logo

иҷтимоиёт

ЭЪТИМОД

Боиси ифтихор аст, ки чун анъана дар остонаи Рӯзи ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон мулоқот намуда, масоили мубрамро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Вохӯриҳои Пешвои миллат бо мо – ҷавонон дарси  меҳанпарастиву миллатдӯстӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбубамонро меомӯзанд.

Пешвои миллат дар мулоқот ба ҷавонони кишвар соли 2016, аз ҷумла зикр намуданд: «Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани азизамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро  содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред».
Бо бардошти маънавӣ аз ин суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат метавон афзуд, ки дар заминаи таъмини чунин шароит пешрафти босуръати илму техника муҳайё гардида, барои андухтани донишҳои муосири илмиву техникӣ бештар имкон фароҳам меояд. Вобаста ба ҳамин таъкидҳо ва ҳидоятҳои пурмазмун буд, ки ҷавонони кишвар имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни илм, бавижа ошноии бештар бо технологияи муосир, дар арсаи байналмилалӣ саҳиму комгор мегарданд ва ҳамзамон мекӯшанд, ки парчамбардори миллату давлати хеш бошанд. Чунон ки мисоли онро зимни дастовардҳои ҷавонон дар конфронсу симпозиумҳои илмӣ – амалӣ, олимпиадаҳои сатҳи гуногун, варзиш ва дигар мубоҳисоти илмии ҷаҳонӣ ба мушоҳида мегирем. Вале дар баробари ин, Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, ки бояд маданияти  истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, риоя карда шавад. Ин таъкид мо – ҷавононро водор месозад, ки дар амалӣ намудани таъкидҳои Роҳбари давлат аз зиракиву худогоҳӣ бештар бархӯрдор бошем.
Ҷавонони Тоҷикистон бечунучаро сиёсати Пешвои миллати худ Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоянд ва дар равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳамқадами замон хоҳанд буд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 407

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед