logo

иҷтимоиёт

КИБЕРҲАМЛА. 300 ҲАЗОР КОМПЮТЕР ДАР 150 КИШВАРИ ДУНЁ ҲАДАФИ ОН ГАШТ

“Диққат! Файлҳои муҳимтарин рамзбандӣ шуданд. Барои аз нав дастрас гаштани онҳо 600 доллар дар биткоин интиқол диҳед”. 12 май дар ҷараёни миқёсноктарин дар таърих киберҳамла, ки кам давлати ҷаҳон аз он эмин монд, хакирҳо тавассути вируси WannaCry ба компютерҳо бо системаи амалиётии Windows роҳ ёфта, чунин талаб пеш гузоштанд.
Ҷарроҳии беморро мавқуф гузоштанд
Аз ҳамлаи мазкур на танҳо истифодабарони муқаррарии интернет, ҳамчунин, серверҳои бонкҳо, ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, корхонаҳои бузург ва ҳатто мақомоти қудратӣ осеб диданд.
Дар маҷмӯъ, мувофиқи маълумоти директори Агентии полиси Аврупо (Европол) Роб Уэйнрайт, қариб 300 ҳазор ашхоси воқеию ҳуқуқӣ  дар 150 мамлакат, аз ҷумла Русия, Британия, Италия, Туркия, Олмон, Фаронса, Испания, Бразилия, Қазоқистон, Украина, Чин, Ҷопон зери зарба монданд.
Дар Британия аз амали хакирҳо низоми кори 40 муассисаи тандурустӣ фалаҷ гашт ва бо ин сабаб фаъолияти шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ халал ёфта, муоинаҳо ва ҷарроҳиҳои нақшавӣ мавқуф гузошта шуданд. «Мо воқифем, ки низоми тандурустии мамлакат аз ҳамлаҳо осеб ёфт, аммо ин ҳамлаҳо махсус ба низоми тандурустии мо не, ба кулли дунё равона карда шуда буданд. Коршиносони мо бо рафъи оқибатҳои киберҳамла машғуланд», - изҳор кард сарвазири Британия Тереза Мэй.
Дар Олмон, бино ба маълумоти истифодабарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ширкати асосии роҳи оҳани кишвар Deutsche Bahn дучори ҳамлаи хакирӣ гашт. Дар Бразилия якбора фаъолияти чандин муассисаи давлатӣ, минҷумла низоми таъминоти иҷтимоӣ боздошта шуд. Ширкати давлатии нафту гази Petrobras ва Вазорати корҳои хориҷӣ барои пешгирӣ  аз  осебёбӣ низоми компютерии худро хомӯш карданд.
Дар Фаронса азамати автомобилбарории Renault, ки аз ҷумлаи нахустин зарардидагон шуд, кори чанд заводи худро муваққатан қатъ намуд.
Ин мисолҳо муште аз хирворанд.

 “Ин як бозии бачагона буд...”
Коршиноси маъруфи амрикоӣ дар соҳаи амнияти компютерӣ, сарвари ширкати “Трусона” Ори Эйсен киберҳамлаҳои навро дар саросари дунё пешгӯӣ мекунад ва таъкид месозад, ки онҳо ба маротиб густурдатару амиқтар хоҳанд шуд. “Он чӣ рӯй дод, бозии бачагонае беш набуд. Кор ҳанӯз ба ҳамлаҳои ҷиддӣ бо оқибатҳои вазнин оид нашудааст”, - мегуяд Эйсен, ки собиқаи 15 - сола дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дорад. “Чӣ мешавад, агар ҳадафи киберҳамла 10 неругоҳи барқи ҳастаӣ қарор гирад? Агар ба сарбанд ё пули азим ҳамла кунанд, чӣ?”- изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад коршиноси варзида.
- “Ҳодисаи рӯйдода алҳол 300 ҳазор компютерро сироят кард. Ягон монеае нест, ки фардо 100 миллион компютерро аз кор бароранд”, - афзуд Эйсен ва таъкид кард, ки дар сурати фавран аз пайи чораҳои қатъии дигаргунсозии шабакаи ҷаҳонӣ нашудан чунин бемасъулиятӣ пайомади басо нохуш хоҳад дошт.
Роҳбари ширкати Microsoft Брэд Смит бо ӯ мувофиқ аст. Ӯ ҳодисаи рӯйдодаро дуздидани якчанд мушакҳои болдори Tomahawk аз низомиён баробар донист. “Сарони кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи кунуниро бояд чун бонги хатар қабул дошта бошанд. Онҳо дар масъалаи киберфазо бояд муносибати комилан дигар ташаккул дода, тартиботи ҷиддиеро мисли оне, ки дар нигаҳдории силоҳ мавҷуд аст, роҳандозӣ кунанд”.
Мутахассисони бахши амнияти кибернетикии Британияи Кабир аз эҳтимоли ҳамлаҳои нави вируси рамзшикани WannaCry огоҳӣ доданд. Мувофиқи хабари рӯзномаи «Financial Times», ҳоло ба 1,3 миллион шабакаҳои компютерӣ хатари гирифтор шудан ба вируси WannaCry таҳдид дорад.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 503

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед