logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОН Ё ҲОМИИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Қаҳрамон зодаи як модар, вале фарзанди тамоми миллат аст. Миллатро бо қаҳрамон ва қаҳрамонро бо миллат мешиносанд. Миллати беқаҳрамон таърих надорад. Миллати бетаърих пойдор нахоҳад буд. Қаҳрамонро шинохтан ва ба ӯ пайравӣ кардан, далели маърифати баланди милливу инсонист. Қаҳрамонҳо пайрави қаҳрамонҳоянд, аммо қаҳрамонии онҳо нотакрор аст. Халқ гаҳвораи парвариши қаҳрамон аст. Марги қаҳрамон зиндагии нави ӯст…
Баъди зиёда аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён бори нахуст бар асари Инқилоби Октябр имконияти таъсиси давлати тоҷикон ба миён омад. Аммо душманони халқи тоҷик кӯшиш мекарданд, ки пеши роҳи таъсисёбии ин давлатро бигиранд. Онҳо даъво мекарданд, ки миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад, ин халқ ҳеҷ гоҳе давлат надошт ва давлатдорӣ карда наметавонад. Аммо Нусратулло Махсум, сарвари ҳамонвақтаи тоҷикон ва ҳамсафони ӯ ба ҳимояи манфиатҳои миллии халқ бархоста, исбот карданд, ки халқи тоҷик халқи куҳанбунёд, дар гузашта соҳиби давлат ва таърихи пуршараф будааст.
Дар замони бисёр ҳассоси таърихӣ 1 декабри соли 1926, ки акнун  мақоми олии давлатӣ - КИМ ҶМШС Тоҷикистон таъсис ёфт, раисии он ба уҳдаи Нусратулло Махсум вогузор гардид. Яъне, баъди суқути давлати Сомониён нахустин бор сохти давлатдории тоҷикон бо пояҳои ҳуқуқиаш ба арса омад. Ин рӯйдод дастоварди муҳими таърихию сиёсӣ ба шумор рафта, мушти сангине буд бар даҳони душманони миллат, ки мехостанд номи тоҷик ва давлатдории онро аз арсаи сиёсӣ бенишон созанд. Ҳамин тавр, сиёсати душманонаи пантуркистон ва хоинони миллат шикаст хӯрд. Ҷонбозиҳои Нусратулло Махсум беасар намонд. Барои миллати тоҷик имконияти аз нав соҳиби давлат шудан муяссар гардид.
Солҳои 20-уми асри гузашта барои миллат ва хоса, зиёиёни тоҷик як давраи ҳассоси таърихӣ ба шумор мерафт. Бо сабабҳои ҳукмронии тӯлонии амирони манғит бепарвоӣ нисбат ба мансубияти миллӣ дар миёни баъзе қишрҳои халқи тоҷик ҳукмраво гардида, робитаи маҳалҳо ва ҳувияти миллӣ заиф гашта буд. Дар баъзе минтақаҳо истилоҳи ватан фақат ба деҳаву маҳал мансуб дониста мешуд. Баъзе тоҷикон миллати худро бо номҳои шартии сайидӣ, хоҷа, ғалча, сарт ва маҳалҳояшон ном мебурданд. Аз ин рӯ, баъзе зиёиёни калавандаи тоҷик ҳавасҳои туркгароӣ мекарданд, мансубияти миллии худро инкор менамуданд. Аммо чанд тан аз зиёиёни ватанпарвар, аз ҷумла Нусратулло Махсум, ки аз таърих ва фарҳанги халқашон огоҳӣ доштанд, саъю талош мекарданд, ки ин заъфро аз байн бардоштаву тоҷиконро мисли дигар халқҳои Осиёи Миёна соҳиби ҷумҳурии мустақил намоянд. Ин марди наҷиб дар нисбати баъзе намояндагоне, ки дар доираи шаҳрҳо парвариш ёфтаву моҳияти давлату давлатдории тоҷиконро дарк накарда, ба калавиш ва хиёнат роҳ медоданд, як ватанпарвари асил, сарсупурда, ҷонфидо, аз лиҳози сиёсиву миллӣ варзида ва дорои фикри равшану солим буд. Аз он ранҷ мекашид, ки тоҷикон - ин миллати дорои таърих ва тамаддуни куҳанбунёд мисли дигар миллатҳо соҳиби ҳаққу ҳуқуқи худ нагаштанд. Аз ин рӯ, пайваста ба номи Сталин мактуб менавишт, ӯро аз ҳақиқати ҳол огоҳ мекард.
Давлатдории тоҷикон аз марказҳои маданӣ-таърихии худ канда шуда, дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва қафомонда ба арсаи ҳастӣ меомад. Аммо барои роҳбари тоҷикон Нусратулло Махсум ҳеҷ гуна душворӣ баҳонаву садди роҳ шуда наметавонист. Бояд Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳатман таъсис меёфт. Ӯ бунёдгузори мактаб ва сабақҳои нави сохти давлатдории навин ба шумор мерафт. Инак, заҳмату талошҳо, ҷонбозиҳо, ба хотири парвариши ин ниҳолаки нозук аз ҷониби боғбоне, ки ба муқобили ҳама гуна тундбоду барфу борон сина сипар карда буд, натиҷаи дилхоҳ дод.
Таъсис ёфтани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 17 октябри соли 1929, бешубҳа, натиҷаи саъю талош ва ҷонбозиҳои Нусратулло Махсум ва дигар ҳамсафонаш буд. Нусратулло Махсум дар саргаҳи давлатдории навини Тоҷикистон қарор дошт, падидаи эҳёшудаи давлатдорӣ мероси сиёсии ӯ ба шумор меравад. Роҳбари ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ аз дастовардҳои халқу давлаташ қаноатманд нашуда, пайваста дар пайи афзоиш додани сарватҳои моддиву маънавии он буд. Вай ба ҳама соҳаҳо бо дилсӯзӣ, самимона, бо дилу нияти хидмати содиқона ба халқу Ватан муносибат мекард.
Нусратулло Махсум таъсиси ҷумҳурии мустақили тоҷиконро дар ҳаёти халқи тоҷик ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва бесобиқа қаламдод намуд. Ин давлати тозабунёд барои халқҳои мазлуми Шарқ ҳамчун намунаи ибрати бунёдкориву созандагӣ муаррифӣ мегардид. Аммо душманони халқу давлати тоҷикон, ки тирашон хок хӯрда буд, мисли каждуми таги бӯрё ноаён амал мекарданд. Акнун онҳо иғвою дасисаро ба муқобили роҳбарони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз карданд. Зеро хавф доштанд, ки Нусратулло Махсум ва ҳамсафонаш дар пайи ба ҳудуди Тоҷикистон боз гардондани шаҳру ноҳияҳои дигари тоҷикнишин хоҳанд шуд. Бо дасисаҳо, туҳмату буҳтонҳои онҳо Нусратулло Махсум аз вазифа сабукдӯш гардида, бо баҳонаи хондан ба Академияи илмҳои иҷтимоӣ ба шаҳри Маскав фиристода шуд.
Соли 1937 мавҷи ҳабсу куштори шахсиятҳои барҷастаи ҳизбиву давлатӣ тамоми мамлакати шӯравиро фаро гирифт. 31 октябри соли 1937 фарзанди фарзона, ғамхори миллату Ватан Нусратулло Махсум ба қатл маҳкум шуда, 15 ноябри соли 1938 ин ҳукм дар ҳаққаш амалӣ гардид. Соли 1957 ӯ сафед карда шуд, вале дар бораи хизматҳояш дар назди халқу давлати шӯравӣ ҳеҷ суханеву ишорае ифода нагардид. Танҳо пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба рӯйдодҳои таърихӣ, корномаи фарзандони миллат баҳои воқеӣ дода шуд.
27 июни соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди баруманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода, ҳамон рӯз дар маросими кушодашавии нимпайкарааш дар ноҳияи Рашт аз хидматҳои барҷастаи ӯ чунин ёдоварӣ намуд: «Барои бақову ҳастии миллат, эҳёи давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, озодиву адолат ва ҳақиқати таърихии халқи тоҷик хизмати Нусратулло Махсум низ басо назаррас аст. Кӯшишу талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохтани миллати тоҷик беназир аст». Оре, бузургон  посдору номбардори бузургонанд! 
Танҳо Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ном, кору пайкори бунёдкоронаву созандаи Нусратулло Махсум ва ҳамсафонашро зинда гардонду қадршиносӣ намуд. Ватани азизу ягонаамон-Тоҷикистон, ин марзбуми муқаддас, ёдгори беназири ниёгони ҳикматёри мост, ки ба ивази ҷонбозиҳои падару бобоён, ки яке аз онҳо Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум аст, ба мо мерос мондааст.
Муҳтарам ҲОТАМ, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 462

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед