logo

иҷтимоиёт

ИСТГОҲҲОИ ПУЛАКӢ. КӢ МАСЪУЛИЯТРО БАР ДӮШ МЕГИРАД?

Дар шаҳри бостонии Кӯлоб кам ҷоеро меёбӣ, ки ба истгоҳи пулакӣ мубаддал нашуда бошад. Кор то ҷое расидааст, ки дар канори роҳҳои шафати бозор ва ҷойҳои дигари серодам, хусусан роҳҳои назди вокзалу беморхонаҳо, навбатдорони махсус «худам шоҳу табъам вазир» - гӯён аз ҳар як мошин 1-2 сомонӣ меситонанд.

Мусаллам аст, ки роҳ бевосита ба идораҳои роҳсозӣ марбут буда, дар мувозинати давлат қарор дорад. Аммо аз беназоратӣ ва хунукназарии роҳбарони масъул истифода намуда, афроди номаълум «хӯҷаин» - и роҳ шудаанд ва худсарона аз ҳар мошин истгоҳпулӣ талаб менамоянд. Мардум ҳам гӯё бетафовут шудаанд. Баъзеҳо даъво мекунанд, аммо бисёриҳо бо чунин афрод сарбасар шуданро ба худ раво намебинанд: суоле ҳам намедиҳанду гӯё назарашон 1- 2 сомониро намегирад, пардохт карда рафтан мегиранд.
Аз як мард, ки дар канори роҳи наздик ба бозори «Саховат» ва меҳмонхонаи «Хатлон» аз соҳибони мошинҳо пул мегирифт, пурсидам:
- Чаро мардум бояд барои роҳи давлатӣ пул диҳанд?
Ӯ бе дудилагӣ ва мулоҳиза ҷавоб дод:
- Ин ҳудуди роҳ шахсӣ аст.
Ахиран он мард иқрор намуд, ки кӣ будани «хӯҷаин» - и роҳро  ҳатто намедонад.
Як нафар корманди мақомоти андоз бо шарти набурдани номаш гуфт, ки гӯё чунин афроди соҳиби истгоҳҳои сарироҳӣ маблағи патент месупоридаанд.
- Мо фақат ҳаққи патентро аз онҳо тақозо мекунем, аммо намедонем, ки кӣ ба онҳо барои чунин пулситонӣ иҷозат додааст, - гуфт ӯ.
Аҷабо, магар роҳро харидаю фурӯхта мешавад? Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба чунин ҳол аз паси панҷа назар мекунанд. Касе намепурсад, ки ин «соҳибкорони навбаромад» аз кӣ иҷозат гирифтаанд ва оё додани иҷозат барои пулҷамъкунии сарироҳӣ қонунист?
Чунин вазъ дар истгоҳҳои назди фурудгоҳ, вокзали роҳи оҳан, бемористонҳо низ ба мушоҳида мерасад.  Воқеан, дар назди фурудгоҳ истгоҳ вуҷуд дорад ва дар даромадгоҳаш навишта шудааст: «Истгоҳи пулакӣ». Дар назди вокзали роҳи оҳан низ ҳамин манзараро мушоҳида мекунем. Аммо дар бемористони вилоятии № 2, беморхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ, бозорҳо ин манзараро наметавон дид. Акнун суоле ба миён меояд, ки фурудгоҳ ба хотири кӣ ва ё чӣ фаъолият мекунад?  Дар вокзали роҳи оҳан низ ҳамин ҳол аст. Пас, мантиқан роҳбарони ин муассисаҳо бояд истгоҳҳои бепул ташкил намоянд. Ин обрӯи муассисаро зиёд мекунад. Ин мисол ба бозорҳо низ мутааллиқ аст, ки дар як рӯз садҳо, ҳазорҳо нафар шаҳрванд хариду фурӯш мекунанд.
Ҳотамшо Сафаров, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки ягон истгоҳи пулакии мошинҳо хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ надорад ва ҳамаи онҳо ғайриқонунӣ фаъолият бурда истодаанд, аз ҷумла аксари онҳо барои қонунан фаъолият кардан қарор ё иҷозатномаи расмӣ надоранд.
Дар ҳамин ҳол нуқтаҳои шустушӯйи пулакии мошинҳо, ки дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз ҳад зиёд гардидаанд,  обҳои истифодашудаи олуда бо моддаҳои кимиёиро рост ба ҷӯйбору иншооти обӣ партофта истодаанд, ки ин мавзӯи дигар аст…
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 467

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед