logo

фарҳанг

ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Телевизиони  Кӯлоб, ки 14 майи соли 1992 таъсис ёфтааст, дар барқарории Ҳукумати конститутсионӣ, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва баргардондани фирориёни иҷборӣ аз хориҷи кишвар нақши арзанда дорад. Таъсиси ин телевизион ба давраи пурошӯбтарини ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Ҳарчанд дар аввал як муассисаи хурд ба назар менамуд, аммо дар асл манбаи боэътимод ва бузурги иттилоотӣ дар фазои онвақтаи кишвар маҳсуб меёфт.
Кормандон фаъолиятро аз чор дастгоҳи хонагии даврони шӯравӣ оғоз намуда, дар як давраи кӯтоҳ онро ба як телевизиони пуриқтидори давлатӣ табдил доданд.
Мавзӯъҳои баррасишавандаи барнома-ҳои  он пайваста аз сулҳу салоҳ, худшиносию  худогоҳӣ  ва маърифтаи баланди инсонӣ мебошад. Бо чунин барномаҳои пурмуҳтаво сокинони минтақаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ тарбия менамояд. Ин муассиса дар давоми фаъолияти на онқадар тӯлонии худ тавонист, ки мардумро ба сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намояд.
Бо дастгириҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Телевизиони Кӯлоб соҳиби бинои нави хуштарҳу замонавӣ ва таҷҳизоти муосир гардида, раванди тарҳрезии барномаҳояш ба талаботи рӯз мувофиқ кунонида шуд. Тарҳрезии барномаҳо, фарогирии мавҷ, насби таҷҳизоти навин, самти фаъолияти кормандони эҷодию техникиро ба маънии мусбаташ тағйир дода, тараннумгари сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, ҳамдаму ҳамрози халқ қарор гирифта, рӯз то рӯз ба муваффақиятҳои бештар аз пештар ноил мегардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Телевизиони Кӯлоб ҳамчун мактаби тарбияи кадрҳои ҷавон дар майдони журналистикаи тоҷик буда, алҳол бархе аз ходимони ин боргоҳ дар зинаҳои роҳбарикунандаи телевизионҳои ҷумҳурӣ кор карда истодаанд.
Айни ҳол дар ин муассиса ҷавонони хушсалиқа ва бомаҳорат фаъолият доранд. Кормандон дар баробари инъикоси муваффақиятҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи минтақа, инчунин, бо барномаҳои таҳлилӣ камбудию нуқсонҳоро ошкор месозанд, ки ин боиси бартараф кардани мушкилоти ҷомеа мегардад.
Ҳамакнун Телевизиони Кӯлоб хамчун минбари сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ бо ҷавонони кордону коромӯхта ва содиқи Ватан бештар фаъолияти худро пурсамар намуда, кӯшиш бар он менамояд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии шаҳрвандон нақши муносиб гузорад.
Беҳрӯзи Одина САФАРЗОДА,
сармуҳаррири Телевизиони Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 776

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед