logo

сиёсат

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШД ДАР ИТТИҲОДИ АВРУПО МУАРРИФӢ ШУД

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, бо мақсади ошноии бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масоили вобаста ба рушди кишвар, дар шаҳри Брюссел-пойтахти Белгия дар доираи конфронси Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Иттиҳоди Аврупо: расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор» муаррифӣ гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар маросими муаррифии стратегия, ки 18 май баргузор гашт, ҳайати баландпояи кишвар, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ширкат варзиданд. Дар ҳузури роҳбарону намояндагони воломақоми кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои дахлдори масоили рушд, масъулони Шӯрои Аврупо, Комиссияи Аврупо, Хадамоти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Парлумони Аврупо, сафирон, ҳамзамон ташкилотҳои таҳқиқотии мухталиф, созмонҳои байналмилалӣ, байниҳукуматӣ, ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма перомуни масоили афзалиятнок ва авлавиятдори рушди Тоҷикистон, самтҳои асосии стратегия ва роҳҳои татбиқи он мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Намояндаи Малта - кишвари дар Иттиҳоди Аврупо раисикунанда, директори генералии масоили глобалӣ, рушди байналмилалӣ ва умури иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии он Невил Акуллина ба зарурати ҳамгироии бештар дар мавзӯи конфронс-татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистонро ҳамчун намунаи хуби навъи нави ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, таъкиди кишвари раисикунандаро дар Аврупо ба ин санади муҳим ва ба кӯшишу талошҳо дар роҳи татбиқи он иброз дошт. Директори генералии масоили рушд дар Иттиҳоди Аврупо Стефано Мансервиси зарурати ба Тоҷикистон расондани кумаки зарурӣ ҷиҳати пиёдасозии Ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.
Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Аслов изҳор намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолтарин ширкаткунандагони равандҳои глобалӣ, алалхусус дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор буда, он бо ормонҳои милливу ҳадафҳои муҳимтарини кишвари мо дар роҳи рушд ҳамоҳанг мебошад».
Хотирнишон месозем, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва инчунин, дар заминаи ҳадафҳои нави рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии СММ дар шаҳри Ню-Йорк қабул гардид, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дигар вазорату идораҳо, олимон, намояндагони шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2017    №: 102    Мутолиа карданд: 630

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед