logo

иҷтимоиёт

ҲАМЕША БО ВАТАН ҲАСТЕМ. МЕГӮЯНД ҶАВОНОНИ ТОҶИКИ МУҚИМИ РУСИЯ

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон як зумра ҷавонон дар ҳайати гурӯҳи корӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ба Федератсияи Русия сафар намуданд.

Аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки ҷавонон дар ҷараёни сафар (то 25 май идома меёбад), дар шаҳрҳои Новосибирск, Кемерово, Новокузнетск ва кишвари Олтой бо муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни тоҷик дидору гуфтугӯ хоҳанд кард. Вохӯрии нахустини ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Новосибирск баргузор гардид. Иштирокдорони ҳамоиш перомуни сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ибрози назар намуданд.
Бо назардошти таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, зикр гашт, ки ҷавонон бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошанд, то ба ҳар дасисаю иғво дода нашаванд, ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ифротгаро наафтанд. Танҳо сулҳу салоҳ ва муттаҳидӣ метавонад мардумро, новобаста аз нажод, миллат, забон ва урфу одат, ба ҳам орад.
Дар идомаи сафар ба Федератсияи Русия ҷавонон ба шаҳри Бердски вилояти Новосибирск рафта, аз мавзеъҳои фарҳангии он дидан намуданд. Дар осорхонаи таърихӣ - бадеии шаҳр ҷавонони тоҷикро истиқболи гарм ва меҳмоннавозии кормандони он тасхир кард. Дар осорхона аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик низ нигораҳои зиёдеро ба тамошо гузошта буданд. Иттилоъ доданд, ки тоҷикон мардуми дорои таърихи бой ва маданияти баланд буда, дар байни дигар халқу миллатҳо бо ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, кордонӣ ва самимият намунаи ибратанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 518

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед