logo

иҷтимоиёт

ИММУНИЗАТСИЯ – ЯГОНА РОҲИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар қаламрави кишвар бемориҳои сурхча ва гулафшонро комилан барҳам диҳад.

«Аз охири соли 2016 инҷониб дар ҷумҳуриамон бақайдгирии ҳодисаҳои сурхча мушоҳида мешавад. Барои пешгирии паҳншавии  он  бо  Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017, № 215 ва ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 - ум то 26-уми майи соли равон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон гузаронда мешавад. Ин маъракаи муҳим тамоми кӯдакони аз 1 то 9 - соларо дар саросари кишвар фаро мегирад. Чорабинии мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, хусусан, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ амалӣ мегардад», - изҳор дошт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода.
Тибқи маълумоти муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика», тӯли 6 моҳи охир дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 415 нафар гирифтори бемории сурхча шуд. «Ҳамаи онҳо таҳти назорату табобати пизишкон шифо ёфтанд ва хушбахтона, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст», - гуфт мудири шуъбаи эпидемиологии муассисаи мазкур Боир Шомуддинов.
Бемории сурхча ба ҷони инсон хатар дорад: соли 2015 дар ҷаҳон 135 ҳазор мубталоёни он ба ҳалокат расиданд. Аммо бо ёрии иммунизатсия (эмгузаронӣ) аз соли 2000 - ум то 2015 дар кишварҳои гуногуни олам беш аз 20 миллион ҳодисаи ин беморӣ пешгирӣ шудааст.
Бинобар ин, масъулини соҳаи тандурустӣ таъкид мекунанд, ки иммунизатсия усули аз ҳама самарабахши пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Пас аз ворид кардани ваксина, бадани инсон бар зидди барангезандаи беморӣ масуният, яъне қобилияти муҳофизатӣ ва сироятнопазирӣ ҳосил мекунад. Иммунизатсия усули беҳтару осонтар ва арзонтар аз табобат буда, ҳар сол дар ҷаҳон боиси наҷоти қариб 3 миллион кӯдакон аз марг ва 750 ҳазор хурдсолон аз маъюбӣ мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 10 соли охир ба сатҳи баланди фарогирии иммунизатсия бар зидди бемориҳои гулузиндонак, кабудсулфа, кузоз, фалаҷ, сил, гепатити В, сирояти ротавирусӣ, гемофилияи навъи b, сурхча ва гулафшон ноил шудааст. Дар натиҷа ҳодисаҳои гулафшон аз 1231 нафар дар соли 2005 ба сифр дар соли 2014 расидааст. Ҳамчунин, аз соли 2007 инҷониб ягон ҳодисаи бемории гулузиндонак дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Нишонаҳо ва пайомадҳои сурхча ва гулафшон
Сурхча бемории шадиди сироятӣ мебошад, ки аз шахси бемор ҳангоми гуфтугӯ, атсазанӣ ва сулфа бо роҳи ҳавоӣ-қатраӣ ба одамони бар зидди он масуниятнадошта мегузарад. Нишонаҳои он баландшавии ҳарорати бадан (то 39 дараҷа ва аз ин ҳам баландтар), сулфа, обравии бинӣ, сурхшавии чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх дар пӯсти бадан мебошад. Ин беморӣ оризаҳо ва пайомадҳои вазнин дошта, дар баъзе ҳолат ба илтиҳоби шуш, дарди гӯш ва омоси мағзи сар оварда мерасонад.
Гулафшон бемориест, ки роҳҳои сироят ва нишонаҳои он ба сурхча шабоҳат доранд. Одатан, кӯдакон бемории гулафшонро сабук мегузаронанд. Бо вуҷуди ин, кӯдаки бемор паҳнкунандаи барангезандаи (вируси) гулафшон шуда метавонад.
Бемории гулафшон ба занони ҳомила хатари ҷиддӣ дорад, зеро барангезандаи он метавонад ба тамоми узвҳои тифли дар батни модарбуда осеб расонад. Агар зан дар нимаи аввали ҳомиладорӣ, хусусан, дар се моҳи аввал гирифтори бемории гулафшон шавад, ин метавонад боиси қатъи ҳомиладорӣ ва ё таваллуди тифли мурда шавад. Дар ҳолати зинда ба дунё омаданаш ҳам, тифли ношунаво, нобино ва ё дорои нуқсони модарзодии дил хоҳад буд. Духтар ё ҷавонзане, ки гирифтори гулафшон нашудааст, ё ваксинаи зидди онро нагирифтааст, бояд пеш аз ҳомиладорӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия карда шавад.
Сифату миқдори ваксина
Ваксина моддаи биологиест, ки барои фаъол кардани масунияти бадани инсон бар зидди бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст. Ваксинаи зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон босифату бехатар буда, ба ҳар як кӯдаки аз 1 то 9-сола дар Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бо истифода аз сӯзандоруи якдафъаина ворид карда мешавад. Чунин сӯзандору худмаҳвшаванда мебошад ва пас аз истифодаи аввал, корбурди он ғайриимкон аст.
Бино ба иттилои муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика», шумораи умумии кӯдакони аз 1 то 9-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол 1 953 795 нафарро ташкил медиҳад. Бо мақсади таъмини миқдори кофии ваксина барои Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ 2 164 500 вояи зидди сурхча ва гулафшон ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Ҳамаи онҳо дар хонаяхдонҳои махсуси ин муассиса бо риояи талаботи занҷири хунукитаъминкунанда нигаҳдорӣ мешаванд. Сипас ваксинаҳо тавассути нақлиёти дорои яхдон бо таъмини дараҷаи зарурии сардӣ ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдасти кишвар расонда мешаванд.
Бояд гуфт, ки иммунизатсия комилан ройгон аст. Он дар муассисаҳои тиббии маҳали зист ва нуқтаҳои иловагие, ки дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ ташкил шудаанд, инчунин ба воситаи бригадаҳои сайёри тиббӣ гузаронда мешавад.
Оризаҳои эҳтимолӣ
Ваксинаи зидди сурхча ва гулафшон комилан безарар мебошад, аммо хавфи пайдоиши оризаҳо вуҷуд дорад. Масалан, пас аз иммунизатсия он ҷое, ки сӯзан ворид шудааст, каме дард пайдо карда, ҳарорати кӯдак то андозае баланд шуда метавонад, инчунин бемадорӣ мушоҳида мешавад. Вале ҳамаи ин ҳолатҳо муваққатӣ буда, баъд аз якчанд рӯз мегузаранд. Дар сурати ба амал омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт, шаҳрвандон метавонанд ба кормандони муассисаҳои тандурустии маҳали зист муроҷиат намоянд.
Маълумоти иловагиро аз муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Шероз 8 метавон дастрас кард. Телефонҳо: 227-30-17, 227-30-97, 227-62-94, 223 -11- 25. E-mail: rcip@mail.ru
Фарзандони худро ҳатман иммунизатсия карда, аз бемориҳои хатарноки сурхча ва гулафшон муҳофизат намоед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2017    №: 96    Мутолиа карданд: 1589

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед