logo

сиёсат

ҶАМЪОМАДИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОН

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми иштирокчиёни чорабинии тантанавӣ ва дар шахси онҳо кулли ҷавонони саодатманди кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи Иди ҷавонон оид ба талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгириҳои амиқи неруи созанда ва ояндаи миллат  суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятнок медонанд. Бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд. Ин иқдом нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.
Таъкид гардид, ки маҳз бо иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯзҳо ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҷавононро бо идашон муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ҷавонон минбаъд низ чун  татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик бо масъулияти бузург содиқонаву сарбаландона кору зиндагӣ менамоянд.
Ҷамъомади тантанивиро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон барномаи рангини ҳунарӣ шукӯҳи тоза бахшид. Барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи пурмуҳтавои фарогири дастовардҳои ҷавонон ва инъикоскунандаи пешравиҳои ҷумҳурӣ пешкаш карда шуд, ки хеле хотирмону дилнишин буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.05.2017    №: 104    Мутолиа карданд: 448

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед