logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. МУАММОҲОИ ТЕРМИНАЛИ МУСОФИРКАШОНӢ

Ҳарчанд гилаю шикояти сокинони ноҳия, хусусан ронандагон, аз бенизомиҳои  роҳи мошингузари назди терминали мусофиркашонӣ то рафт зиёд мегардад, ҷиҳати рафъи ин мушкилӣ то ҳол аз ҷониби масъулон чораандешӣ нашудааст.
Аҳмад Ҷабборов, сокини шаҳраки Фархор, гуфт, ки аз масири  терминали мусофиркашонии маркази ноҳия гузаштан бисёр муҳол аст. Ронандаҳо бо овози баланд мусофиронро даъват намуда, баъзан ҳар ду қисмати роҳро  банд  менамоянд. Касе нест, ки танзими нақлиётро дар ин нуқта ба роҳ монда, ҷилави чунин қоидавайронкуниҳоро бигирад.
Ҳоло майдони васеи терминал қариб холист. Аксаран бо сабаби банд будани роҳ ронандагон маҷбур мешаванд ба самти муқобил ҳаракат кунанд. Ба аломати «Таваққуф манъ аст» аҳамият ҳам намедиҳанд. 
Ба гуфтаи Файзиддин Ҳомиддинов, директори терминали мусофиркашонии ҶДММ «Самартранс» - и ноҳия, ронандагони мазкур  бо корхонаи онҳо шартнома набастаанд ва ҳуқуқи дохили терминал даромаданро надоранд.
Ронандагон сабаби шартнома набастанашонро бо ин корхона ба одитарин талабот ҷавобгӯ набудани дохили терминал арзёбӣ намуданд.
Акмалҷон Самиев, сокини ноҳия, изҳор дошт, ки терминал аз соли 2008  инҷониб ба ҷуз аз рангу бори рӯякӣ таъмири ҷиддӣ нашудааст.
- Воқеан, мусофиркашонӣ дар шафати роҳи маҳаллаи  асосии шаҳрак ғайриқонунист. Аксарияти соҳибони воситаҳои нақлиётро ҳатто ду маротиба ҷарима бастем, аммо ба ин эътибор надода, фаъолияташонро идома медиҳанд, - изҳор дошт Ҷамолиддин Ятимов, иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кӯлоб.
Тавре  Файзиддин Ҳомиддинов гуфт, терминал бояд пурра навсозӣ мешуд. Аммо бо сабаби буҳрони иқтисодӣ нақшаи мазкур амалӣ нагардид. Роҳбари терминал илова намуд, ки  дар ояндаи наздик ният доранд терминалро аз таъмири ҷорӣ бароранд. 
Ба иттилои Ҷамолиддин Ятимов, зимни санҷишҳо ба роҳбарияти терминали мусофиркашонии Фархор барои ба талабот ҷавобгӯ набудани он огоҳинома ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дода шудааст.
Муҳлати иҷозатномаи фаъолияти терминали мусофиркашонии ноҳия ду моҳ боз тамом шудааст ва терминал ҳуқуқи фаъолият карданро надорад.
Ҳайронем, ки агар терминал иҷозатномаи фаъолият надорад, пас чӣ гуна аз ронандаҳо пул меситонад? Танзимгарон (албатта, бо супориши соҳибмулкони терминал) аз ҳудуди терминал берун баромада, аз соҳибони воситаҳои нақлиёт пули бе дарди миён мерӯёнанд. Тазод низ ҳамин аст, ки агар миёни ин ду тараф шартномаи ҳамкорӣ нест, пас ин маблағҳо дар кадом асос рӯёнда шудаву ба кадом киса мерезанд?! Ба ин ҳама бесарусомониҳо кӣ нуқта мегузорад? Хадамоти назорати давлатии танзим дар соҳаи нақлиёт ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор? Суолест, ки посух мехоҳад!
Раҳматулло КАРИМЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2017    №: 101    Мутолиа карданд: 573

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед