logo

сиёсат

ВАҲДАТ - ГУВОҲИ ШИКАСТНОПАЗИРИИ МИЛЛАТ

Андешаварон бидуни камтарин шак дарёфтаанд, ки ҳар як даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гиромидошти арзишҳои меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ роҳи расидан ба ормонҳои накутарро ҳамвор месозад.
Миллати мо дар дарозои зиндагии хеш тӯфонҳои шиканандаеро пушти сар ниҳодааст, ки бисёре аз миллатҳои дигар ба он тоб наоварда, аз саҳнаи таърих берун шудаанд. Мо дар саргузашти худ, зери фишори омилҳои бегона, борҳо аз асли худ ҷудо шуда, хештани хешро аз даст додаем ва имрӯз бояд бидонем, ки бо чӣ душвориҳои камаршикане ба худ бозгаштаем ва чӣ бикунем, ки дигар он шикастҳо ба пайкари мо роҳ наёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар садаи XX мелодӣ мунодии ваҳдати миллӣ, бақои қавм, фарҳангу забони миллати тоҷик мебошад, роҳи паймудаи мардумони ориёитаборро бо чашми хирад омӯхта, дар зимн нигоҳи хешро ба шикастҳои пай дар пайи гузаштагонамон андухта, бо таҳлили ҳамаҷониба дарёфтааст, ки мо тоҷикон беш аз ҳамеша ба ҳушёрӣ ва ягонагии миллӣ ниёзмандем. Ҳамин аст, ки дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар баробари ёдкард аз осори классикони адабиёти ҳазорсолаамон, ишораҳои вижа ба «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ дорад. Зеро рӯҳи Фирдавсӣ дар 60 ҳазор байти заррини худ ягонагӣ, иттиҳод ва ҳамдилӣ меофарад.
Бархе гумон мекунанд, ки «Шоҳнома» гарчи мероси гаронарзиш ҳам бошад, ба гузашта ва гузаштагон марбут аст. Вале ақли солим гувоҳ аст, ки ҳеҷ як аз ангезаҳои фикрии Ҳаким Фирдавсӣ куҳна нашудаанд ва инсони имрӯзӣ, ҳамчунон, гирифтори буҳронҳои ҷонфарсоест, ки мардуми рӯзгори ӯ ба гунаи дигар бо он даст ба гиребон буданд. Намунаи он буҳронҳои кишварҳои Ироқ, Сурия, Миср, Либия, Яман, Афғонистон, Покистон ва баъзе мамлакатҳои дигар мебошад.
Дар ҷаҳонбинии Ҳаким Фирдавсӣ мебинем, ки ҳаргиз душман ба пуррагӣ нобуд намешавад ва боз дар нахустин фурсати созгор сар бармедорад ва ба дасиса пардохта, байни инсонҳо фосилаҳоро меафзояд. Бесабаб нест, ки Заҳҳоки морбадуш бо барафкандан аз тахти шоҳӣ, кушта нашуда, ғайб мезанад. Ва ин ҳам рамзеро дар худ ниҳон дорад, ишора бар он ки аҳриманзодагон нобуд намешаванд ва дар сурати парокандагӣ дубора барои ошуфтасозии озодзодагон бармехезанд.
Метавон гуфт, Фирдавсӣ дар шоҳкори худ нигоҳи моро ба ин нукта ҷалб мекунад, ки яке аз сабабҳои барҳамзании осудагии мардум, ба ҳамдигарситезӣ даст бурдан ва даргирифтани ҷангҳои бародаркушӣ, аз байн рафтани ваҳдати миллӣ мебошад. 
Ончуноне ки бо бархостани Коваи оҳангар Заҳҳоки аҳримансиришт маҳв шуда, Фаридуни каёнӣ ба тахт менишинад ва ӯ нахустин касест, ки ҳафт иқлимро миёни се писараш тақсим мекунад ва се кишвари ҷудогона ба вуҷуд меорад, ки ҷанг миёни онон рафта – рафта ба  ҷанги кишварҳо, метавон гуфт ҷангҳои ҷаҳонӣ табдил меёбад.
Ҳакими бузургвор сабабҳои рух додани ҷангҳои хонаводагӣ ва байнихудиро гуногун бозтоб намудааст. Агар моҷарои Фаридун аз бахш кардани   ҷаҳон ба ҳафт иқлим ба миён омада бошад, сабаби задухӯрди хунин миёни Рустам ва Исфандиёр ва дар паёмади он кушта шудани Исфандиёру писарони ӯ  сабабҳои мазҳабӣ дошт. Шоҳ Гуштосб барои густариши кеши зартуштӣ, ба писараш Исфандиёр фармон медиҳад, ки пайвастани Рустами Дастонро ба ойини Зартушт фароҳам созад ва дар сурати напазируфтани ойини  мазкур  дасти  ӯро  баста  ба наздаш орад. Рустами бохирад, ки хуршедпараст буд, пешниҳоди Исфандиёрро намепазирад ва кӯшиши бастани камарбанди зартуштиёнро ба унвони «кӯштӣ» рад мекунад. Рустами ҷаҳонпаҳлавон бо як хирадмандии ба ӯ хос, намехоҳад барои боварҳои мазҳабиву динӣ шуда, Ватани бартар аз ҷонаш аз байн равад, ба Исфандиёр мегӯяд, ки ӯ дар баробари дини худ ба Занду Авасто низ арҷгузорӣ мекунад, аммо меҳри Меҳан барояш аз ҳама арзишҳо болотар аст:
Ба додори Зартушту дини беҳӣ,
Ба Нӯшозару озару фарраҳӣ,
Ба Хуршеду Моҳу ба Устову Занд,
Ки дилро биронӣ ба роҳи газанд.
Мо агар ҳар чӣ жарфтар саҳифаҳои таърихро варақ бизанем ва зеҳнамонро ба рӯйдодҳои он замонаҳои дур, ҳар чӣ бештар равона созем, хоҳем дид, ки ҳама шӯрбахтиҳо ва бохтҳои бебаргаштамон бар асари ноиттифоқӣ, яъне надоштани ваҳдати миллӣ, сар задааст.
Диди фаротаърихии Фирдавсии бузург –  муаллими фарҳанг ва ҳофизаи сарнавишти мо, инсони комили тоҷиктабореро намоён месозад, ки ҳама вуҷудашро ба Меҳан ва сарбаландии он, тавоноиҳояш бахшида, обурӯи Меҳанро шаъну шарафи хеш медонад ва бо як ҷаҳонбинии густурдаву номовар, муборизаи хунини мардумашро барои вуҷуд доштани миллату давлаташ пеши дидор мегузорад.
Ва дар рӯзгороне, ки ҷомеаи мо ба як сукути сарди печидагиҳои маънавӣ, дудилагиҳои худноогоҳӣ гирифтор гашта буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нобовариҳои умумиро барканор карда, миллати моро дар як замони барои таърих фишурда, аз ин шикасти маргбори рӯҳӣ раҳоӣ бахшид. Бинобар ин, бо ҷой гаштани андешаи ягонагии миллӣ дар равони мо, бо бозёфти дубораи нангу номуси миллӣ, дигар бадхоҳонамон на бо баҳонаи дину мазҳаб, на бо ваъдаи подоши фаровониҳову комгориҳо тавони ба канор бурдани боварҳои миллиамонро нахоҳанд дошт.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 663
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед