logo

иҷтимоиёт

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ВА НАҚШИ Ӯ ДАР ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Бо даъвати дӯсти рӯзноманигорам Шокир Наимов савори мошини мусофирбар  аз маркази шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт ба сӯи деҳаи Чашмаи Кизии мавзеи Шул раҳсипор шудам. Вақте ба маҳаллаи  Фурудгоҳ, мавзее, ки пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло  Махсум гузошта шудааст, расидем, «Худоё, рӯҳи ин қаҳрамони моро шод гардон, Тоҷикистони моро аз чашми бад нигаҳ дор, Пешвои миллати моро тани сиҳату умри дароз  ато намо!», - гуфтани бобои Мизроб Муҳаббатов ва даст ба рӯй кашидани дигар мусофирон риштаи хаёламро барканд.

- Муаллим, ният кардам, ки бо хешу табор ва ҳамдеҳаҳои Нусратулло Махсум дар бораи кору зиндагиаш суҳбате дошта бошам. Агар вақт медоштед, ҳамроҳи ман мерафтед, - хоҳиш кардам аз ӯ.
- Дар бораи  Махсуми Нусратулло маълумот ҷамъ карданӣ бошӣ, ман мегӯяму ту навис. Зеро дар ин наздикиҳо ҳеҷ кас мисли ман зиндагиномаи ӯро намедонад.  Ба ҳаштодуяк даромадам. Падарам Муҳаббат, амакам Манзар Шариф ва устод Боқӣ Раҳимзода дар бораи Нусратулло нақлҳои ҷолиб мекарданд. Мегуфтанд, ки  ҷавонмарди диловару заҳматкаш буд. То охир барои ободии Тоҷикистон талош кард.
Бо се забон озодона ҳарф мезад. Дӯстону рафиқони зиёде дошт.  Қаландаршо аз ноҳияи Файзобод, Исмоил аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Зиёвуддин аз деҳаи Тагобаю  Эшони Алам аз дараи Камароби ноҳияи Рашт дӯстони наздики ӯ буданд. Онҳо чанд маротиба  ба деҳаҳои  Шул, Чашмаи Кизӣ ва Қалъаи Дашт-маҳаллаи Фурудгоҳ омада  буданд. Баъд дар ин мавзеъ хонаю дар сохта, зиндагӣ мекарданд.
Нусратулло марди соҳибфарҳанг буд. Шоирону нависандагон ва санъаткоронро дӯст медошт. Аз мероси бойи ҳунармандони водии Рашту минтақаи Дарвоз бархӯрдор буд. Ҳофизи халқии Тоҷикистон  Акашариф Ҷӯраев бо даъвати Нусратулло Махсум ба маркази вилоят - шаҳраки Ғарм  ба кор омада, чунон ансамбле ташкил намуд, ки мислашро мардум дар ёд надошт. Тамоми ҳунармандони Дарвозу Қаротегинро дар атрофи худ ҷамъ намуд. Нусратулло Махсум аз Акашариф Ҷӯраев хоҳиш намуд, ки мероси гузаштагонро гирд оварад. Такмил диҳаду барои насли оянда ба мерос гузорад.
Нусратулло ба аспсаворӣ шавқ дошт. Ба ноҳияи Ғарм, ки меомад, савори асп деҳа ба деҳа мегашт. Бо мардум суҳбат мекард. Аз кору бор ва зиндагиашон мепурсид.  Аспи сафед дошт ӯ. Бештар бо ин аспаш мегашт. Ба мардум нақшаҳои ҳукуматро мефаҳмонд.
Ман то ба нафақа баромадан омӯзгор будам. Суханҳои Нусратулло Махсумро аз забони мӯйсафедони собиқ вилояти Ғарм дар дафтари хотиротам менавиштам. Ба гуфтаи пирони рӯзгордида, Нусратулло масъалаи муҳоҷирати дохилиро ба миён гузошт. Дар амал татбиқ намудани ин нақша кори осон набуд. Зеро бисёриҳо намехостанд, ки  манзили бобоии худро партофта ба таҳдашт раванд. Аммо Нусратулло ва ҳамсафонаш бо мардум вохӯриҳо гузаронда, моҳияти масъаларо мефаҳмонданд.  Дар яке аз  суханрониҳояш Нусратулло Махсум гуфта буд:
- «Агар заминҳои қобили кишти ноҳияи Ғармро ба сари ҳар нафар сокинаш баробар тақсим кунем, 0,2 десятин мерасад. Ғаллае, ки деҳқон аз ин миқдор замин мегирад, дар тӯли сол эҳтиёҷоти ӯро рафъ карда наметавонад. Замини мавҷуда намерасад. Барои он ки ҳар як нафар дар тӯли сол бо хеле эҳтиёт, андаке сертар нон хӯрда тавонад, ба ҳар кас 0,4 десятин замини қобили кишт лозим аст. Дар ин шароит ҳосилнокиро зиёд кардан ҳам имкон надорад. Анҷуман бояд деҳқононро ба муҳоҷират даъват намояд. Ин гуна вазъият  дар  вилоятҳои дигар низ мавҷуд аст».
Ҳамон сол муҳоҷирати дохилӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Нахустин  муҳоҷирон аз Ғарм, Кӯлоб ва Фарғона буданд. Давлат барои 556 хоҷагии муҳоҷир 3336 гектар замин ҷудо намуд. Аз байн вақти зиёд нагузашта, шумораи муҳоҷирон ба 1097 хоҷагӣ расонда шуд. Онҳо дар ноҳияҳои пахтакор ҷойгир карда шуданд. Дар баробари муҳоҷирон  гурезаҳои ба Ватан баргашта низ ба таҳдашт кӯчонда шуданд. Водии Вахш бо шарофати кордонию ҷонфидоиҳои Нусратулло Махсум ва ҳамфикронаш обод шуд. Имрӯз агар ба он ҷо равӣ, гумон намекунӣ, ки замоне ин мавзеъ дашти бесоҳибу беодам буд…
Суҳбати мо гарм мешавад. Сокинони Чашмаи Кизӣ атрофи мо ҷамъ мешаванду ба қиссаи амаки Мизроб гӯш медиҳанд.
- Агар дар бораи Нусратулло то як поси шаб сухан гӯем, тамом намешавад, - мегӯяд Нуралӣ Мирзоев, яке аз  собиқадорони соҳаи маориф. - Баъзеҳо ҳасад мебурданд, ки як деҳқонбачаро ин қадар мардуми Тоҷикистон эҳтиром мекунанд. Нотавонбинҳо ба идораҳои боло навиштанд, ки сарватманду заминдор аст. Хонаву дари бадвоҳима дорад.   Чӣ хеле ки мебинед, хонаи Нусратулло аз ду ҳуҷраи гилӣ иборат аст. Ӯ сарватманд набуд, қитъаи замини наздиҳавлигиаш ҳамагӣ 0,04  гектарро ташкил медиҳад.
Баъди исботи бегуноҳиаш ҳам аҳён-аҳён номашро ба забон меоварданд. Мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипозгузорем, ки хизматҳои ӯро қадр карданд. Барои хешу табор, ҳамдеҳаҳо, фарзандони Нусратулло Махсум беҳтарин ва саидтарин рӯз 27 июни соли 2006 буд. Ин Рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи ягонагии мардуми Тоҷикистон аст. Ва дар ин рӯзи фирӯз Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони марказии шаҳраки Ғарм аз тасвиби фармони ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур додани унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон мужда расонданд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2017    №: 95    Мутолиа карданд: 580

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед