logo

иҷтимоиёт

ОБ. АЗ АВЕСТО ТО ИМРӮЗ

Таҳқиқи таърихи ҳаёти инсоният собит месозад, ки гаҳвораи тамаддун дар манотиқи ҷойгиршавии об, соҳили дарёҳои серобу водиҳои ҳосилхез, аз ҷумла ҳавзаҳои Медитарана, баҳри Аҳмар,  халиҷи Форс, рӯду дарёҳои бузурги Даҷла, Фурот, Ганг,  Ҳинд, Нил, Хуанхе, Янсизси, Ому (Ҷайҳун), Сир (Сайҳун) ва монанди инҳо пайдо шудааст. Дар ин робита иқлим ва муҳит ба сарнавишт ва ҳаёти инсоният бетаъсир набуда, нақши амиқ гузоштааст. Сарзамине  барои зиндагӣ интихоб мешуд, ки иқлиму ҳавои мусоид, заминҳои ҳосилхез ва обу ғизои фаровон дошта бошад. Дар тамаддуни башар, махсусан фарҳангҳои Хуросони бузург, Миср, Юнон, Рими қадим, Чин, Бобулу Ошуро ва дигар манотиқи олам аз замонҳои атиқа об дар қатори чор рукни муқаддас асолати офариниши олам, файзи рӯшноиву  покӣ ва ободиву осоиши зиндагист. Дар тасаввуру эътиқоди мардум, асотири халқҳо ва динҳои гуногун - зардуштӣ, яҳудӣ, насронӣ ва ислом об ҳамчун муъҷизаи илоҳӣ ва муқаддасоти ҳаёт шинохта шудааст.
Аз сарчашмаҳои қадим, аз ҷумла Авесто, бармеояд, ки Охшо - олиҳаи обу обёрӣ ва ободӣ барои халқҳои ориёнажод нуфуз ва эътибори калон доштааст. Бинобар ин, дар оини зардуштӣ об аз  муқаддасоти ҳаёт ва табиат дониста,  поку тоза нигоҳ дошта мешуд. Дар Авесто аз Аҳура Маздои ашаван ва обҳо ҳамчун офаридагони Маздо ситоиш намуда, оби пок муқаддас бақову пойдории зиндагӣ, замин ва ҳаёт дониста шудааст.
 Дар боби «Обон Яшт» омада, ки оби пок барозандаи ситоиш ва сазовори ниёиш аст, зеро ба гетӣ ҷон меафзояд, тухмаро пок намуда, аз олоиш меполояд, шир дар пистон меоварад, ташнагонро комраво мекунад.  Дар асотири эрониён Ардевсура Аноҳита -  худои муҳаббат ба обҳо ва кадбонуи обу ҳосил дорандаи ҳазор дарёчаву рӯд аст, ки ба ҷойи гирд омадани ҳамаи обҳо -  дарёи бузурги Фарохкарт мерезанд.
Шинохт, шарҳ ва тавсифи об дар осори файласуфон,  донишмандону шоирон ва фарҳанги шифоҳии мардум низ ба хубӣ  дарҷ ёфтааст. Пайдо кардани чаҳор унсури табиат (обу хоку оташу бод), хосият ва сабабу омилҳои падид омадани онҳо дар осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, адибони дигари бузурги тоҷику форс ва  олам равшан таҳлил ва шарҳ ёфтааст.
Тибқи маълумоти созмонҳои ҷаҳонӣ, дар замони муосир беш аз 25 дарсади   сокинони сайёраи Замин барои дарёфти об танқисӣ дошта, 2,5 миллиард нафар дар шароити ногувори санитарӣ умр  мегузаронанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чеҳраҳои  дурахшони сайёра мебошад, ки бо асолати фитрии неруманд ва ташаббусҳои  созандаи оламгираш дар бобати пешгирии терроризм, ҳифзи экологии сайёра ва пешниҳодҳои муҳим оид ба ҳалли мушкилоти бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинони сайёра дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо шукӯҳи тамом таҷаллӣ кардааст. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои муҳими вобаста ба об ва ҳифзу захираи он дар сатҳи бузургтарин минбарҳои байналмилалӣ бардошта шудаанд. Иқдом ҳанӯз аз соли 2000 - ум ибтидо гирифта, се ташаббуси глобалии Тоҷикистон оид ба мушкилот ва ҳалли масоили марбут ба об дар сайёра давоми мантиқии он эътироф шудааст.
Сарвари давлати  мо бо хираду ҷасорати беназир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои доғтарини сокинони замин – истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва шароит муҳайё намудан барои дастрасии ҳар инсон ба оби тоза ҷалб намуд. Боиси ифтихору шарафмандии мо, тоҷикон, аст, ки Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид  аз пешниҳоди навбатии созандаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гарм истиқбол намуд ва солҳои 2018 – 2028 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълом дошт.
Дар партави чунин ташаббуси хирадмандона ҳар як фарди кишварро мебояд, ки обу хоки сарзамини биҳиштосоямонро муқаддас дониста, бо эҳсоси меҳанпарастии асил ва шукронаи неъмати бузурги соҳибистиқлолӣ барои рушду шукуфоии Ватани маҳбуб  ҳамеша талош намоем.
Абдусамад МУЛЛОЕВ,
ноиби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 
ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 437

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед