logo

фарҳанг

ИФТИТОҲИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Шоми 10 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни сухани шодбошии хеш иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвари мо боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои неки ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя хоҳанд гардид. Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов, муовини аввали вазири фарҳанги Ӯзбекистон ва роҳбари ҳайати расмии рӯзҳои фарҳанги ин кишвар, аҳли толор ва намояндагони соҳаи санъатро бо ибтидои ин падидаи хотирмони фарҳангӣ муборакбод намуд. “Миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг барои чунин ташаббус изҳор медорам. Тӯли ду рӯз ҳар ҷо равем, моро бо дилу чеҳраи  кушод ва лабони пуртабассум пешвоз мегиранд”, - изҳори хушҳолӣ намуд Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов.
Баъдан барномаи рангину ҷолиб ва хотирмони консертӣ манзури мухлисони савту наво гардид. Аҳли ҳунари Ӯзбекистон хотири мухлисони худро болида гардонданд. Хусусан, ҳунарнамоии ҳофизони шинохтаи ӯзбек Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Севинч Муъминова, Анвар Собиров ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Ӯзбекистон” писанди аҳли нишаст буд.
Ғуломҷон Ёқубов, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, оид ба дӯстиву рафоқати халқи тоҷику ӯзбек ҳарф зада, аз ҷумла чунин гуфт: “Тоҷику ӯзбек ду забон, аммо як дил доранд. Урфу одат, тӯйю сӯр ва ҳатто таомҳои мо якхелаанд. Дӯстии мову шумо абадӣ аст ва абадӣ хоҳад монд!”
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2017    №: 95    Мутолиа карданд: 481

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед