logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. ҶАВОНОН ЭҲЁГАРИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб  аз гузаштагони тамаддунофари худ дар баробари маърифати баланди инсонӣ ҳунарҳои зиёди мардумиеро низ ба мерос гирифтаанд, ки то имрӯз чун омили асосии ифтихору шуҳратмандӣ ба онҳо арҷ мегузоранд.
Бахусус тӯли  солҳои соҳибистиқлолӣ дар радифи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар дар ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азиз ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зиёде рӯи даст гирифта шуданд, ки имрӯз самари чашмрас доранд. Даҳҳо ҳунармандони маъруф аз худ дарак додаву садҳо ҷавонони соҳибистеъдодро бо мақсади омӯзишу тавсеаи ҳунармандӣ гирди худ ҷамъ овардаанд, ки аз маҳсули дастонашон имрӯз зиндагиву рӯзгори шоиста доранд.
Яке аз чунин устодони ҳунар Савронбӣ Ҳасанова мебошад, ки ҷавондухтарони маҳаллиро чун чеварони чирадаст тарбия намудаву соҳибэҳтиром сохтаанд. Шарофати бонувони ҳунарофаринаш аст, ки имрӯз шаҳри Кӯлоб ҳамчун маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нуфузу мартабаи бештар касб намудааст. Бахусус шуҳрати болину рӯйҷо, чодиру куртаю тоқӣ ва чакану гулдӯзиҳои кӯлобӣ дар қатори ҳаводорони бешуморашон дар дохили кишвар дили сайёҳони зиёди хориҷиро низ тасхир кардаву муҳаббати ин сарзамини бостониро дар замирашон ба маротиб афзудааст.
Оҳангарӣ низ, ки хоси мардони қавипайкару ковасиришт аст, имрӯз рӯ ба эҳёшавӣ дорад. Қомат афрохтану фаъол шудани дуконҳои оҳангарӣ дар бозорҳои минтақаи Кӯлоб бар он далолат мекунад, ки пирони кор меҳри ин касби бобогиро низ дар дили насли имрӯз ҷо карда тавонистаанд. Чун аксар мардуми ин минтақа кӯҳистонианд, талабот ба маҳсули дасти оҳангарон ҳамеша дар афзоиш аст. Гузашта аз ин, бино ба андешаи шоҳидони ҳол асбобҳои рӯзгоре, ки устоҳои кордони маҳаллӣ омода месозанд, дар қиёс бо маҳсулоти воридшаванда хеле босифату пурбардоштанд. Муҳимтар аз ин, тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор дар маҳалҳо мусоидат менамояд, ки фоли нек аст.
Гаҳворасозӣ аз ҳунарҳои авлодии мардуми Кӯлоб маҳсуб меёбад. Ба гуфтаи ҳунарманди чирадаст Амирҳамза Шарифов: «Ҳар оилае, ки дар ин макон ба гаҳворасозӣ машғул аст, ҳунарашон авлодӣ буда, аз бобову бобокалонашон мерос мондааст».
Воқеан, эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад. Бахусус маҳсули дасти аҳли ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва мардуми мо бошад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 468

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед