logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, шаҳри Душанбе, 9 майи соли 2017

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозон!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Соли ҷорӣ ба анҷоми набардҳои хунини ҷанги солҳои 1941-1945, ки таърихи башарият мислашро надида буд ва ғалабаи инсоният бар фашизми гитлерӣ 72 сол пур мешавад.
Баробари ҳамаи халқҳои сулҳхоҳи олам мардуми Тоҷикистон низ ин рӯзи таърихиро ҷашн мегиранд.
Дар ин лаҳзаҳои идона 72 - юмин солгарди ин санаи таърихиро ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор ширкат карда, барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин, ба тамоми мардуми сулҳхоҳи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадони мамлакат фазои орому осуда, хонаи обод ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям. Ҳамчунин, меҳмонони гиромӣ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи шарики стратегиамон – Федератсияи Русияро ба ифтихори ҷашн табрик мегӯям.
Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.
Маҳз дар натиҷаи муборизаи фидокоронаву қотеонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардумони сайёра таъмин карда шуд. Бинобар ин, ки ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра 9 - уми майро ҳамчун санаи пирӯзӣ бар фашизми гитлерӣ ҷашн мегиранд. Зеро ин ғалабаи бузург натиҷаи дӯстии халқҳо, муборизаи дастаҷамъона ва намунаи олии ватандӯстии халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан ва озодӣ мебошад.
Бо гузашти солҳо ва хусусан, дар шароити торафт вусъат гирифтани нооромиву бесуботӣ дар минтақаву кишварҳои мухталифи сайёра арзишу аҳамияти он дар байни мардуми олам боло меравад. Ин санаи дар ҳақиқат таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас мебошад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ ба шумор меравад.
Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Аз аввалин лаҳзаҳои оғози ҷанг мардуми Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба ҷабҳа сафарбар намуданд. Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳо шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Ҳукумати мамлакат дар тӯли зиёда аз 25 соли соҳибистиқлолӣ нигоҳубину парастории иштирокчиёну собиқадорони ҷанг, расондани кумакҳои молиявӣ ва дигар ғамхориҳои иҷтимоиро вазифаи асосии худ ҳисобида, дар ин самт ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид ва ин корро дар оянда низ идома мебахшад. Зеро такроран таъкид менамоям, ки шуҷоату диловарии фарзандони баору номуси халқамон дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, ҳаёту фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва маслиҳату машварати онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоламон дастури амал ба ҳисоб меравад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҷаҳониёнро бори дигар водор месозад, ки доир ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва тақвияти равобити халқу давлатҳо ҳамчун шарти асосии ҳифзи сулҳу субот, бунёди рӯзгори орому осудаи мардуми сайёра ва омили муҳимтарини муборизаи муштарак бар зидди неруҳои бадхоҳ саъю талош намоянд.
Алалхусус, дар шароити ноором ва бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки хатарҳои нав дар он вусъати бесобиқа пайдо карда, мардуми сайёраро ба нигарониву ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу субот, дӯстиву ҳамкорӣ ва матонату шуҷоати фарзандони Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили экстремизму терроризм, миллатгароиву нажодпарастӣ ва дигар зуҳуроти нангину хатарнок, инчунин, барои тарбияи эҳсоси ватандӯстиву озодихоҳии ҷавонон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватанхоҳии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳим мебошад. Зеро вазъи сайёра имрӯз нисбат ба ҳар вақти дигар ниҳоят печидаву мураккаб гардидааст ва бар зидди хатарҳои муосир танҳо тавассути иродаи неки халқҳои олам ва саъю талоши муштарак истодагарӣ кардан мумкин аст. Инчунин, роҳи ҳалли мушкилоте, ки ҳоло инсоният бинобар гармшавии иқлим ва ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба он рӯ ба рӯ гардидааст, фақат ҳамкориву ҳамгироии байни халқу давлатҳои гуногуни дунё мебошад.
Мо ифтихор дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо имрӯз бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падару бобоёни хеш барои ҳимояи марзу буми мамлакат, ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагии орому осоиштаи мардуми кишвар чун сипари боэътимод ҳамеша омодаанд.
Маслиҳатҳои муфиду насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат баъди гузашти 72 сол ҳам ба наслҳои ҷавон дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша роҳнамои зиндагиву фаъолият мебошанд.
Баланд бардоштан ва мустаҳкам намудани рӯҳияи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва ифтихори миллӣ омилҳои муҳимтарини таъмини суботу оромии давлат ва ҷомеа мебошанд.
Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бори дигар хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ба тарбияи ватандӯстии ҳайати шахсӣ, риояи ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, таҳкими қонунияту тартибот, баланд бардоштани сатҳи касбият, омодагии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсии ҳар як хизматчии ҳарбӣ, инчунин, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳанд.
Дар охир бори дигар ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, халқи азизи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо меҳмонону ҳозирини арҷмандро ба муносибати Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар рӯзгори осуда ва сулҳу суботи ҳамешагиро орзу менамоям.
Ҷашни пирӯзии бузург муборак, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2017    №: 94    Мутолиа карданд: 858

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед