logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини тартибу низом ва пешгирӣ аз танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт,  тадбирҳои зарурӣ андешида, танзими ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ва хизматрасонии босифат ба аҳолиро аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи хоҷагидории пойтахт қарор додааст.
Қурбон Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар робита ба ин мавзӯъ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин гуфт:
- Дар вохӯрии Сарвари давлат бо фаъолони пойтахт ширкати холдингии «Азия групп Тоҷикистон» барои беҳбудӣ бахшидан ба танзими ҳаракати нақлиёти мусофиркаш ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ уҳдадор шуда буд, ки 600 автобус ва беш аз 2000 мошини сабукравро дар муддати се сол ба Душанбе ворид намояд. Дар ин замина, охири моҳи майи соли равон марҳилаи аввали воридкунии мошинҳои нави тамғаи JAC ва Peugeot ба теъдоди аз 120 то 150 оғоз меёбад. Ҳоло бо ширкати қазоқии AllurGroup дар ин бора гуфтушунид рафта истодааст. Аслан, мо оид ба ворид намудани мошинҳои тамғаи Peugeot ба мувофиқа расидаем, зеро онҳо ба талаботи Тоҷикистон мувофиқанд. Хуршед Кабиров, мудири шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, дар мавриди яку якбора ворид намудани ин таксиҳо ва ба хизмати умум расондани онҳо гуфт: «Чанде пеш бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар марҳилаи аввал 40 автобуси мусофиркаши тамғаи «ISUZU» ворид гардид. То моҳи июл 24 ва то охири сол беш аз 100 автобуси дигар ба Душанбе оварда мешавад».
- Гуфтушунид, аслан, оид ба 2000 мошини сабукрав ба маблағи 24 миллион доллари амрикоӣ меравад. Аз ин рӯ, ворид намудани чунин нақлиёт вақти зиёдро тақозо мекунад. Барои ҳамин, муҳлати воридкунии автобусу мошинҳои сабукрав се сол аст. Айни ҳол барои беҳтар намудани ҳаракати нақлиёти мусофиркаш  ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани хизматрасонӣ дар пойтахт дурнамои рушди соҳа таҳия шудааст, - илова намуд Х. Кабиров.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2017    №: 99    Мутолиа карданд: 378

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед