logo

иҷтимоиёт

БЕМОРИҲОИ ЗУҲРАВӢ. ДАР БОРАИ ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТ

Пӯст оинаи вуҷуди инсон аст, - мегӯянд табибон. Пайдоиши хурдтарин зарра дар он аз иллате далолат мекунад.  Агар пӯстро сари вақт табобат накунӣ, ба узвҳои дигар сироят менамояд. Табибони Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ ба муолиҷаи ҳамин гуна маризон машғуланд.

- Айни замон дар табобатгоҳ барои бистарӣ кардани беморон 50 кати хоб мавҷуд аст, ки 10 - тои он барои қабули рӯзона пешбинӣ гардидааст, - иброз дошт Насрулло Сайдаминов, мудири шуъбаи маркази мазкур. – Дар марказ маризони ба бемориҳои пӯст, асосан, бемориҳои замбурӯғӣ, шукуфаи сабӯсакмонанд, ониханикоз, микозҳо, оташак, сӯзок, сихаманез, гарнивела табобат меёбанд.
Табобат дар он ройгон аст. Маризони гирифтори бемориҳои замбурӯғӣ пурра бо дору таъминанд. Қариб 60 – 70 дарсади доруҳо барои бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда низ ройгон мебошанд. Агар ягон доруи иловагие, ки дар анборҳои мо набошаду зарур шавад, бемор худ дастрас менамояд. Ҳоло ба беморхона бештар беморони ба маризии замбурӯғӣ гирифтор муроҷиат менамоянд.
Бояд зикр кард, ки ангезандаҳои бемориҳои пӯст аз сатҳи пасти гигиена – тозагии инсон ба вуҷуд меоянд. Барангезандагони ҳар беморӣ гуногунанд. Чунончи хоришак аз газидани кана дар ҷисми одам пайдо шуда, сарчашмаи бемориҳои замбурӯғӣ худи замбурӯғ мебошад. Бемориҳои аллергикӣ бошанд, бештар аз ҳисоби  истеъмоли ғизои носолим, истифодаи  сарулибоси  нахи сунъияш бештар пайдо мешаванд.
- Ҳоло дар ҷаҳон садҳо намуди бемориҳои пӯст ба қайд гирифта шудаанд. Табибон барои рафъи онҳо аз усулҳо ва технологияҳои навтарин, ки дастовардҳои охирини илми муосир ба ҳисоб мераванд, истифода мебаранд. 
Шароити беморхонаи мо  ба талаботи имрӯза пурра ҷавобгӯ мебошад, - мегӯяд Н.  Сайдаминов. – Дар назди беморхона  кафедраи бемориҳои пӯсти  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият дорад.
Табибони беморхона таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Олим Қосимов зуд – зуд курсҳои омӯзишӣ гузашта, аз дастовардҳои навини илмӣ огаҳӣ  пайдо менамоянд. Кормандони марказ дар ин курсҳо дониши худро васеъ намуда, малака ва маҳорати касбиашонро сайқал медиҳанд.
У. МУРОД,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 457

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед