logo

иҷтимоиёт

НУРОБОД. АВЛАВИЯТ БА КАСБОМӮЗӢ

Дар  маркази таълими калонсолони ноҳияи Нуробод маросими супурдани шаҳодатномаҳои касбӣ  ба 158 нафар хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддат доир гардид. Курсҳои кӯтоҳмуддатро аз рӯи касбҳои дӯзандагӣ 57,  гулдӯзӣ 15, фермер - соҳибкор 20, кафшергари газию барқӣ 23, муҳосиб бо донистани компютерро 43 нафар хатм намуданд.

Дар маркази касбомӯзӣ ба тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Бо ин мақсад аз тарафи мутахассисон ба духтарони маҳаллӣ ҳунарҳои атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ омӯзонда мешавад.
Дар таълимгоҳ, инчунин, омӯзиши ҳунарҳои қаннодӣ ба роҳ монда шуда, бонувони маҳаллӣ, ҳунаромӯзон анвои гуногуни шириниҳо ва маҳсулоти қаннодиро омода сохта, ба намоиш мегузоранд. Муҳлати таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат ройгон буда, аз 1 то 3 моҳро ташкил медиҳад.
Ҳадафи барномаи омӯзишӣ  бо шуғл фаро гирифтани сокинони ноҳия, хусусан ҷавонони аз 15 то 24 - сола ва занони аз 24 то 49 - сола  ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи омӯзиши касбҳои зарурӣ мебошад. Тибқи барнома, хатмкунандагони курсҳо барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории хусусӣ аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ ва ба шуғлҳои даромаднок таъмин карда мешаванд. Фирӯза Ҳабибова, яке аз  касбомӯзони ҷавон, миннатдории хешро ба Сарвари давлат барои дастгирии занони деҳотӣ  изҳор намуда,  ният дорад, ки дар оянда фаъолияти соҳибкориро ба роҳ монад.        
Маркази таълими калонсолони ноҳия бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд фаъолият менамояд. Ба иттилои Азиз Раҳмонов,  сарвари муассиса, тибқи нақша, соли равон бояд 725 нафар ҷавонон ва занҳо аз рӯи 9 касбу ҳунар  ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 359

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед