иқтисод
ВАНҶИ БОЛО. НЕРУИ БАРҚ НЕРУИ ЗИНДАГИСТ
Дар арафаи Иди Ғалаба Неругоҳи барқи обии “Техарв” - и ноҳияи Ванҷ баъди таъмири асосӣ аз нав ба кор даромад. Ин имкон дод, ки 600 хоҷагии Ванҷи Боло ба барқи хушсифат дастрасии доимӣ пайдо намояд.
Абдулло Амонбеков, масъули ширкати “Помир энержи” доир ба робита бо ҷомеа, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки азнавсозии неругоҳ соли гузашта оғоз гардида, мувофиқи нақша, он бояд моҳи феврали соли равон мавриди истифода қарор мегирифт. Вале боришоти имсола, махсусан дар минтақаи Ванҷи Боло, барои сари вақт анҷом додани корҳои барқарорсозӣ дар неругоҳ монеа эҷод намуд. Ба гуфтаи А. Амонбеков, неругоҳи “Техарв”, ҳамчунин, ба шабакаи асосии барқии Ванҷу Дарвоз пайваст карда шуд. Бо ҳамин масъалаи таъминоти аҳолии Ванҷи Боло - як гӯшаи дурдасти кишвар бо барқи хушсифату боэътимод пурра ҳал гардид.
Дар мавсими зимистони имсола Неругоҳи барқи обии “Андарбак” , ки дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ҳамин ноҳия қарор дорад, низ баъди таъмири асосӣ бо иқтидори 350 кВт ба истифода дода шуда буд. Иншооти асосии ин неругоҳҳои хурд тобистони соли 2015 дар асари фаромадани сел зарари калон дида, корҳои барқароркунӣ бо маблағҳои “Помир энержи” ба анҷом расонда шуданд.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи хурди барқи обии “Мотравн” (иқтидори лоиҳавиаш 300 кВт), воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ки дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бунёд меёбад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Тибқи нақша, неругоҳи хурди “Мотравн” дар остонаи Ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.05.2017 №: 96 Мутолиа карданд: 692