logo

сиёсат

1997 СОЛИ СУЛҲ ВА ТУЛӮИ ОФТОБ

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.
 Эмомалӣ РАҲМОН


27-уми июни соли 2017 аз имзои санади басо муҳими таърихӣ ва барои миллату давлати мо тақдирсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бист сол пур мешавад: бист соли эҳёи миллӣ, бист соли баҳамоӣ, бист соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, бист соли сулҳу субот ва оромӣ, бист соли наҷоти миллат аз парокандагӣ ва бист соли наҷоти Ватан аз нобудӣ.

Воқеан, мардуми ғамзадаю парешон ва азобу машаққаткашидаро ба ҳам овардану дар мазраи дилҳояшон донаи умед коштан кори саҳлу осон набуд. Вале талошҳои пайгирона, бедорхобию азхудгузаштанҳо, ҷон дар кафи даст ба минтақаҳои хатарнок сафаркарданҳои Сарвари муаззами кишвар ба хотири наҷоти миллат дар он марҳалаи бениҳоят ҳассос барабас нарафтанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муждаи сулҳро нахуст дар арафаи соли нави мелодии 1997 ба сокинони мамлакат расонда буданд. Зеро 23 декабри соли 1996 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик созишномае ба имзо расид, ки бар асоси он дар тамоми муддати музокироти байни тоҷикон оташбас ва қатъи амалҳои душманона эълон карда шуд.
Ин паёми умедбахш мардуми аз даргириҳои бемаънии дохилӣ хасташударо хушҳолу рӯҳбаланд гардонд. Дар дили ҳамватанони бар асари даргириҳо хонаю дари худро партофта, ба Афғонистон ва дигар кишварҳо фироркардаю азоби ғарибӣ кашидаамон шуълаи умед афрӯхт. Суханони Сарвари давлат, ки «имрӯз оғӯши гарми Ватан, чеҳраи пурмеҳри ҳар як шаҳрванди мамлакат интизори баргашти ҳамватанони фирорист», қомати хамгаштаашонро рост, қалбҳои ранҷурашонро дармон бахшиданд. Онҳо ин хабарро ба ҳамдигар расонда, хушҳолӣ мекарданд. Президенти мамлакат ба мардуми шарафманди тоҷик муроҷиат карда, гуфтанд: «Биёед ин ҳадяи таърихӣ ва ин имконияти хубро, ки бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои нозир имконпазир гардид, барои ваҳдати ҷовидонаи ҳамдиёрони азиз пурсамар истифода барем. Мо дар остонаи асри 21- марҳалаи навини таърихи инсоният қарор дорем. Дар пешорӯи сарзамини муқаддас ва покизаи мо - Тоҷикистон низ уфуқҳои наву тоза боз мешаванд. Бигзор, ин уфуқҳо софу беғубор, рангину нуронӣ ва сафеду покиза бошанд».
Дар мулоқоти 23 декабр, ҳамчунин, Муроҷиатномаи муштарак қабул гардид, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ватан - Модар якто, Тоҷикистон - якто. Онро наметавон қисмат намуд. Онро бояд дӯст дошт ва обод кард!».
Зиндаёд Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, ба ифтихори ин созишномаи сулҳу оштӣ бо номи «Сулҳ муборак!» шеъре навишта буд:
Чу донистанд, к-андар паҳнаи гетӣ,
Кӣ будасту кӣ дод ин ҷангро таҳрик
Бародарвор роҳи нурро ҷустанд,
Ки фардоро раҳонанд аз шаби торик.
Кунун, к-оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик.
Ба ин азми қавию аҳди мардона,
Имоми ду тарафро мекунам табрик!
Хабарнигори «Российская газета» Борис Филиппов 18 январи соли 1997 дар суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурсида буд: «Оё дилпурӣ ҳаст, ки ҳуҷҷатҳои 23 декабри соли гузашта имзошуда аз ҷониби мухолифин иҷро мешаванд?». Сарвари давлат дар ҷавоб гуфта буданд: «Дилпурам, ки созишномаи 23 декабр нисбат ба созишномаҳои пешина самарабахштар амалӣ мегардад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик 16 -18 майи соли 1997 дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон - шаҳри Бишкек перомуни масъалаҳое, ки мебоист дар ҷараёни музокироти тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гиранд, табодули афкор намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки мо ба мақсади наҷибонаи худ хоҳем расид. Барои ин, ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ дар мамлакатамон, боз як қадами дигар гузоштан лозим асту бас.
Баъди бозгашт аз шаҳри Бишкек зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар, 23 майи соли 1997, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил таъкид карданд: «Хушбахтона, имрӯз раванди расидан ба оштии миллӣ ба фарҷоми мантиқии худ расид. Дар шаҳри Бишкек ҳуҷҷатҳое ба имзо расиданд, ки ба ҳалли мушкилтарин масъалаҳо хотима бахшиданд». Сарвари давлат бо дилпурӣ зикр намуданд, ки акнун ҷараёни нобоварию мухолифат ба марҳалаи ҳамкорӣ дар роҳи бунёди давлати демократӣ дар Ватани азизамон табдил ёфт.
Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Герд Меррем дар матлабе таҳти унвони «Роҳи пешрафти Тоҷикистон», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», 25 июни соли 1997, № 32 нашр шудааст, навишта буд: «Тоҷикистон, ки соли 1992 ҷанги даҳшатноки дохилӣ ва чор соли задухӯрдҳои мусаллаҳонаро аз сар гузарондааст, ба марҳалаи тақдирсози таърихи худ қадам мениҳад. 27 июни соли равон дар Маскав созишномаи умумии сулҳ имзо хоҳад шуд, ки ба ҷараёни ниҳоят тӯлонӣ ва душвори музокироти сиёсии таҳти васояти СММ моҳи апрели соли 1994 шурӯъшуда нуқтаи таммат мегузорад».
Ба қавли намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Тоҷикистон, муваффақияти музокирот аз бисёр ҷиҳат ба шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии намояндагони мамлакатҳои нозир, аз ҷумла кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони Конфронси исломӣ ба даст омад. Аз моҳи декабри соли 1996 ҷанг дар тамоми қаламрави Тоҷикистон қатъ гардид. Ин дастоварди муҳимтарини ҷараёни истиқрори сулҳ маҳсуб меёбад.
Ниҳоят 27 июн дар пойтахти Федератсияи Русия - шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.  Ба бахти халқи тоҷик, шаби ғаму ғусса ва ноумедиҳо поён ёфт, субҳи сулҳу сафо  дамид.
Бо ҳамин музокироти байни тоҷикон, ки 5 апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав шурӯъ шуда буд, 27 июн дар ҳамин шаҳр анҷом ёфт. Ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол давом карданд, самараи дурахшон ба бор оварданд.
Ҳарчанд ки гузашти солҳо моро аз он рӯзи таърихӣ - ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - ин санади тақдирсози миллат, дур мебарад, аҳамияти ҳаётӣ ва қадру қимати он торафт меафзояд. Дар шуури мардуми кишвар зарурати ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеа, ки асос ва сарчашмаи пешрафту тараққиёти ҳар давлату миллат мебошад, сол ба сол амиқтар ҷой мегирад ва барои аҳли ҷомеа аз сулҳу субот неъмати азизтар ва бузургтаре вуҷуд надорад. Халқи тоҷик бо имзои Созишномаи сулҳ бори дигар ба аҳли олам собит сохт, ки сулҳу дӯстию ваҳдат ва эҳтиром ба якдигар дар ҷавҳари ҷисму ҷонаш нуҳуфтааст ва он аз суннатҳои волои чандҳазорсола бархӯрдор аст. Муҳимтар аз ҳама, созишномаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи олии ваҳдати миллӣ ва намунаи ибрат барои кишварҳои дар ҳоли даргир қарордошта ба сифати як мактаби сабақомӯзӣ эътироф гардид. Ваҳдат ва истиқлолият имрӯз дар фарози Тоҷикистони озод, обод ва шукуфон чун хуршед медурахшанд ва роҳи халқи эҷодкору тамаддунофарамонро ба сӯи пешрафту тараққиёт ва ояндаи неку дурахшон мунаввар менамоянд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2017    №: 97-98    Мутолиа карданд: 638

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед