logo

иқтисод

КОНИ ВИШХАРВ ФАЪОЛ ШУД

Тибқи маълумоти коршиносони соҳаи геология, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - аз Дарвоз сар карда то водиҳои Ванҷи Боло, Язгулом, Бартангу Шохдара, Ғунд ва Вахону паҳноҳои Помири шарқӣ  аз канданиҳои фоиданок,  маъданҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, пеш аз ҳама мармар, хеле бой аст.   Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар  ин минтақаи мамлакат на танҳо корҳои зиёди кашшофӣ  ба ҷо оварда шуданд, балки ба истеҳсол ва коркарди сангҳои қиматбаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳоло аз конҳои мармари сафеди мавзеи Лугади  ноҳияи Ванҷ  дар корхонаҳои  шаҳри Душанбе тахтасангҳои мармарин ва маводҳои зиёди сохтмонӣ, ки пештар аз хориҷи кишвар ворид карда мешуданд, истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин, тайи соли гузашта ва чор моҳи соли равон ҷиҳати омодагӣ ба истеҳсоли  санги мармари  ҷигариранги  баландсифат дар  мавзеъҳои Пои Мазор ва Змахсуми водии Ванҷи Боло  аз ҷониби мутахассисони тоҷик ва  Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои зиёд  ба ҷо оварда шуда, аллакай роҳи мошин ва  иншоотҳои ёрирасон бунёд гаштаанд.
Дар даромадгоҳи деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз низ чанд сол муқаддам кони калони мармари баландсифати қиматбаҳои сафеду кабудранг кашф гардида буд, аммо, азбаски ин мавзеи баландкӯҳ роҳи мошин  надошт, онро истифода намебурданд. Ба наздикӣ аз ҷониби  соҳибкорони  маҳаллӣ, то ин кон роҳи мошин сохта шуд. Акнун мармари кон барои коркард ба   коргоҳи коркарди сангҳои қиматбаҳои маҳаллаи Даштаки ноҳияи Дарвоз, ки ду сол муқаддам бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфта буд, инчунин,  ба  корхонаҳои шаҳри Душанбе барои истифодабарии саноатӣ интиқол дода мешавад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2017    №: 101    Мутолиа карданд: 624

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед