logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ЯК ИҚДОМИ ТОЗА

Дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Соли ҷавонон иқдомҳои тоза ба тоза роҳандозӣ мешаванд, рӯйдодҳои фараҳфизо, иқдому ташаббусҳои шоиста, намоиши ҳунару истеъдод ва корномаҳои ҷавонону наврасон фазои пойтахти Тоҷикистони биҳиштосои моро рангину  гуворотар месозанд. Инак, дар доираи пурмуҳтаво, зебо ва шоиста гузарондани  тадбирҳо оид ба Соли ҷавонон иқдоми нав – «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» оғоз гардид.
Дар бораи баргузор намудани «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» дар доираи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид. Ҳадаф аз ин чорабинӣ, тавре Абдулмаҷид Ҳакимзода, сардори раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, баён дошт, боло бурдани сатҳи фарҳанги муосири техникӣ, тарғибу ташвиқи маданияти  истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаи ҷаҳонии интернет, дарёфти роҳу воситаҳои пурсамари ҷорӣ намудани техникаю технологияҳои инноватсионии муосир дар раванди таълим, дарёфту дастгирии ихтироъкорону навоварони  наврасу ҷавон ва такмил додани донишу маҳорати онҳо мебошад. Тибқи ҳамин қарор, инчунин, нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр доир ба баргузории «Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» тасдиқ гардид. Тибқи нақша, дар доираи иқдоми нав баргузории вохӯрию маҳфил, озмунҳои гуногун, мусобиқаҳои зеҳнӣ ва тадбирҳои дигари маърифатию фарҳангӣ  тарҳрезӣ шудааст.
«Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» 15 майи соли равон дар толори  муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» расман ифтитоҳ ёфта, то 22 май давом мекунад.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 302

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед