҷавонони деҳа ихтиёрӣ ба ҷанг рафтам.
Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон чанд муддат ба мо таълими ҳарбӣ дода, баъд ба хати пеши ҷабҳа фиристоданд. Дар озод намудани шаҳрҳои, Севастопол, Симферопол, Маздок, кишварҳои Латвия, Литва, Эстония иштирок намудам. Маро пас аз чанд моҳи хизмат командири дастаи разведкачиён таъйин карданд. Барои он ки вазифаам гирифтани маълумоти дақиқ ва хеле муҳим буд, ҳамеша дар сафи пеши ҷанг қарор доштам. Соли 1944 дастаи дувоздаҳнафараи мо барои овардани «забон» супориш гирифт. Аз иҷрои супориш баромадем. Дар яке аз муҳорибаҳо ярадор шудам. Баъди шифо ёфтан маро аз хизмати ҳарбӣ озод намуданд. Бо ордену медалҳои ҷангӣ ба Пашор баргаштам.
Моҳи сентябри соли 1955 ноҳияи Тавилдараро барҳам дода, мардумро ба водӣ кӯчонданд. Қисмат маро ба ноҳияи Сарой Камар (Панҷи ҳозира) овард. Меҳри зодгоҳ ягон лаҳза аз дилам берун намешуд. Баъди солҳои 80-уми қарни гузашта боз ба деҳа баргаштаму манзили бобоиро аз нав обод кардам. 
Ҳоло синнам ба 96 расидааст. Аз ҳеҷ чиз камбудӣ надорам. Бо вуҷуди  пирию  камқувватиам, бо мардум, махсусан  ҷавонон вохӯрда, дар бораи сулҳу дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, фирефтаи ваъдаҳои дурӯғини гурӯҳҳои ҷудоихоҳ нашудан сухан мегӯям. Аз он рӯзҳои вазнине, ки аз сар гузарондем, ёдовар мешавам. Доим насиҳат мекунам, ки шукронаи Сарвари оқилу ғамхор ва ватандӯстамонро кунанд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, мардумро аз парешонию муҳтоҷӣ раҳонд, сулҳу суботро дар мамлакат таъмин кард. Ин беҳтарин неъмат аст, ба қадри он бояд бирасем. Ба ҳеҷ ваҷҳ ношукрӣ накунем, ки заволи неъмат аст.
Достӣ УМЕД,
иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 417

15.11.2018


Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед