logo

сиёсат

20 СОЛ МУҚАДДАМ...

Бист сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд, ки боиси тағйирёбии сарнавишти давлати тоҷикон ва тақдири шаҳрвандони кишвари азизамон гардид. Ҳамин тавр, давлатдории миллии тоҷикон ҳифз шуд ва миллат аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Акнун шароити мусоиди ба зиндагии осоишта баргаштани сокинони кишвар ва  ба такмили сохтори давлатӣ машғул шудан,  ба миён омад.
Созишномаи  сулҳ дар ҳаёти миллату давлат гардиши куллие буд, ки дар  дили садҳо ҳазор ҳамватанони мо, ки иҷборан тарки Ватан карда буданд, шуълаи умедро фурӯзон гардонд. Дар бораи раванди сулҳи тоҷикон дар васоити ахбори омма бисёр маводи арзишманд ва ҷолиб чоп гардидаанд, аммо таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодири таърихию иҷтимоӣ ҳамчун илм ба таври мақсадноку системавӣ хеле кам ва сатҳӣ омӯхта шудааст. Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки мо, тоҷикон,  таҷрибаи сулҳи худро ҳамчун як воситаи баромадан аз бунбастҳои иҷтимоӣ,  шаҳрвандӣ ва ҷамъиятӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа муаррифӣ намоем. Тавассути сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ташвиқ намудани таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи баланд бардоштани эътибори байналмилалии кишвари азизамон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва макони ҳамзистии ақидаҳои гуногун ва озодии инсону баён арзиши бузургеро дорост. 
Ба назари мо, дар шароити ҷаҳонишавӣ фаҳмиши ваҳдати миллӣ бояд ҳарчи бештар қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ақаллиятҳои миллии сокинони Тоҷикистонро низ фаро гирад. Дар ҷумҳурии мо ҷамъияти бисёрмиллатӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, мафҳуми  “ваҳдати миллӣ”  дар кишвари мо маънои васеътар дорад. Ҳар як сокини кишвар бояд аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш  ифтихор дошта бошад. Агар мо - сокинони Тоҷикистон моҳияти шаҳрвандиро чунин дарк намоем, он гоҳ ваҳдати миллии мо таҳким хоҳад ёфт. Ба васоити ахбори омма тавсия дода мешавад, ки аз мафҳумҳои умумиятбахше, ба монанди “шаҳрвандии Тоҷикистон”, “тоҷикистониён”, “сокинони Тоҷикистон”, “халқи Тоҷикистон”, “мардуми Тоҷикистон” бештар истифода намоянд.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мафҳуми “ваҳдати миллӣ” акнун на ҳамчун созиши ду ҷониб, балки ба маънои ҳамзистии тамоми намояндагони халқу миллатҳо, минтақаҳо, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар фаҳмида мешавад. Чунин арзишҳои миллӣ Ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявӣ, манфиатҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати ҳамагонӣ, рушду пешрафти кишвари азизамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, зиндагии сазовор ва некуаҳволии ҳар фарди солимфикр, озодандеш ва ватандӯст барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, новобаста аз миллат, маҳал, ақидаҳои сиёсӣ бояд арзишҳое бошанд, ки атрофи он тамоми тоҷикистониён муттаҳид шаванд, якдилу яктан бошанд.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2017    №: 101    Мутолиа карданд: 518

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед