logo

иқтисод

ХОНАСОЗӢ ЗИНДАГИСОЗИСТ

Тайи солҳои ахир дар ноҳияи Рашт корҳои сохтмонию бунёдкорӣ, барқарор ва азнавсозии иншоотҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ вусъати тоза гирифта, бо қомат афрохтани биноҳои наву замонавӣ  маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки  Ғарм ва марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯз ба рӯз боз ҳам ободу зеботар мегарданд.

Бино ба иттилои Хайриддин Хоҷаев, мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, имсол дар ҳудуди ноҳия бунёд ва азнавсозии 27 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази сохтмони асосӣ, ки дар маҷмӯъ  2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, барои идомаи бунёди бинои иловагии муассисаи таълимии № 27 - и деҳаи Навдӣ 520 ҳазор сомонӣ, № 3-и деҳаи Қазноқ 400 ҳазор сомонӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Ҷафр 880 ҳазор сомонӣ, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 - и деҳаи Тагоба 414 ҳазор сомонӣ ва корҳои лоиҳакашӣ 100 ҳазор сомонӣ равона хоҳад гашт.
- Дар аксари иншоотҳои зикршуда корҳо оғоз гардидаанд. Дар асоси Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии Рашт ва тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бунёд ва таҷдиду азнавсозии иншоот бояд дар арафаи 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба итмом расанд, - гуфт Хайриддин Хоҷаев.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2017    №: 95    Мутолиа карданд: 484

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед