logo

иҷтимоиёт

РАШТОНЗАМИН. ЗАНОНУ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ВОДӢ САҲМ МЕГИРАНД

Дар партави сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт тасмим гирифтааст, ки барои пешрафти ҷавонон ва баланд бардоштани маърифатнокии занону бонувони хонашин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия озмунҳо ва курсҳои бозомӯзӣ баргузор намояд.
Ҷавоҳир Давлатова, мудири бахши занони ҳамин ноҳия, иброз дошт, ки шуъбаи кор бо занон ва оила ҷиҳати таъмини занон ба корҳои хонагӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таълимии калонсолони  ноҳия барои ҷалби бонувони бешуғл ба курсҳои бозомӯзии гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ ва адрасбофӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Сурх ва Калъанак бо аҳли ҷамоат вохӯрӣ баргузор намуда, моҳият ва мақсади курсҳоро шарҳ дод. Таваҷҷуҳи асосӣ ба пос доштани фарҳанг ва эҳёи анъанаҳои аз байнрафта равона гардид. Зимни суҳбат таъкид бар он шуд, ки аз бемасъулиятиву бепарвоии мо – модарон, масалан, тоқии гулдӯзии миллии мардуми Раштонзамин ба гӯшаи нестӣ рафта истодааст. Барои эҳёи тоқии гулдӯзии миллӣ модаронро лозим аст, ки ба писаронашон тоқии гулдӯзӣ омода карда, инчунин ба таври туҳфа барои домоду наздикони домод пешниҳод намоянд.
Дар семоҳаи аввали соли равон дар филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 20 нафар бонувон аз курси дӯзандагӣ ва 8 нафар аз курсҳои омӯзиши компютер, ошпаз ва муҳосиб гузашта, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд. Айни замон дар муассиса омӯзиши  24 нафар занон ҷараён дорад.  Таъсиси сехи нави қаннодӣ бошад, ба занон барои пайдо кардани ҷойи кори доимӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагиашон имконияти бештар фароҳам меорад.  
Корҳои анҷомёфта барои пешрафти занону духтарони ин минтақа пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандони онҳо ва пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон мусоидат мекунад. Ба ин хотир аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт аз ҳисоби фаъолзанон, собиқадорони меҳнат ва омӯзгорону вакилони ходимони дин гурӯҳи корӣ таъсис намуда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар қисме аз ҷамоати шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар маҷмӯъ бо 1500  нафар шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.
Айни замон, дар ноҳия бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ – омӯзишӣ, аз қабили озмунҳои «Либоси миллӣ ифтихорам», «Тоқии гулдӯзӣ зеби сарам» ва «Кадбонуи беҳтарин» ҷараён доранд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2017    №: 95    Мутолиа карданд: 313

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед