logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Марг натавонист ному кору осори ӯро маҳв созад. Баръакс, худ ном ёфт ва адибу рӯзноманигору роҳбари баркамол шукӯҳу шуҳрати хоса.

Ҳабдаҳ сол пеш 20 – уми май дар даромадгоҳи хонааш бо истифода аз силоҳи оташфишон душманони миллати соҳибтамаддун ҷисман ӯ, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сайф Раҳимзоди Афардиро аз миён бардоштанд. Пиндоштанд вазъи сиёсии кишварро бо ин амали нангин ноором месозанд ва бад - ин васила бар миллат доғ мегузоранд. Не, ба мақсуд нарасиданд.
Гӯиё чанд сол пештар аз ин як рухдод бохабар буд. Бо ин ҳама аз ҷамъияти хокиён ҳазар намекард, ба дил тарс надошт. «Чи анҷумани зебоест ҷамъи хоку хокиҳо! Ман  дар анҷумани зебоиҳои  хок  ҳузур дорам!  Ман рози  хокро  мекушоям, ман  фитрати  хокро кашф мекунам ва ба фитрати хок сиришта мешавам!» - навишта буд ӯ. Баъд аз рӯҳ ёдовар шуд: «Рӯҳ на аз замин ғизо мегирад. Сарчашмаи рӯҳ дар болост, илҳом аз сарчашмаи илоҳист».
Худшинос буд ва таъкид мекард, ки як инсон бештар бояд решаҳояшро бипалмосад. Сари шинохти гузаштаҳо андешиданро меписандид.
Ӯ қолибҳои маъмулиро дар адабиёт, матбуот, телевизион ва синамо шикаст, дигар кард. Дар фитраташ навҷӯӣ буд. Аз ин хусус навишт: «Мехоҳам дунёро аз нав бисозам. Дунёро мехоҳам ба завқу салиқаи худ наздик бикунам».
Вақт барояш қимат дошт. Онро мешинохт. Барои иҷрои ҳама нақшаҳояш фурсат меёфт. «Вақтшиносам. На, дер намемонам».
Барҳақ, дер намонд. Дар 46 соли умри худ корҳои неки зиёдеро ба фарҷом расонд. Китобҳои «Ситораҳои сари танӯр», «Аз ёдҳо, азёдҳо…», «Дурӯғи сафед» , «Васвасаҳои Зикрвайҳ», «Падруду пайғом» - ашро ба табъ расонд. «Доғҳои офтобаш» - ро пас аз маргаш нашр карданд.
«Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, пойизам», «Зеру рӯи бомҳо», «Пете», «Чоре» аз шумори филмҳои ӯст. Асарҳояш бо забони русӣ, украинӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд.
Ҷаҳонро, инсонро бо он шукӯҳ, зебоӣ ва қудрат ба мо нишон дод, то онҳоро бештару  беҳтар бишносем. Ба ин васила моро  андак – андак, батадриҷ дигар кард. Нигоҳамонро ба  оламу одам некутар кушод. Соли 1995 соҳиби ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид.
Пас аз маргаш ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ шарафёб шуд. Мактабу кӯчаву ҷамоати деҳотеро ба номаш гузоштанд.
Барҳақ, ҳамаи инсонҳо  як хел таваллуд мешаванд ва ба сад ранг  мемиранд. Аммо марг на бар ҳама шуҳрату мартабаи дигар мебахшад ва ҳам имкони таваллуди дигарро медиҳад. Пас аз он, албатта, зиндагӣ аст, зиндагии абадӣ.
Абдулқодири РАҲИМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 420

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед