logo

иҷтимоиёт

ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ. ЧОРУМИН ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар доираи Соли ҷавонон аз 19 то 21 майи соли равон дар истироҳатгоҳи «Қаратоғ» - и ноҳияи Шаҳринав байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ даври ниҳоии Олимпиада оид ба ҳаракати олимпӣ баргузор гардид, ки дар он ғолибон ва ҷоизадорони даврҳои дуюм ва сеюми олимпиада қувваозмоӣ намуданд. Дар даври ниҳоӣ ду дастаи вилояти Суғд, ду дастаи шаҳри Душанбе, дастаҳои минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ду дастаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Ваҳдат ва Рӯдакӣ) иштирок намуданд.
Олимпиада соли равон тибқи низомномаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Академияи  миллии олимпии назди Кумитаи миллии олимпӣ тасдиқшуда сурат гирифт ва ҳадафи он ба наврасону ҷавонон омӯзондани идеяҳо ва сарватҳои ҳаракати олимпию машғул шудан ба варзиш мебошад.  
Дар  олимпиада 54 хонанда ширкат намуда, дар санҷиши тестӣ, ки марбут ба таърихи ҳаракати олимпӣ, варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва аз рӯи се  намуди варзиш – давидан ба масофаи 100 метр, ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷой ва афшурдан аз курсӣ бо ҳам зӯр озмуданд.
Рафти санҷишҳои тестӣ ва зӯрозмоиҳои варзишӣ нишон дод, ки хонандагони шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва вилоятҳои Хатлон, Суғду Бадахшон ба олимпиада бо омодагии ҷиддӣ ҳозир шуданд ва ба гирифтани бештари мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд.
Бояд гуфт, ки дар олимпиада панҷ рекорди олимпӣ гузошта шуд. Инчунин, дар натиҷаи мусобиқоти ғайрирасмӣ дастаҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Суғд – 1 ва ВМКБ мутаносибан мақомҳои якуму дувуму сеюмро гирифта, соҳиби ҷом гаштанд.
Пас аз анҷоми зӯрозмоиҳо барои иштирокчиён дар мавзӯи таърихи ҳаракати олимпӣ, принсипҳои пойдорӣ, сарватҳо (арзишҳо) ва идеяҳои олимпизм, бозии адолат ва дигар масъалаҳо оид ба барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим, сессияҳои таълимӣ доир гардид.  
Дар маросими пӯшидашавии олимпиада ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти мутлақ аз рӯи 4 намуд (санҷиши тестӣ ва се намуди варзиш), инчунин, роҳбарон ва намояндагоне, ки дастаҳоро дар сатҳи касбӣ омода намуданд, аз ҷониби Академияи миллии олимпии Тоҷикистон бо медалҳо, ифтихорномаҳо ва мукофотҳо қадр гардиданд.
Ибод ШАРИФӢ,
директори Академияи  миллии олимпии назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 325

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед