logo

иқтисод

КИШТИ ПАХТА. ҲАРЧАНД МАВСИМ АНҶОМ МЕЁБАД...

Пахта - маҳсулоти стратегӣ солҳои тӯлонӣ боиси сарбаландӣ ва шуҳрати деҳқонони кишвар буд. Тайи даҳсолаи охир бо сабабҳои гуногун соҳа чандон рушд накард ва  майдони кишту ҳаҷми истеҳсоли он хеле коҳиш ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дастур доданд, ки майдони кишти ин зироати асосӣ зиёд карда шавад. Дар ҷавоби ҳидояти Сарвари давлат пахтакорони кишвар майдони киштро ба 173003 расонданд, ки назар ба соли 2016-ум 10500 гектар зиёд мебошад. Аз рӯйи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ, то 4 май пахтакорон дар майдони 172678 гектар чигит кориданд, ки баробари 99,8%-и дурнамо буда, аз ҳамин давраи соли гузашта 19685 гектар зиёд аст.
Дар мавсими имсолаи киштукор пахтакорони вилояти Хатлон пешсафанд. Онҳо то 4 май дар майдони 120071 гектар пунба кишт карданд, ки баробари 104,4% нақшаи солона мебошад. Кишоварзони 19 ноҳияи вилоят иҷрои дурнамои кишти пахтаро барзиёд таъмин намуда, алҳол ба коркарди байни қаторҳои ниҳолҳо шурӯъ кардаанд.
Пахтакорони вилояти Суғд бошанд, аз  54 ҳазор гектар замини ҷудогашта, то 4 май дар майдони 49033 гектар пахта коштанд, ки баробари 90,8%-и дурнамо буда, назар ба  ҳамин давраи соли гузашта 4602 гектар бештар аст. Деҳқонони  ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров дар арафаи иҷрои кишт мебошанд. Дар рӯзи 4 май ҳамагӣ 275 гектар кишт карда шудааст, ки ба як тухмипошак 3 гектар рост меояд. Чунин натиҷаи паст боиси кашол ёфтани маъракаи кишт гашта истодааст. Чунин нишондиҳандаҳои пасти истеҳсолӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен,  Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров низ дида мешавад.
Рафти кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ мувофиқи талаботи рӯз нест. То 4 май дар ин ҷо аз 4003 гектар дар майдони 3574 гектар кишти пунба анҷом дода шудааст, ки 89,3% нақшаро ташкил медиҳад. Иҷрои нақшаи киштро пахтакорони  ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ пурра, кишоварзони шаҳрҳои  Ҳисор 90,9% ва Ваҳдат 51,1%  таъмин кардаанду халос.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2017    №: 95    Мутолиа карданд: 490

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед