logo

иҷтимоиёт

ПАРВОЗ БО БОЛИ ШИКАСТА

Собиқ раиси деҳоти Дашти Гулҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Маҳдӣ Орифзода, айни суҳбат оид ба бунёдкорию созандагӣ,   аз мо хоҳиш намуд, ки ба фаъолияти яке аз соҳибкорони муваффақ Зайнулло Муродов аз наздик ошно шавем.

Хоҳишро пазируфта, ба деҳаи  Файзобод омадем. Ҳангоме ки  вориди ҳавлӣ   мешудем, Маҳдӣ Орифзода гуфт:
- Ҳамин аст хонаи Зайнулло Муродов, муассиси корхонаи дӯзандагии «Равонбахш». Ӯ аксар вақт дар хона қарор дорад, зеро маъюби гурӯҳи  аввал аст ва беш аз 20 сол боз аз ҷой хеставу роҳ гашта наметавонад.    
- Шурӯи кор бо компютер ва шиносоӣ бо шабакаи интернет, ба зиндагии беранггаштаи ман умеди тоза бахшид, гӯиё рафиқи деринаашро дида бошад, ки ба сухан даромад Зайнулло.  - Ба як барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирию ҳамкорӣ бо маъюбон, дар робита шудам. Масъуле аз намояндагии онҳо  ба хона омаду ба ҳамкорӣ даъват намуд. Бунёди корхонаи дӯзандагии «Равонбахш» маҳсули ҳамин ҳамкориҳо мебошад. Мо аз ҳисоби барномаи мазкур 20 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ харида, занону духтарони деҳоти атрофро, ки бештарашон маъюбанд, ба кор даъват намудем. Айни ҳол барои беморхонаи марказии ноҳия ва чанде аз беморхонаҳои минтақавӣ ба дӯхтани ҷиҳозҳои рахти хоб машғул ҳастем. Ба сифати баланду нархи дастраси  маҳсулот диққати ҷиддӣ медиҳем, зеро ин тақозои бозор аст. Дар баробари ин, соли ҷорӣ бо дастгирии яке аз ташкилотҳои хориҷӣ дар 5 сотих гармхона бунёд карда, ҳосилашро  ибтидои моҳи апрел пешкаши мизоҷон сохтем.
Мо, маъюбон, аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем. Ҳамаи он комёбиҳое, ки ба даст омадаанд, аз шарофати ҳамин дастгириҳо медонам, - мегӯяд соҳибкори муваффақ Зайнулло Муродов.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 329

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед