logo

иҷтимоиёт

ҶОННИСОРИ ВАТАН

Мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби коршиносони байналмилал омӯзанда эътироф гардидааст. Бо фазилату дурандешии ин давлатдори фаррухпай тавонистем, ки аз неъмати пурбаҳои истиқлол истиқбол намоем. 

Зинда гардондани ному пайкори фарзандони бонангу номуси миллат яке аз иқдоми шоистаи Пешвои миллат аст. Нусратулло Махсум ҳамрадифи арбобони давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта барои муайян намудани шахсияти миллии тоҷикон ва тақсимоти одилонаи ҳуқуқӣ боҷасорат мубориза бурдааст.
Роҳбарии сиёсии Нусратулло Махсум дар пешбурди фаъолияти Кумитаи инқилобӣ (1924), Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) - и ҶМШС Тоҷикистон равшан зуҳур меёбад. Туфайли мубориза ва дурандешии ӯ Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон аз ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ҷудо гардид. Ҳамакнун, округи Хуҷанд тобеи ҷумҳурии мо шуд. Тоҷикистон ҳафтумин ҷумҳурие буд, ки ба ҳалқаи Иттиҳоди Шӯравӣ мепайваст. Ин санаи фаромӯшнопазир ба 16-уми октябри соли 1929 рост меояд. Ҳизбиён якдилона Нусратулло Махсумро Раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб карданд.  
Ӯ бо низоми густурдаи давлатдорӣ паи беҳдошти иҷтимоъ, пешрафти фарҳанг, бунёди роҳҳо, созмон додани курсҳову макотиби гуногуни касбомӯзӣ, озодии занон ва ҳуввияти миллӣ талош меварзид. Ба муҳоҷирони ба Ватан баргашта шароити кору зиндагӣ фароҳам оварда, ба кишоварзон дар ҷои нав замин медод ва талаб менамуд, ки кишту корро пурсамар ба роҳ монанд.
Нусратулло Махсум ба нафъи халқи заҳматкаш хидмати арзандаву ифтихормандро пиёда намудааст. Вай ҳамнафаси мардуми осудаҳол зиста, зидди дар сохтмони шӯравӣ ва ҳайати ҳукумат роҳ ёфтани босмачиёну қӯрбошиҳои пешина буд. Тарафдори хоҷагидороне буд, ки дар замини худ тавассути меҳнати софдилона зиндагии серу пур фароҳам оварда, аз камбағалӣ ва чоряккорӣ халос ва масъулиятшиносу мустақил мешаванд. Вале боз афроде буданд, ки зӯран кооператсия кардани хоҷагиҳои миёнаҳолу камбағалро ҳадафи асосӣ қарор дода, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонданд. 
Ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Нусратулло Махсум барои тозагии сафҳои ҳизб муборизаи беамон мебурд. Бархӯрди ҷасуронааш нисбати поймолгарони қонун, аз тариқи раъйпурсӣ сари кор овардани вакилони мардум аз шумори табақаҳои гуногун, аз иқдоми пешгирифтаи Нусратулло Махсум буд. «Дар мо,- мегуфт ӯ,- афсӯс ҳамин хел коркунони маҳаллӣ ҳастанд, ки корашон аз маош гирифтан иборат аст, на ин ки ба аҳолӣ ёрӣ расондан…»
Тӯли давлатдории кӯтоҳ Нусратулло Махсум намунаи олии сиёсатмадорони раъиятпарвар, одилтабиат ва некройро нишон додааст. Дар он айёми душвору сарнавиштсоз тӯфонҳои таҳмилии  ҷудоиандозонро бо тафаҳҳус ва фитрати азалӣ фурӯ нишонда, батадриҷ давлати миллӣ месохт. Ин дар замоне буд, ки мардум аз тарси ҷон рӯшод суҳбат карда наметавонист. Вале ӯ аз хурдтарин васила ба нафъи миллату Меҳан истифода намуда, пешорӯи нотавонбинҳо мегуфт: «Тоҷикон таърихи қадима доранд. Ба ҳеҷ далел наметавон онро аз харитаи ҷаҳон хат зад. Мо давлати мустақили тоҷиконро месозем!»
Умдатарин масъалае, ки Нусратулло Махсум ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардааст, ҳифозати забони модарӣ буд. Роҳбари дурандеш на ин ки забони коргузории давлатдориро дар соҳоти илм, маориф, ҳуҷҷатнигорӣ ва муоширати миёни одамон тоҷикӣ дидан мехост, балки татбиқи аввалиндараҷаи онро шиор бардошта буд. Нақши забони модариро дар пешбурди ҷомеа, боло бурдани маърифатнокии омма, муҳимтар аз ин, бақои давлат ва рушди миллат маҳаки асосӣ меҳисобид. Бо самимият таъкид мекард, ки мо бояд мисли миллати номдор, яъне аз табори Сомониён, бо кори некамон ифтихор дошта бошем. Он ҳангом душманони дохилӣ аз куштору таҷовуз даст накашида, ба озодандешон тамғаи «душмангароӣ» мезаданд. 
Бар асари носозгории замона ҳимоятгари  ормонҳои миллии тоҷикон Нусратулло Махсум ба гирдоби  туҳматгароӣ ва ноадолатиҳо афтод. Солҳо мегузаранд, корномаи ибратангези Нусратулло Махсум аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд. Зеро, ин сарсупурдаи миллат дар замони ноороми ошӯбҳои сиёсӣ ҷони худро дар моварои нангу номус нисор кардааст.             
Сипеҳри Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 302

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед