logo

фарҳанг

КИНО. ЗАМИНАИ МУҲИМИ ПЕШРАФТ ГУЗОШТА ШУД

Кино ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имсолаи хеш бо зиёиёни мамлакат таъкид доштанд, ки синамогарони тоҷик бояд дар мавзӯъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва мушкилоти замони муосир филмҳои хуб ба навор гиранд. «Чунонки мебинем, аксари филмҳо ба завқи тамошобини имрӯза мувофиқ нестанд», - иброз доштанд дар ин вохӯрӣ Пешвои миллат.
Дар заминаи мулоқоти Сарвари давлат бо зиёиёни кишвар ва таваҷҷуҳи ӯ ба ин соҳаи муҳим суҳбате оростем бо Саъдулло Раҳимов, доктори илмҳои фалсафа, киношинос.
- Кинои тоҷик баъди соҳибистиқлолӣ аслан се марҳиларо паси сар намуд, ки ҳар кадоми он мушкилоти худро дошт. Биёед суханро аз ҳамин марҳилаҳо оғоз намоем.  Чуноне ки медонем, марҳилаи якум солҳои аввали соҳибистиқлолиро дар бар мегирад. Вазъи кино дар ин солҳо чӣ гуна буд?
- Ҳамин давра якчанд филмҳои миллии сатҳи олӣ аз ҷониби Бахтиёр Худойназаров «Падари маҳтобӣ», «Қош ба қош» ва Ҷамшед Усмонов «Фариштаи дасти рост» ба навор гирифта шуданд. Ногуфта намонад, ки «Тоҷикфилм» дар ҳамин солҳо аз уҳдаи истеҳсоли филмҳои сатҳи олӣ баромада тавонист, яъне филмҳо кам бошанд ҳам, хуб буданд.

- Марҳилаи дуюм солҳои баъдиҷангӣ ба шумор меравад. Дар ин давра, аз набудани бозори дохилӣ филмҳои тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ ба тамошобинони ватанӣ сари вақт пешниҳод карда нашуданд. Сабаб дар чӣ буд?
- Миникинотеатрҳо аз ҷониби ҷавонон ташкил шуданд, ки тавассути видео ба муштариён филм намоиш медоданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди кино» ба тасвиб расид. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар кас метавонад ба истеҳсоли филм даст занад. Соҳа аз монополияи ягонаи киностудияи «Тоҷикфилм» баромад. Дӯстдорони санъат аз фурсати муносиб истифода бурда, ба таъсиси студияҳои хусусӣ даст заданд. Ҳар нафаре, ки идея ва хостаҳои худро дошт, бо камераҳои дастӣ ба истеҳсоли кино даст мезад.
Студияҳои нави «Синамо», «Танин», «Мерос», «Таманно», «Насиҳат», «Аҳмади Садр», «Истиқлол», «Чеҳра», «Ҳамсадо», «Нурангез» созмон ёфтанд. Филмсозони ҷавон М. Исмоилов, А. Зокиров, Ш. Арабова,  Р. Шоазимов, Д. Султонов, Н. Абдуҷалилов филмҳои шавқовару ҷолиб таҳия намуданд. Якчанд филми касбие, ки аз ҷониби кинематографистон истеҳсол шуд, ба монанди «Қиёми рӯз» ва «Муаллим» - и Носир Саидов, дар синамобазмҳои байналмилалӣ соҳиби шоҳҷоиза шуданд. Аз ҷониби синамогарон ва Иттифоқи кинематографистон пешниҳод шуд, ки соҳаи кино сохтори алоҳида шавад.

- Аммо, он замон барои ташкил намудани сохтори алоҳида мувофиқ набуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат моҳи майи соли 2015 Шӯрои ҳукуматӣ доир ба рушди кинематография барои ду сол таъсис дода шуд. Ба андешаи Шумо шӯрои мазкур дар рушди кино чӣ нақше гузошт?
- Барои амалӣ намудани ин барномаҳо киностудияи «Тоҷикфилм» якчанд ҷавони лаёқатмандро барои омӯзиш ба хориҷа фиристод, то омада ба истеҳсоли кинои касбӣ пардозанд. Аз ҷумла, Р. Шоазимов дар Русия, Ш. Арабова дар Ҳиндустон таълим гирифтанд.  Онҳо ба Тоҷикистон омада дар киностудияи «Тоҷикфилм» машғули коранд. Ҳастанд ҷавонони фарҳангдӯсте, ки тамоми қувваи худро барои истеҳсоли кинои миллӣ сарф мекунанд ба монанди Т. Муқимов, Н. Пирматов, М. Ҷӯраев. Имрӯз ҷавонони фаъоли соҳаи синамо, ки алҳол кам нестанд, метавонанд дар ин амали хайру шоиста минбаъд низ ҳиссаи худро гузошта, ба хотири густаришу тавсеаи бештари тафаккури ҷомеа ҷидду ҷаҳд намоянд. Онҳо ҳамчун неруи пешқадам дар раванди таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ободиву пешрафти кишвар талоши худро дареғ надоранд. Онҳоро метавон ба ин кори хайр роҳнамоӣ намуд, то ин ки навигарие, ки дар соҳаи кино ҳаст, ба роҳ монанд. Аз ин сабаб, Роҳбари давлат соли ҷориро Соли ҷавонон эълон намуданд, то барои дастгирии эҷодгарони ҷавон кӯшиш намоем.
Албатта, соҳаи кино бояд хеле пештар  аз соҳаи телевизион ҷудо мешуд, аммо он замон барои татбиқи барномаи рушди кинои миллӣ мувофиқ набуд. Зеро ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам аз ҷиҳати кадрӣ имконият набуд. Имрӯз, ки вақту замонаш омад, аз ҷониби Сарвари давлат он дастгирӣ ёфт. Ин амал метавонад барои рушди кинои касбӣ заминаи муҳиме гардад. Кинои тоҷик метавонад боз оламшумул шавад. Барои дастёбӣ ба ин мақсад бояд роҳҳои сармоягузориро пайдо намуд. Зеро кино индустрияе мебошад, ки маблағҳои калонро гирди худ мечархонад. Он дар оянда метавонад боиси рушди кишвар низ гардад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 425

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед