logo

иҷтимоиёт

МОҲИ РАМАЗОН. МАҚСАД - ПЕШГИРӢ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХҲО

Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, файзу баракат, савоб, лутфу эҳсон ва хайру саховат фаро мерасад. Бо фарорасии он ниёзи сокинони кишвар  ба  маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, хусусан гӯшту шир, орду равған,  шакару қанд ва меваю сабзавот, меафзояд.

Ҳарчанд тайи ду – се соли охир инсофу ҳиммати соҳибкорону тоҷирони мамлакат қавитар гардида, бавижа дар рӯзҳои  аввали моҳ, бетағйирмонии нархҳо, ҳатто арзонтар шудани онҳо ба назар  мерасад, вале сар аз  даҳаи охири моҳи шариф бо айби чанд ҳанноту қаллоб амалҳои боло бурдани нархҳо ҳанӯз ҳам мушоҳида мешаванд.
Тибқи қарор дар бораи ғанигардонии бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон, ки бо имзои Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба тасвиб расид, роҳбарону масъулони корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти  ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои «Деҳқон», «Саховат» ва «Шоҳмансур» муваззаф гардиданд, то барои сохторҳои марбутаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва соҳибкорону тоҷирон ҷиҳати фурӯши  маҳсулоти ниёзи аввал шароит фароҳам оварда, онҳоро аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд. Роҳбарону масъулони раёсати  иқтисоду савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бозорҳои коммуналӣ ва сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар назди бозорҳо ва нуқтаҳои алоҳида ташкили ярмарка ва фурӯши маҳсулоти гӯштии аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ воридгардидаро таъмин намоянд.
 Раисони ноҳияҳо ва раёсати  иқтисоду савдои шаҳр дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ  ва «Тоҷикматлубот» бояд рӯзҳои шанбею якшанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулотро дар таваққуфгоҳи назди бозори «Меҳргон» (барои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ташкилоту корхонаҳои вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва  «Тоҷикматлубот»), майдончаи назди бозори «Қаряи Боло» (барои  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Агентии  захираҳои моддии давлатӣ  ва «Тоҷикматлубот»), кӯчаи Ҳусейнзода 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон) ва боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» (барои вилояти Хатлон, Агентии  захираҳои моддии давлатӣ  ва «Тоҷикматлубот») ташкил намоянд.
Бо мақсади пешгирии болоравии нархҳо ва таъмини рақобати солим маъмурияти бозорҳои коммуналӣ бо истифода аз маблағҳои худӣ харид, ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро  дар моҳи шарифи Рамазон бояд ҳамарӯза зери назорати шахсии директорони бозорҳо ба роҳ монанд. Аз роҳбарони бозорҳои хусусӣ низ анҷом додани ҳамин амал дархост шудааст.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.05.2017    №: 103    Мутолиа карданд: 562

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед