logo

сиёсат

ФУРӮҒИ ФАРДОАФРӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Тафаккури ваҳдатгароӣ ва маърифати инсон аз фалсафаи ҳамдиливу ҳамраъйӣ, рабт ба ягонагиву иттиҳод, пеш аз ҳама, ба рӯзгоре пайванд мегирад, ки ӯ Офаридгори ягонаи хешро шинохтаву ба вуҷуди бемислу воҳиди он эътиқод пайдо намудааст. Ҳақиқати ин амр дар ҷилваҳои хоси фалсафаи ваҳдатсароиву ваҳдатгароии инсоният, гароиш ба сулҳу дӯстӣ ва парҳез аз ҷангу пархош дар таълимоти макотиби фикрии дину мазҳабҳои гуногун, таълимоту фармудаҳои орифону ҳакимон ва донишмандон, инчунин, ашъори шоирон бозтоб ёфтааст.
Давраи шукӯҳманди Сомониён, ки намоди барҷастаи давлатдории таърихӣ маҳсуб меёбад, таҷассуми равшани маҳсули ваҳдат гардидани оини давлатсозии устувор ва таҳаққуқи ормонҳои тоҷикон бар мабнои иттиҳоду ягонагии миллӣ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таҷрибаи таърихии нахустдавлати миллиамонро ваҷҳи ибратомӯз барои имрӯз маънидод кардаанд.
Вақте ба воқеаву ҳодисаҳои оғози қарни бистум таваҷҷуҳ мекунем, ҳамоно таҷрибаҳои сабақомӯз ва андешаю тадбирҳои хирадварзонаи фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик барои ҳифзи миллат ва боқӣ мондани он дар саҳифаҳои таърих ба таври барҷаста ҷилвагар мешавад. Ба ҳамагон равшан аст, ки дар сароғози ин қарни пур аз тӯфони ҳаводис ҷараёнҳои мункири ҳастии таърихии миллати мо ба миён омада, хатари адами миллиро дар арсаи сиёсӣ эҷод намуданд. Хушбахтона, ҳузури мунаввари устод Садриддин Айнӣ, шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва баъдтар академик Бобоҷон Ғафуров ва дигарон дар ҳифзи асолати миллии тоҷикон нақши пурфайз гузошт. Ин ҷо ба таври махсус аз хидматҳои шоёни фарзанди фарзонаи халқ, арбоби барҷастаи сиёсӣ Нусратулло Махсус метавон ишорат намуд, ки ба шарофати хидматҳои бузургу таърихӣ ва қаҳрамононаи ӯ ва дигар пайравонаш дар соли 1929 Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон ба ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд. Маҳз, ҳосили талошҳои ӯ ва дӯсти содиқаш Абдураҳим Ҳоҷибоев буд, ки дар анҷумани  сеюми шӯроҳои Тоҷикистон, дар таърихи 15-16 октябри соли 1929, масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷаи пофишориҳои ин марди ватандӯст Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба истилоҳи имрӯз сохтмони давлати миллии тоҷикон сурат пазируфт.
Шинохт, эътироф  ва тақдири ҳамин хидматҳои барҷаста буд, ки соли 2006 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Дар марҳалаи ҷадиди таърихи  давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва нофаҳмиҳо маҳз бо таваҷҷуҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги тафоҳум ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 27 июни соли 1997, ба таври куллӣ марҳалаи тозаеро дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ зиёну талафоти фаровони молию ҷонӣ дида, фишангҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатии он хароб гардида буданд, дар ибтидои давраи нави ташаккули таърихи давлатдории хеш ба буҳрони шадиди сиёсӣ мувоҷеҳ гардид. Дар чунин марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ бар асоси сабақҳои андухта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодию иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма гирифта, то ба имзои созишномаи сулҳ расиданд, дарахти пурбаракати сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ армуғон овард.
Эътиқоду эътимод ба ташаббусҳои таърихии давлатмардону абармардони миллати тоҷик ва такя ба қудрату тафаккури зеҳнӣ ва маънавии тоҷикон, ки ба фитрати олии инсонии ин миллати созандаву бунёдкор такя мекунад, ба Пешвои миллати мо неруи бузурге ато намуд, то дар минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ башорате аз расидани сулҳи деринтизор ба сарзамини поки ниёгон - Тоҷикистони азиз диҳад ва бо ҳиммати баланду олии  инсонӣ аз миёни он гирудору сангарҳои хунрез бо меҳру ихлос ва самимияти бузург ба мардуми хеш сидқан садо баланд кунад:
- Ман ба шумо сулҳ меорам!
Ҳамин ҷумла, ки дар таркиби он як ҷаҳон садоқату ихлос ба халқу Ватан нуҳуфта буд, сарнавишти миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшид ва роҳи ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳалаи нави таърихи давлатдории онҳо муқаррар намуд. Ҳосили талошҳои Сарвари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллӣ дар баробари эҷоди равобити густардаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, ба унвони сабақи равшани таърихӣ ва таҷрибаи тоза дар таҳкими сулҳу субот ҷойгоҳи муайян дарёфт. Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, аз ҷумла собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва дигарон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, бархӯрдорӣ ва огаҳӣ аз ин рӯйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини ваҳдати қавмию миллӣ барои соири кишварҳои дунё арзёбӣ карда, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро шинохтаву барои ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд.
Мардуми сарбаланди тоҷик имрӯз ва ҳамарӯз бо камоли сарфарозӣ ва ихлоси тамом ҳар дастуру ҳидояти ояндасози Пешвои миллатро истиқбол намуда, ҷавобан ба ин ғамхорӣ барои ба вуҷуд овардани бузургтарин ибтикороти созандагӣ ва мусоидат дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифз ва густариши андешаи сулҳи тоҷикон ва фарҳанги нодири ваҳдатофаринӣ ҳар чи бештар иқдом хоҳанд варзид. Аз баракати ин ҳидояту раҳнамоиҳо дар ҳифзи ин падидаи нодири таърихӣ - ваҳдати миллӣ ҳамеша он гулҳои пуртаровату рангоранг ва сабзу хуррами умед рӯи роҳи мо қарор мегиранд, ки баробари атои эътимод ва бовар бар фардоҳои рӯшану сарсабз ва пур аз ибтикор моро  ба пиёда намудани ормонҳои нав ба нав, аз сар гирифтани иқдомҳои наҷиб, эҷоди корномаҳои нодир ва муҳимтар аз ҳама, хидматгузорӣ барои ин халқу ин Ватани азиз ҳидоят мекунанд.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2017    №: 102    Мутолиа карданд: 513

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед