logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МАЛИКОНА ВА ҲОКИМОНА
Унсурулмаолии Кайковус дар асари машҳураш «Қобуснома» аз Нӯшервони Одил, малики мулукул – аҷам, ёд меорад ва зикр мекунад, ки кор бастани суханҳои он подшоҳ моро воҷибтар аст, чун аз тухмаи он маликем. Дар зимни насиҳат ба фарзанд мегӯяд: чунин хондаам аз ахбори халифаҳои гузашта, ки Маъмуни халифа (рҳ) ба турбати Нӯшервони Одил шуд. Аъзоҳои ӯро бар тахте пӯсида ёфт ва хокшуда. Бар болои тахти вай бар девори дахма хате чанд ба зар навишта буд, ба хати паҳлавӣ. Бифармуд, то дабирони паҳлавиро ҳозир карданд ва он навиштаҳоро хонданду ба забони арабӣ (тозӣ) тарҷума карданд.
Пас аз арабӣ он дар Аҷам маъруф шуд.
Нӯшервон гуфта буд, ки то зинда будам, ҳамаи бандагони Худои таъоло аз адли ман баҳравар буданд. Ва ҳаргиз ҳеҷ кас ба хидмат пеши ман наёмад, ки аз раҳмати ман баҳра наёфт. Акнун чун оҷизӣ омад, ҳеҷ чора надонистам ҷуз ин, ки ин суханҳо бар ин девор навиштам. То агар вақте ба зиёрати ман касе биёяд, ин лафзҳо бихонад ва бидонад, ӯ низ аз ман маҳрум намонда бошад. Ин суханҳо ва пандҳои ман поймузди он кас бошад.
Ин суханҳо ва пандҳо аз он ҷумла аст:
- Чаро нахонӣ касеро душман, ки ҷавонмардии хеш дар озори мардумон донад?
Бо мардуми беҳунар дӯстӣ макун, ки мардуми беҳунар на дӯстиро шояд ва на душманиро.
Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шуморад.
Аз гуруснагӣ бимурдан беҳ аз он, ки ба нони фурӯмоягон сер шудан.
Ҳар касро, ки рӯзгор ӯро доно накунад, ҳеҷ доноро дар омӯзиши ӯ ранҷ набояд бурдан, ки ранҷи ӯ зоеъ бувад.
Агар хоҳӣ, ки беандоза андуҳгин набошӣ, ҳасуд мабош.
Агар хоҳӣ, ки бар қавли ту кор кунанд, бар қавли хеш кор кун.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


БАНКНОТАИ АЗ ҲАМА ЗЕБО
Коршиносон аз ҳама банкнотаи (пули коғазӣ)  зеборо муайян карданд.
50 франки швейтсарӣ беҳтарин банкнота дар соли 2016 дониста шуд. Тавре Иттиҳодияи байналмилалии пулӣ (IBNS) иттилоъ додааст, коршиносон ғолибро тавассути овоздиҳӣ интихоб карданд. Ҳангоми интихоб диққати асосӣ ба наққошӣ, мизон ва таркиботи пул, ҳамчунин, ҳифз аз қаллобӣ зоҳир карда шуд. 
Ба иттилои IBNS соли гузашта дар ҷаҳон 120 банкнота ва купюраи нав бо тағйироти ба таври қатъии ороишӣ бароварда шудаанд. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


БОЗГАШТИ ҲАМЁН ПАС АЗ 30 СОЛ
Солҳои 80-уми қарни гузашта фермер Дерек Гэмбл ҳамёни  хешро гум кард. Ӯ ҳатто маҳали воқеаи рухдодаро намедонист. Аз он замон 30 сол гузашт. Қаторае, ки Дерек мусофири он буд, чанд сол қабл мавриди таъмир қарор гирифт. Дар рафти ҳамин таъмир зери нишастгоҳи яке аз вагонҳо ҳамён пайдо гардид. Дар он пул ва ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд. Яке аз кормандони қатора тасмим гирифт, ки соҳиби ҳамёнро ёфта, онро баргардонад.
Дар дохили ҳамён пули номиналии  як фунта, чанд то танга, билети  қатора ва ҳуҷҷате, ки дар он насабу нишонии Дерек Гэмбл, ки он замон дар шаҳри Регби зиндагӣ мекард,  мавҷуд буд. Майкл Мэсси, корманди мазкур, хост детектив шавад ва Дерекро биёбад. Ӯ ба зудӣ писари Дерекро пайдо кард ва бо телефон бо ӯ дар тамос шуд. Писар тасдиқ намуд, ки ин моли шахсии падари ӯст.
«Ба ман басо гуворост, ки пас аз сӣ сол ҳамёнам ёфт шуд. Ҳамён маро ба ёди солҳое мебарад, ки ҷавон будам ва бо хонаводаам зиндагии осуда доштем», - гуфт Дерек.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


ТОМАС ҶЕФФЕРСОН. ҲАМ ПРЕЗИДЕНТ, ҲАМ ИХТИРОЪКОР
  Курсии даврзанандаро, ки асоси он танҳо ба як пояи металлии марказӣ насб шудааст, курсиҳои «компютерӣ» ё ин ки «идоравӣ» меноманд.
Кам нафароне медонанд, ки курсии даврзанандаи компютериро Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Томас Ҷефферсон ихтироъ кардааст. Ин навоварӣ дар асри 18 рух дод. Ҷефферсон барои худ курсии виндзорӣ харид, вале қарор дод, ки онро коркард (бозсозӣ) намояд. Томас курсии харидаашро ҳамин тавре бозсозӣ кард, ки он ба курсии як поя ва чор ғилдиракҳои хурд дошта табдил ёфт, аз ҷойи нишасти худ ҳаракат карда метавонист.
Тахмин меравад, ки маҳз дар ҳамин курсӣ Ҷефферсон Декларатсияи Истиқлолияти давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро навиштааст. Дертар Томас ин курсиро ба Вирҷиния, ки дар он ҷо  киштзор дошт, оварда, онро боз ҳам мукаммалтар гардонд.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


КӮЛИ ШИРИНОБ
Байкал, кӯли шириноб, дар ҷануби Сибири Шарқӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Бурятия ва вилояти Иркутски Федератсияи Русия воқеъ аст.
Байкал кӯли чуқуртарини дунёст. Чуқурии миёнааш 730 метр, ҷойи аз ҳама чуқураш 1620 метр. Ба Байкал 336 дарёву дарёчаҳо мерезанд, калонтарини онҳо: Селенга, Баргузин, Ангараи Боло, Турка, Снежная.
Аз Байкал танҳо дарёи Ангара (Ангараи Пойин) ҷорӣ шуда, ба дарёи Енисей мерезад. Кӯл дар пастхамии чуқурии тектоникӣ ҷой гирифта, онро қаторкӯҳҳо иҳота кардаанд. Дар Байкал 27 ҷазира ҳаст, калонтаринашон: Олхон ва Ушканийи Калон.
Аз 50 намуди моҳӣ дар Байкал асосан омул ва хариусро шикор мекунанд.
Умари ШЕРХОН


РАССОМИ ЗИРАК
Подшоҳе рассомеро фармон медиҳад, ки расми ӯро калон кашад. Рассом аз ин фармони шоҳ сахт метарсад, зеро намедонист ӯро чӣ тавр тасвир кунад. Гап сари он меравад, ки подшоҳ як чашм дошт. Ва ҳам рассом шунида буд, ки ӯ чанд рассомро барои расми кашидаашон сар буридааст.
Ниҳоят вақт ба поён расид. Рассомро ёфта ба дарбор оварданд. Чун расми кашидаашро кушода диданд, ҳама дар ҳайрат афтоданд ва ҳам ба доноиву кордонии рассом аҳсан гуфтанд.
Рассом шоҳро ҳангоми шикор: болои аспи сафед, дар даст камон ва ҳини сайдро нишон гирифтан тасвир карда буд.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
Оғози Бозиҳои олимпӣ
Сароғоз ба барномаи Бозиҳои олимпӣ як намуди варзиш – давидан дар як марҳила дохил буд. Баъдан он тавсиа ёфт: сабқатҳои давидан дар ду ва 24 марҳила, давидан бо силоҳ, панҷҳарба - пентатлон (давидан, ҷаҳидан, диск ва найзапартоӣ, гӯштӣ) гӯштигирӣ, муҳорибаи муштзанӣ, пойга бо ароба шомил гардиданд. Аз соли 632 то милод ба бозиҳо зӯрозмоии кӯдакон ҳамроҳ шуд.
Гарчанде барномаи Бозиҳои олимпӣ васеъ гардида бошад ҳам, давидан дар як марҳила муътабартар шумурда мешуд. Ба ғолиби он дар стадиодром ҳаққи фурӯзон намудани оташ дар қурбонгоҳи Зевсро медоданд ва ӯ қаҳрамони асосии бозиҳо дониста мешуд.
Ҷоизаи асосии Бозиҳои олимпӣ шохчаи дарахти зайтун ба шумор мерафт. Онро аз дарахти куҳна, ки гӯё Геракл шинонда бошад, бо корди тиллоии маросимӣ мебуриданд. Номи варзишгар дар тахтасанги мармарин ҳакокӣ мегардид ва ҳайкали маъруфтарин варзишгарон  гузошта мешуд. Ин як навъ ҳавасмандии рӯҳӣ ба ҳисоб мерафт ва сокинони шаҳр ба ғолиб туҳфаҳои қиматбаҳо ҳадия карда, ӯро аз андоз озод менамуданд ва барояш ҳаққи бепул ба театр даромаданро медоданд.
Баргашти ғолиб ба Ватан ба намоиши воқеан бошукӯҳ мубаддал мегардид ва тамоми мардум ӯро ботантана истиқбол мегирифтанд.
Барои абадӣ гардондани номи ғолибони Бозиҳои олимпӣ ва зӯрозмоиҳои дигар гимназияву маъбадҳо номгузорӣ мешуданд ва онҳоро намунаи олӣ дар тарбияи ҷавонон мепиндоштанд. Бархе қаҳрамонони бозиҳоро баробар бо худоҳо медонистанд. Аз ёддоштҳои маҳфузмонда маълум аст, ки варзишгар Феаген дар  1300 зӯрозмоиҳо пирӯзӣ ба даст овардааст. Леонид аз Родос дувоздаҳ маротиб дар давидан дар як ду марҳила чемпиони олимпӣ гардида, дар давидан бо силоҳ дар чор Олимпиада ғолиб омадааст.
Маъруфтарин варзишгари Юнони Қадим Милон Кротонский маҳсуб мегардад. Дар соли 540 то милод дар синни 14 - солагӣ дар Бозиҳои олимпӣ оид ба гӯштӣ унвони чемпиониро сарфароз гашта, баъдан ба ӯ  шаш маротибаи дигар шохчаи олимпӣ тақдим шудааст. Ғайр аз ин, Милон борҳо дар бозиҳои Пифийск, Истмийск ва Немийск ғолиб омадааст.
Дар бораи тавоноии ҷисмонии беҳамто ва чусту чолокии ӯ ривояту қиссаҳо мавҷуданд. Беҳуда таърихнигорон дар бораи шахсияти воқеии таърихӣ будани Милон Кротонский ва ё он персонажи  мифӣ аст, муддати тӯлонӣ баҳс накардаанд. Аммо сарчашмаҳои зиёд мавҷудияти воқеии ӯро тасдиқ мекунанд. Аҷиб ин аст, ки Милон дар мактаби Пифагор мехонд ва он ҷо на танҳо омодагии ҷисмонӣ, балки маълумоти умумиро гирифтааст. Ба ин хотир, ӯ дар ҳаёти сиёсии обшинаи худ нақши калон бозидааст. Ҳангоми ҷанг бо Сибарис Милонро сарлашкар интихоб намуда буданд. Ӯ на танҳо ба ҷанговарон фармондеҳӣ мекард, балки бино ба тасдиқи таърихнигорони давр қисми ҳарбиро низ мукаммал иваз кардааст.
Ҳамин тавр Милон Кротонский идеали инкишофи мутаносиби шахсияти инсон дар Юнони Қадим маҳсуб мегардид. Ва чун ҳамагуна идеал ба номи ӯ ривояту қиссаҳо пайдо мешуданд. Таърихнигор ва ҷуғрофишинос Страбон менависад, ки Милон ҳангоми машғулият дар мактаби Пифагор тасодуфан сутуни хонаро чапа кард. Ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷиа худ ба ҷойи сутун истод ва то даме, ки ҳама аз он берун наомаданд, хонаро аз фурӯ рафтан нигоҳ дошт.
Ҳақиқати ин далел шубҳаовар аст, аммо ин ва дигар қиссаҳо баёнгари чӣ гуна маҳбубияту эҳтиром доштани варзишгарон дар Юнони Қадим мебошад.
(Идома дорад)
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ЗЕБОТАРИН ШАҲР ДАР ЗЕРИ ЗАМИН
Соли 1969 ба хотири ба манзили зист таъмин кардани аҳолӣ сарвари вақти Чин  Мао Тзедун амр дод, ки барои ҳукумати сотсиалистӣ манзили муваққатӣ сохта шавад.  Бо сабаби танг будани замин ҳукуматдорон қарор доданд, ки шаҳри зеризаминӣ бунёд намоянд. Сохтмони ин шаҳри ғайриодӣ 10 сол тӯл кашида, дар натиҷа дар зери шаҳри Пекин шаҳри калоне бо масоҳати 30 километр чун шаҳрҳои муқаррарӣ иборат аз тарабхонаву мағозаҳо, театру мактабҳо ва дигар биноҳои маъмуриву маишӣ доман паҳн намуд.
Инчунин, бо мақсади муҳофизат аз таркиши бомбаю ҳамлаи душманон паноҳгоҳ сохта шуд. Байни мардум овозае паҳн шуд,  ки дар ҳар як хонаи шаҳри Пекин мӯрии пинҳоние мавҷуд аст, ки ба воситаи он дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандон метавонанд ба шаҳри зеризаминӣ паноҳ баранд.
Дар аввал ин шаҳр пинҳонӣ буд. Баъдан,  соли 2000 - ум шаҳр  ба таври расмӣ номи Пекин 2 – ро гирифта, хеле обод ва ба яке аз зеботарин шаҳрҳо табдил ёфт. Паноҳгоҳҳои ин ҷойро ба сифати меҳмонхона  мавриди истифода қарор доданд. Онҳо дарҳои худро ба рӯйи сайёҳон низ боз намудаанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


МОҲ 4,51 МИЛЛИАРД СОЛ УМР ДОРАД
Олимони Донишгоҳи Калифорния муайян карданд, ки пайдоиши моҳ ба 4,51 миллиард сол қабл рост меояд. Таҳлили намунаҳое, ки дар таркиби худ сиркон доранд, аз қишри болоии моҳ ҷамъоварӣ карда шуда, аз ҷониби кайҳоннавардони киштии ҳавоии "Аполлон-14"  дар соли 1971 оварда шудаанд. Он ба олимон кумак расонд, ки синну соли моҳро муайян созанд. Ҳамин тавр, онҳо ҳашт намуди минерали сирконро аз таҳлил гузаронданд.
Ба андешаи профессор Кевин Маккиган дар таркиби сиркон беҳтарин «соати табиӣ» мавҷуд аст, ки бо ёрии ин минерал метавон таърихи геологиро нигоҳ дошт ва пайдоиши онро ошкор кард. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки Моҳ пас аз 60 миллион соли тавлиди Системаи офтобӣ пайдо шудааст. Пештар қабул гардида буд, ки Моҳ пас аз 100 - 200 миллион соли пайдоиши Системаи офтобӣ тавлид шудааст.
Таҳияи Ҳасан ШОКИРЗОДА


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
1.  Дар  Арабистони Саудӣ  ягон дарё нест.
2.  Бештари писарон дар рӯз, духтарон дар шаб ба дунё омадаанд.
3.  Соли 1983 дар давлати Ватикан умуман ягон тифл ба дунё наомадааст.
4.  Ҳайвоне, ки худро дар оина нигоҳ карда мешиносад, ин маймуни  шимпанзе аст.

5.  Оксиди нитрогени 1 - валентаро гази хандон мегӯянд.
6.  Бозии футбол таърихи беш аз 2000 - сола дорад.
7.  Тезпарвозтарин паранда ин сапсап (як намуд шоҳин) мебошад.
8.  Канада маънои «деҳаи калон»- ро дорад.
9.  Суруди миллии дарозтарин аз Юнон аст.
10.   Кубаро ҷазираи озодӣ мегӯянд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМЗОДА


КӮЧАРӮБ – МИЛЛИОНЕР
Сарватмандон хислатҳои аҷиб доранд. Хонум Юй Южан – бонуи сарватманди чинӣ, бо дороӣ ва даромади пулии зиёди худ метавонад умуман дар ягон ҷой  кор накунад. Аммо, вай ҳар рӯз то баромадани офтоб тамоми кӯчаҳои Уханяро, ки дар ҳудуди он зиндагӣ мекунад, мерӯбад.
Сарват барои Юй Южан осону муфт ба даст наомадааст. Ӯ фирефтаи пулу боигарӣ ҳам нест. Бо кори вазнини ферма зану шавҳар аввал хонаи сеошёна сохтанд ва ҳуҷраҳои алоҳидаи онро ба иҷора доданд. Ин амал барои хонавода фоидаи хубе овард. Ин бор онҳо тасмим гирифтанд боз ду бинои дигар бунёд намоянд. Ҳоло онҳо соҳиби 17 бинои истиқоматӣ мебошанд, ки маблағи умумиашон 1,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Пул хосияти дигар кардани инсонҳоро дорад. Одамони доро мағруру мутакаббир мешаванд. Вале Юй Южан заррае тағйир наёфтааст.
Ӯ меҳнатро на чун воситаи даромад, балки ҳамчун хоксориву талқини меҳнатдӯстӣ ба одамон ихтиёр кардааст. «Ман барои рафъи танбалӣ ба ин кор даст задам, то фарзандонам аз ман ба унвони модар ибрат бигиранду меҳнатдӯст бошанд», - мегӯяд Юй.
Таҳияи Ш. АБРОР


ДАРОЗУМР
Шахси аз ҳама дарозумр дар ҷаҳон Сара Кларк Кносс буда, ӯ 24 сентябри соли 1880 дар шаҳри Ҳолливуди ИМА таввалуд  шудааст. Айни замон Кносс дар шаҳри Аллентаун зиндагӣ менамояд. Жанна Калман бошад, 21 феврали соли 1875 таваллуд ва 4 августи соли 1997 вафот кардааст. 
Марди дарозумртарин Сигёкийо Йдзумии ҷопонӣ буда, 120 солу 237 рӯз умр дидааст. Вай 29 июни соли 1865 таваллуд ва дар синни 60 - солагиаш дар барӯихатгирии аҳолӣ қайд гардидааст. Йдзуми то 105 - солагиаш кор мекард. Ӯ 21 феврали соли 1986 вафот  кардааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


МОҲИГИР ВА ТОБА
Боре моҳигирон дар кӯл марди аҷиберо диданд. Вай аз об яке паси дигар моҳӣ медошт, аммо на ҳамаашро хуш мекард. Дар дасти моҳигири ғароиб ҷадвале буд, ки бо он  ҳар моҳии доштаашро чен менамуд. Агар сайдаш аз 15 сантиметр дарозтар меомад, онро баргашта ба кӯл меандохт. Моҳигирон аз ин амали ҳампешаи худ ҳайрон шуда, пурсиданд, ки чаро моҳиҳои аз ҳама калону бомазаро гашта раҳо мекунад.
Мард оромона ҷавоб дод, ки андозаи тобааш ҳамагӣ 15 сантиметр асту моҳии калон дар он намеғунҷад.
Таҳияи Х. ҶОВИД


МУХЛИС
Дар кишвари дӯстдорони футбол марди 57- солае ҳаст бо номи Нелсон Павиотти, ки аз тамоми мухлисони кишвар фарқ мекунад. Тӯли 20 соли охир ӯ танҳо либоси бо рангҳои зард, кабуд, сабз ва сафеддоштаро, ки рамзи мунтахаби Бразилия оид ба футбол аст, ба бар мекунад. Ин беасос нест, сабаби мушаххас дорад. Ӯ соли 1994 ваъда дода буд, ки дар сурати барандаи Ҷоми ҷаҳон гардидани мунтахаби кишвараш либосҳои инъикоскунандаи рамзи дастаи миллиро мепӯшад. Ин ҳолат рух дод ва Нелсон дар пайи иҷрои ваъдаи додааш шуд.
Ҳар рӯз Нелсон бо пиджаки зард, пероҳани сабзи тира, шалвори зард ва кулоҳи кабуди рӯшан ба кор меравад. Ӯ танҳо бо пӯшидани либос маҳдуд нашудааст. Коғаздевориҳои утоқи кории Нелсон бо ранги зард, шкафу рафҳои он кабуду сафед, мизаш бошад, дорои ранги кабуд аст. Ҳамаи ҷиҳози утоқи корӣ – соат, курсиҳо, техника аз ин чор ранг иборатанд. Дар рафҳо ва рӯи мизҳо савғотиҳои гуногун бо рамзи футбол гузошта шудаанд.
Хонаи ӯ аз дохил ва берун бо ҳамин усул оро дода шудааст. Автомобилҳои тамғаи «Volswagen» - аш низ бо ҳамин рангҳо рангомезӣ ва бо динамикҳо муҷаҳҳаз гардидааст, ки вақте Нелсон ба кор меравад, аз онҳо бо тамоми қудрат Суруди миллии Бразилия садо медиҳад. Завҷаи Нелсон, муаллимаи бознишаста Мария – Антуанетта мегӯяд, ки бо мурури замон ба ҳамаи ин чизҳо одат кардааст. Бино ба гуфтаи ӯ 90 дарсади хӯрокиҳои дар рӯзи бозӣ истеъмолмекардаи Нелсон низ ранги сабз ва ё зардро доранд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2017    №: 101    Мутолиа карданд: 645

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед