logo

фарҳанг

АЗ КАСБ ТО БА ҲУНАР

Таҷрибаи 46 - солаи омӯзгорӣ дорад. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро хатм кардааст. Аз соли 1994 то инҷониб муаллими калони кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.  Солҳои 1996 – 2002 мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳии ин муассисаи таълимӣ буд. Дар давоми фаъолияти илмию омӯзгориаш барои донишҷӯён маводи зиёди илмию методии худро дар саҳифаҳои маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои соҳавӣ ба табъ расондааст. Онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳои сазоворро соҳиб гардидаанд. Инчунин, дар рушди илму соҳа ва баланд бардоштани сатҳи забономӯзию донишандӯзӣ мусоидат кардаанд.
Дар хусуси ӯ ва фаъолияти илмию омӯзгориаш ҳамкасбонаш изҳор медоранд, ки ба нозукиҳои асрори касбу соҳа хуб ошноӣ дорад. Пайваста меомӯзад ва аз усулҳои муфид истифода мекунад. Аз воситаҳои аёнӣ сари вақт ва хуб истифода мебарад.
- Дарсҳои устоди азизу мушфиқу ғамхори мо бисёр ҷолибу шавқовар мегузаранд. Ӯ аз оғоз саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, то меҳру муҳаббати ин фан, яъне забони русӣ нахуст дар дилҳо ҷой бигирад. Пас аз он, мо эҳсос мекунем, ки кор ё худ таълими фан барояш осон мешавад. Моҳияти ин фан ва дуруст донистани забонро хуб бозгӯ мекунад, - мегӯянд донишҷӯён, шогирдони ӯ.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Воқеан, дуруст аст, ки омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробар бо падару модар аст.  Мо масъулем, ки  барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳама тадбирҳои заруриро биандешем. Вазифаи мост, ки мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия бикунем, - мегӯяд Аҳмад Назаров.
Албатта, 46 сол омӯзгор будан ба тасаввур осон аст. Дар асл мушкил, бисёр мушкил мебошад. Вале ӯ дар ин муддат  хастагиро эҳсос накардааст. Чаро? Чунки меҳру муҳаббати касб ба ин монеъ мегардад.
Абдулқодири РАҲИМ,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 440

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед