logo

иҷтимоиёт

САНГВОР. ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон, ҷавонони кишварро водор менамояд, ки баҳри ободонии диёри хеш беш аз пеш саҳмгузор бошанд. Дар ноҳияи Сангвор ба тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба варзиш диққати ҳамаҷониба дода мешавад.

Хуҷавалӣ Комилов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иброз дошт, ки сохта ба истифода додани майдонҳои варзишии замонавӣ ба рушди ин соҳа мусоидат карда истодааст. Ҳамин буд, ки соли ҷорӣ Ҳасан Ғаффоров, Содиқ Солеҳов, Бибираҳима Барфиева ва Ғанизода Гулнора дар риштаи варзиши сабук сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар баробари ин, имрӯзҳо байни кормандони ташкилоту муассисаҳо як қатор чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили гӯштии миллӣ, футбол, волейбол ва тенниси рӯйи миз, баргузор мешаванд.
Бо ёрии Ҳукумати кишвар, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мактаб ва толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар онҳо 13 мураббӣ 229 нафарро ба тармиму машқ  фаро гирифтаанд. Илова бар ин, дар деҳаҳои дурдасти ноҳия якчанд майдончаҳои варзишӣ дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор доранд.
Ба гуфтаи Хуҷавалӣ Камолов бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ноҳияи Сангвор  360 нафар тариқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, имрӯз дар соҳаҳои гуногун бо муваффақият фаъолият менамоянд.
 - Ҷавонон бояд дар таҳкими сулҳу ваҳдат, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва, умуман, решакан кардани зуҳуроти номатлуби ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд, - мегӯяд Хуҷавалӣ Комилов.
Гулнисо САЪДОНШОҲ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 513
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед