logo

иҷтимоиёт

БОСАВОДӢ ЗАВОЛИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОИСТ

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба ҳисоб меравад, ки хислати ҷаҳонӣ касб карда, хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Ҳарчанд то ҳанӯз таърифи мукаммал ва меъёрҳои ягона дар қонунгузории байналмилалӣ ва адабиёти сиёсатшиносӣ дар шинохти ифротгароӣ вуҷуд надорад, ин нукта маълум аст, ки ҳадафи ҳар гуна гурӯҳ ё ташкилоти ифротгароӣ бесубот намудани вазъи ҷомеа мебошад.

Заминаҳои асосии ифротгароӣ бесаводӣ ва таассуб аст. Маҳз таассуби динӣ дар асрҳои миёна боиси он шуд, ки дастовардҳои илмии нобиғаҳои гузаштаи миллат аз қабили Абуалӣ ибни Сино, Берунӣ, Розӣ, Хайём ва садҳои дигар натавонистаанд таъсири хешро дар пешрафти ҷомеа гузоранд.
Дар замони муосир, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, ҷавонони моро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нагарданд ва кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанду аз дастовардҳои илмию техникӣ баҳравар гашта, ҷаҳонбинии хешро дар ин замина такмил диҳанд.
Дар вазъияти феълӣ табақаи зиёии кишвар, махсусан омӯзгорон ва дигар субъектҳои таълиму тарбия, ки аслан пешбурди маънавии ҷомеа бар дӯши эшон аст, бояд худро дар канор нагирифта, якҷоя бо ниҳодҳои давлатӣ баҳри бунёди ҷомеаи пешрафта кӯшиш кунанд. Он гоҳ ин ҷомеа қодир мегардад, ки худро аз таъсири андешаҳои ҷаҳолатситез ва таассуби динӣ ҳифз намояд. Аз ин рӯ, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.
Мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро беш аз пеш тарғибу ташвиқ намоем ва ин иқдомро пайваста вусъат бахшем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзондаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Пешвои муаззами миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширини фаровон ба бор овардааст, ки мо – тоҷикон бо он ифтихор менамоем.
Гулшан МАМАДҚУЛОВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 300

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед