logo

иҷтимоиёт

ДАВЛАТМАРД

Нусратулло Махсум. Ин ном дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамрадифи номҳои шахсиятҳои маъруфу сарсупурдаи давлату миллат барои ҷовидонӣ ҳаккокӣ шудааст.  Ин давлатмард зиндагии талх, вале ибратомӯз дорад. Ҳанӯз ҷавони наврас буд, ки душвориҳои зиндагӣ ба кӯи ғарибиаш бурд. Ҳамроҳи ҳамдеҳагонаш дар шаҳрҳои саноатии Туркистон шароитҳои тоқатфарсоро таҳаммул карда, заҳмат мекашид, то дар таъмини рӯзгори аҳли байти чашминтизораш саҳм гирад, балки онҳоро аз хатари гуруснагиву нобудӣ раҳоӣ бахшад. Ҳашт сол ҳаммол буд. Муошират бо мардуми касбу кори гуногун имконияташ дод, то дар ин муддат забонҳои ӯзбекӣ ва русиро ёд гирад.

Воқеаву ҳодисаҳои атроф, ки торафт тезутунд мешуданд, дар рушду такомули тафаккури инқилобии ин ҷавони тоҷик беасар намонданд. Фаъол шуд, дар корпартоиву намоишҳои эътирозии коргарони шаҳри Қӯқанд дар давраи инқилоби якуми рус (1905 - 1907) фаъолона ширкат кард. Мавқеи дуруст дошт, дарк мекард, ки маҳз синфи коргари рус метавонад халқи тоҷикро аз зулму истибдод раҳонда, озодӣ бахшад.
Пас аз инқилоби Октябр ва сарнагун шудани ҳукумати амирӣ Нусратулло Махсум соли 1921 дар қатори аввалин инқилобчиён дар таъсиси Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ нақш гузошт. Солҳои 1921-1923 ҳамчун намояндаи кумитаи хӯроквории Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қисмҳои Артиши Сурхро дар ноҳияи Ғарм, баъд дар Душанбе бо маводи ғизоӣ таъмин мекард. Ҳамзамон, бар зидди дастаҳои босмачиён муборизаи беамон мебурд.
Давлатмард дар мушкилтарин солҳои 1921-1924 дар вазифаҳои пурмасъулият – раиси Кумитаи инқилобии вилояти Ғарм, раиси Кумитаи иҷроияи Бухорои Шарқӣ ва пас аз таъсиси ҶМШС Тоҷикистон  раиси Кумитаи инқилобии ҷумҳуриявиро ба зимма дошт.
13 июли соли 1926 таҳти раёсати Нусратулло Махсум Комиссияи марказии тадорукот оид ба даъват намудани Анҷумани якуми умумитоҷикии муассисони шӯроҳои  намояндагони коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх созмон ёфт. Якуми декабри соли 1926 ин анҷуман мақоми олии давлатии худ – Кумитаи иҷроияи марказии ҶМШС Тоҷикистонро созмон дод ва Нусратулло Махсум раис интихоб шуд.  Дар анҷуман муовини раиси Кумитаи инқилобӣ, узви Шӯрои ҳарбии инқилобии корпуси тирандози 13-ум Б. В. Толпиго, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Ба мо, рафиқон, лозим аст, ки раиси КИМ – кадхудои ҳамаи тоҷиконро интихоб намоем. Раиси КИМ ва сарвари ҳамаи тоҷикон бояд рафиқе интихоб шавад, ки ӯ Тоҷикистонро ва Тоҷикистон ӯро бидонад, табақаҳои васеи аҳолӣ, бидуни шак, ба ӯ боварӣ ва эҳтиром дошта бошанд. Ман хато намекунам, агар бигӯям, ки чунин инсон Нусратулло Махсум буда метавонад».
Нусратулло Махсум  солҳои 1921-1933 ҳини иҷрои вазифаҳои гуногун – раиси Кумитаи инқилобии вилоятӣ, раиси Кумитаи инқилобии Тоҷикистон дар торумори дастаҳои босмачиён фаъолона ширкат варзида, барои ҳукумати нав содиқона хидмат намуд. Дар як муддати кӯтоҳ аз вилояти худмухтор ба ҷумҳурии мухтор ва пас ба ҷумҳурии мустақили шӯравии сотсиалистӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз заҳматҳои шикастнопазири ҳамин фарзанди фарзона маншаъ мегирад, ки барои ояндаи шукуфони ин сарзамину миллати бузург нақши тақдирсоз доранд. Соли 1929 Тоҷикистон ҷумҳурии мустақил эълон шуд ва давлатмарди тоҷик Нусратулло Махсум раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид.
Замони роҳбариаш Нусратулло Махсум дар таъсиси мақомоти нави идора дар шакли шӯроҳо ва комиҷроияҳо, бозгардондани фирориён ва ташвиқу тарғиби моҳияти ҳукумати нав, ҷалби занон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, пешрафти иқтисодиёт, иншооти обӣ, бунёди роҳи оҳан ва шабакаи васеи роҳҳои мошингард, маҳви бесаводӣ ва ғайра заҳмати зиёде ба харҷ дод. Ӯ ҳамчун роҳбари давлат ба масъалаи озодии занон диққати махсус дода, қотеона талаб мекард, ки дар ҳалли масоили мазкур боэҳтиёт бошанд, ҳуқуқҳои шаҳрвандии зан, манфиату муносибатҳои муътадили оилавии онҳо аз назари эътибор дур намонад.
Ӯ, ҳамзамон ба масоили муҳоҷирати дохилӣ ва муқимишавии аҳолӣ назари хоси худро дошт. Пеш аз ҳама, таъкид менамуд, ки дар кишвар заминҳои холии истифоданашуда зиёданд. Аз ин рӯ, ба водиҳо деҳқононе бояд кӯчонда шаванд, ки дар кӯҳистон имкони васеъ кардани хоҷагиҳояшонро надоранд.
Моҳи декабри соли 1933 бо қарори Бюрои сиёсии КМ ВКП (б) Нусратулло Махсумро ба КМ ВКП (б), барои таҳсил даъват намуданд. Ӯ ба Академияи тарҳрезии ИҶШС дохил шуд. Аммо соли 1937 ӯро ба миллатчигӣ, таъсиси созмони зиддишӯравӣ айбдор намуда, ба маҳбас кашиданд. Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС, аз 31 октябри соли 1937, мувофиқи моддаҳои 48 - 2, 58 - 8, 58 - 11 КҶ  РСФСР ба Нусратулло Махсум, собиқ раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон ҷазои олӣ – ҳукми қатл (бо мусодираи молу мулк) ҳукм кард. Ҳукм 1 ноябри ҳамон сол дар шаҳри Маскав ба иҷро расид.
28 декабри соли 1957 Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС хулосаи Прокурори генералиро бобати ҳукмномаи Нусратулло Махсум мавриди баррасӣ қарор дода, онро бекор ва парвандаро бинобар вуҷуд надоштани ҷиноят қатъ кард ва ӯро ба қавле сафед намуд.
Танҳо бо гузашти даҳсолаҳо, аниқтараш пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар шахсиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ зиндагиномаи Нусратулло Махсум ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат бознигарӣ шуд ва ниҳоят аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат он баҳои воқеӣ ва одилона гирифт. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ин фарзанди бузурги миллатро дар таъсиси ҷумҳурии мухтори шӯравӣ қайд намуда, иброз доштанд: ки «Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад».       
Ба хотири гиромидошти хизматҳои содиқонааш ба давлату миллат соли 2001 - ум 120 - солагии Арбоби барҷастаи давлатӣ Нусратулло Махсум дар сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ҷашн гирифта шуд. 27-уми июни соли соли 2006 бошад, Нусратулло Махсум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр гардид, ки ин далели эътирофи  хизматҳои шоистаи ӯ дар назди халқу Ватан аст. Баъд аз ин мукофоти олӣ номи давлатмард Нусратулло Махсум ҷовидонӣ хоҳад буд ва ӯ ҳамчун фарзанди содиқи миллат дар замири мардум абадан маъво хоҳад гирифт.
Умари ШЕРХОН, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 448

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед