logo

иқтисод

ҚАРЗИ МАОШ ДАР СУҒД. КӢ МАСЪУЛИЯТРО БАР ДӮШ МЕГИРАД?

Бинобар иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз дар шаҳру навоҳии Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод музди меҳнати кормандони буҷетӣ сари вақт пардохт намешавад.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, аз кормандони нозироти андози ин шаҳру ноҳияҳо талаб кард, ки фаъолияти кории худро аз рӯи талаботи рӯз ба роҳ монда, ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва ба ин васила таъмини вазъи муътадили иҷтимоӣ талош намоянд. То оғози моҳи апрел қарзи музди меҳнати кормандони буҷетии шаҳри Исфара 3,4 миллион, Ҷаббор Расулов 2,4 миллион ва Зафаробод зиёда аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, масъалаи пардохти музди меҳнат дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят беҳбудӣ мехоҳад. Бино ба иттилои расмии раёсати Хадамоти назорати  давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, то 1 апрели соли равон қарзи музди меҳнати корфармоён дар назди кормандон ба 10 миллиону 262,9  ҳазор сомонӣ расидааст, ки боиси ташвиш аст.
Бинобар напардохтани музди меҳнат дар корхонаҳои ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон», ҶСК «Комбинати фулузоти нодир», КВД «Идораи консозии Адрасмон» ва Иттифоқи касабаи ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон»-и шаҳри Гулистон қарзи маош дар назди кормандон ба зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ расидааст, ки миёни шаҳру навоҳии дигари вилоят ҳолати ташвишовар  маҳсуб меёбад. Вале роҳбарону масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаю корхонаҳои шаҳри Гулистон бо сабабҳои номаълум ҷиҳати ҳалли мушкилот тадбирҳои мушаххасу муассир роҳандозӣ накардаанд.
Мусаллам аст, ки аксари навоҳии вилояти Суғд обёрии зироатҳоро тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ба роҳ мемонанд, яъне фаъолияти муътадили идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳӣ кафолати обёрии саривақтӣ дар тамоми фасли сол аст. Аммо мушоҳидаҳо аз он бозгӯйӣ доранд, ки вазъи пардохти маош дар аксари ин идораҳо ташвишовар аст. Масалан, қарзи музди меҳнат фақат дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷаббор Расулов 1 миллиону 121 ҳазору 231 сомониро ташкил медиҳад.
Вазъи пардохти музди меҳнат дар идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳии Зафаробод, Мастчоҳ, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт низ беҳбудӣ мехоҳад. Дар ин ҳол кӣ кафолат дода метавонад, ки  хоҷагиҳои деҳқонӣ сари вақт дар мавсими имсола бо об таъмин мешаванд?
  Қонунгузории ҷории кишвар корфарморо муваззаф месозад, ки, сарфи назар аз вазъи молиявӣ, ба корманд барои кори иҷро кардааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд. Акси ҳол поймолсозии ҳуқуқи корманд маҳсуб ёфта, мутобиқи қонун барои он муҷозот муқаррар шудааст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2017    №: 100    Мутолиа карданд: 439

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед