logo

сиёсат

РАШТ. АЗ МАҲАЛИ ҶАНГЗАДА ТО МАКОНИ ТАНТАНАҲОИ БУЗУРГ

Омодагӣ ба таҷлили 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат бомаром ҷараён дорад. Мардуми сулҳофару заҳматкаши  кишвар дастҷамъона талош доранд, ки ин санаи тақдирсози баҳамоӣ ва басо муҳими таърихиро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ таҷлил намоянд. Дар ин радиф сокинони ноҳияи Рашт низ баҳри рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва боз ҳам ободу зебо гардондани як гӯшаи кишвар талош меварзанд.
Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» андешаҳояшро дар ин хусус чунин иброз кард:
- Ваҳдати миллӣ бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати сарбаланди тоҷик гардид. Пешвои муаззами мо ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омаданашон таъкид намуда буданд, ки танҳо бозуи устувори ваҳдатофар метавонад ҷомеаи моро аз вартаи ҷангу хунрезиҳо наҷот бахшад. Таърих гувоҳ аст, ки на ҳамаи кишварҳои ба вартаи низоъ афтода, ки сокинонашон муҳоҷири иҷборӣ шуда буданд, пас аз барқароршавии сулҳу субот барои баргардондани онҳо тадбир андешида бошанд. Аммо ӯ то бозгашти охирин гурезаҳо худро орому осуда ҳис карда натавонист.
Водии Рашт дар он давра яке аз маҳалҳои ҷангзада ба шумор мерафт. Насими сулҳ оҳиста - оҳиста дар ин минтақа вазидан гирифт, аммо  созишномае, ки аз тарафи гурӯҳҳои даргир моҳи сентябри соли 1996 дар шаҳраки Ғарм ба имзо расид, оташи низоъро то замони музокирот хомӯш карда натавонист. Хушбахтона, бо саъю талошҳои Сарвари давлат 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон  ба имзо расид. Ин рӯйдоди муҳим ба рӯйи халқи тоҷик дарвозаҳои марҳалаи нави зиндагиро боз кард, ки онро метавон давраи созандагию бунёдкорӣ ва шукуфоии Тоҷикистон номид. Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллати моро давлатҳои мутамаддини ҷаҳон эътироф намуда, дар бартарафсозии муноқишаҳои дохилии кишварҳояшон аз он истифода мебаранд.
Расидан ба чунин мақсаду маром буд, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи мо низ рушду такомул ёфт. Баъди расидан ба ваҳдати миллӣ дар ноҳия беш аз 350 иншооти муҳими хоҷагии халқ бо дастгирии бевоситаи Президенти муҳтарамамон сохта ба истифода дода шудааст.  Барномаи  рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012 - 2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, самтҳои асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳияро муайян намуда, барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии хоҷагии халқи ноҳия ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронда шудааст. Дар асоси ин барнома аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор аз 73 иншооти банақшагирифташуда 64 – тои он мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, дар 9 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Танҳо дар ду соли охир аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 21 иншоот оғоз гардида, ба маблағи 6 миллиону 745 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудаанд.
Бунёди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва маҷмааи варзишии он, коллеҷи тиббӣ, таъмиру барқарорсозии шоҳроҳи Душанбе – Рашт - Ҷиргатол, бинои чорошёнаи маъмурӣ, варзишгоҳи марказӣ, биноҳои прокуратура, нозироти андоз, суғурта, Тоҷикстандарт, таъмиру барқарорсозии қасри фарҳанги ноҳия, пули мошингузари байни деҳаҳои Барот Шарифзода ва Ҳиҷборак, ки орзуи садсолаи мардуми ин деҳот буд ва садҳо иншооти дигар аз дастовардҳои навини мардуми ноҳияанд. Сатҳи зиндагии сокинони заҳматпешаи ноҳия рӯз то рӯз беҳтар мегардад.
Шуғли асосии мардуми  ноҳия боғдорию зироаткорӣ ва чорводорӣ мебошад. Бо барқарории сулҳу субот дар ҳама соҳаҳои хоҷагидорӣ пешравиҳо авҷ гирифтанд. Тибқи маълумоти оморӣ, майдони кишти картошка соли 2000 - ум дар ноҳия ҳамагӣ 92 гектарро ташкил медод. Соли 2017 ин нишондод ба 1000 гектар расидааст.
Саноат ва соҳибкории хурду миёна низ дар айни ривоҷ аст. Истихроҷи ангишти конҳои «Назарайлоқ» ва «Камаров» ба беш аз 60 ҳазор тонна расидааст. Аз ин ангишти хушсифат на танҳо мардуми ноҳия, балки мардуми дигар манотиқ ва корхонаҳои саноатии кишвар истифода мебаранд.
Сулҳу суботе, ки дар натиҷаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад. Сокинони заҳматкаши ноҳияи Рашт бо сипосгузорӣ аз оромию амонии кишвар ва Роҳбари ғамхори давлат аз як гиребон сар бароварда, баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дастҷамъона талош меварзанд.
 Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 477

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед