logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ОХИРИН ХОҲИШИ МОДАР
Модари зору низор дар хонаи пиронсолон ҳамеша чашм ба роҳи омадани писари ягонааш дошт. Дар як ё ду моҳ боре ояд ҳам, аз шодӣ ба курта намегунҷид. Пирамарду пиразанҳои дигар ҳавас карда мегуфтанд: «Хушбахтӣ, ки фарзанди ту як бор ним бор ба диданат меояд. Ҷигарбандони мо солҳост бедарак шуда рафтаанд».
Модари бечораро лаҳзаҳои ҷон ба ҷонофарин супурданаш наздик шуд. Писарашро даъват карданд. Ӯ сари болини модар нишасту хоҳиши охиринаш пурсид. Модар бо овози ҳазин гуфт: «Агар хоҳӣ, ки аз ту розӣ бимирам, хӯрокворию ҷиҳози лозимии хонаи пиронсолонро таъмин намо». Писар бо ҳайрат пурсид, ки худ дар дами марг қарор дорию ғами дигаронро мехӯрӣ. Модар ҷавоб дод: «Ман ба ин сардию муҳтоҷӣ ва интизорию гуруснагиҳо одат кардам. Сахт метарсам, ки фардо фарзандонат туро ин ҷо биёранду ба гармою сармо тоб наорӣ ва азоб бикашӣ»…
Таҳияи Б. БАҲОДУР


ОНҲО ҲАМ ҶАВОН БУДАНД
Аз байни олимони рус, ки ном ва сарнавишташон бо Тоҷикистон ва тоҷикон алоқамандӣ дошта, дар рушди илми тоҷик заҳмати зиёд ба харҷ додаанд, Евгений Павловский – аввалин раиси филиали Тоҷикистонии АИ СССР дар 29 - солагӣ ба дифои рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб ва сипас доктори илмҳои биологӣ, академик Николай Платэ дар 32 - солагӣ ва Александр Несмеянов дар 35 - солагӣ ба дарёфти дараҷаи доктори илмҳои кимиё расидаанд.
Аз байни олимони тоҷик риёзишиноси маъруф Абдулҳамид Ҷӯраев, ки таҳқиқоташ дорои аҳамияти ҷаҳонӣ буда, имрӯз пажӯҳишгоҳи математика бо маркази ҳисоббарори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ин шахсиятро дорад, дар 35 – солагӣ ва Камолиддин Бойматов дар синни 32 - солагӣ шарафи дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои физикаю математикаро доштаанд.
Табиби маъруф Ҳамид Мансуров, ки бунёди Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ӯ алоқаманд аст, дар 35 - солагӣ унвони доктори илмҳои тибро соҳиб гардидааст. Илми тоҷик ба шарофати чунин олимони кӯшо ва пӯё шуҳрати хосаи ҷаҳонӣ ба даст овардааст.
Таҳияи А. СУБҲОН


Унсурулмаолии КАЙКОВУС
АНДАРЗҲО
Суханро бузург дон, ки аз осмон сухан омад.
***
Хештанро ба ростгӯӣ маъруф кун, то агар вақте ба зарурат дурӯғ гӯӣ, аз ту бипазиранд.
***
Ба донистани розе, ки ба ту тааллуқ надорад, рағбат макун.
***
Сардсухан мабош, худро нодон шумор, то дари омӯхтан бар ту кушода гардад.
***
Бисёрдони камгӯй бош, на камдони бисёргӯй.
***
Бикӯш, то сутудаи мардумон бошӣ, на сутудаи хеш.
***
Агарчи бисёр донӣ, он гӯй, ки ба кор ояд.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


КОЛТРАП. ТОҶИРЕ, КИ 80 000 ХИШТРО БО ПОЧТА КАШОНД
Тариқи почтаи ИМА на танҳо мактуб, балки рустанӣ, ҳашарот, баъзе намуди ҳайвонот, тӯби футбол ва ғайраро фиристодан мумкин буд. Аммо тоҷири ҷавон Колтарп тавонист кореро анҷом диҳад, ки дар таърихи почта беназир аст. Колтарп бо хишт биное бунёд карданӣ буд, ки дар ошёнаи якумаш бояд бонк ҷой мегирифт. Майдони сохтмон бошад, дар 190 километр дурӣ аз корхонаи хиштбарорӣ ҷойгир буд. Аз ин рӯ, барои кашондани 80 000 дона хишт харҷи маблағи зиёд лозим меомад.
Бо мақсади сарфаи маблағ, Колтрап қарор дод, ки хиштҳоро тавассути марсула (посилка) фиристад. Ӯ хиштҳоро дар қуттии вазнаш 23 килограммӣ ҷойгир намуд, зеро аз рӯи қоида ба қуттиҳои почтавӣ аз он зиёд бор карда намешуд. Тоҷири ҷавон дар як маротиба 40 адад ҳамин гуна қуттиҳои хиштдорро фиристод, ки дар маҷмӯъ тахминан 1 тоннаро ташкил медод. Амонатҳои почтавӣ мустақиман ба манзилашон рафта намерасанд. Аз ин сабаб, ҳар як қисми хишти фиристодашаванда ба ҷои 190 километр роҳ зиёда аз  640 километр роҳро тай менамуд. Бо вуҷуди ин, тариқи почта фиристодани хишт нисбат ба хишткашонии анъанавӣ арзонтар афтод. Кормандони почта, албатта, аз ин амали тоҷир хурсанд набуданд, вале илоҷи дигар надоштанд.
Умуман, Колтрап тавонист, ки  ҳамаи 80 000 хиштро тариқи почта фиристад ва мақсади худро ҷомаи амал пӯшонад. Ҳарчанд, пас аз ин, почта қоидаи кориашро дигар кард. Акнун, дар давоми як шабонарӯз зиёда аз 90 килограмм борро тариқи почта фиристодан манъ шуд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМЗОДА


ЯК МАРГИ АҶИБ
Дар Британияи Кабир зану шавҳари 77 - сола дар як рӯз дар беморхона аз дунё гузаштанд.
Корманди тиб кати хоби онҳоро ба ҳам наздик монд, то даст ба дасти хеш бигиранд, - менависад Telegraph.
Аввал духтурони бемористон тасмим гирифтанд, ки онҳоро дар ҳуҷраҳои алоҳида бихобонанд, вале як нафаре аз табибон ба хулосае омад, ки ин ҷуфти калонсолро дар як ҳуҷра хобонанд, то лаҳзаҳои охири умрашон бо ҳам бошанд.
Баъди солгарди навбатии  издивоҷи хеш Ҷойс Додди 97- сола ва Фрек Додди 96 – сола, ки 77 сол бо ҳам зистанд, дар беморхонаи Дартфорд аз дунё гузаштанд. Онҳо дар айёми наврасӣ бо ҳам шинос шуда, баъди 5  соли шиносоияшон издивоҷ карданд. Ҷойс пешхизмат ва Френк корманди муассисаи чӯбарракунӣ буд.
Ин ҷуфт соҳиби 5 фарзанд, 12 набера, 10 абера ва 2 чабера буд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ҲОЗИРҶАВОБИ МАЛИКА ЕЛИЗАВЕТАИ II
Даҳ сол қабл набераҳои Елизаветаи II Уилям ва Гарри бо бибияшон шӯхии аҷибе карданд. Маликаи 80 - сола, ки эҳтимол ҳанӯз на ҳамаи нозукиҳои истифодаи телефони мобилиро медонист, аз онҳо хоҳиш кард, ки паёмаки меъёриеро дар телефонаш фаъол намоянд, то дар ҳолати набудани малика он ба муштариён ба таври автоматӣ посух диҳад.
Набераҳои малика хоҳиши бибии худро «иҷро» намуданд. Акнун дар ҳолати набудани Елизаветаи II телефон ба таври автоматӣ чунин посух медод: «Салом, корҳоятон чӣ хел? Ин ман – Лиз. Ҳозир дар тахт нестам. Барои мустақиман пайвастан бо Филипп (шавҳари малика) тугмачаи 1, бо Чарлз (писарбузурги малика) тугмачаи 2 ва бо корги (саги дӯстдоштаи малика) тугмачаи 3-ро пахш намоед.
Мегӯянд, ҳар вақте ки малика чеҳраҳои ҳайратзадаи мансабдорони воломақоми тамосгирифтаро тасаввур мекард, аз ин ҳазли наберагони худ ба ваҷд омада, ба «маҳорат» - ашон аҳсан мегуфт.
М. ЗУВАЙДОВА, тарҷума аз русӣ


ГУЛДАСТА ШУКӮҲ ВА ШАҲОМАТ
Аз ҳама гулдастаи калонтарин дар дунё тобистони соли 2011 - ум дар  Киев  сохта шуд. Ин гулдаста аз 60 ҳазор дона гул тайёр шуда, намуди сабадро дошт ва қутраш 2,71 метрро ташкил медод.
Гулдаста бо мақсади рекламаи ширкати «Raffaello» дар давоми се рӯз аз тарафи 9 тарроҳ сохта шуд. Дарозии гулдаста 3 метр буда, он нишони рамзии ширкати маъруфи «Raffaello» - ро ифода мекард.
Баҳори соли 2001 дар Йоханнесбург низ ҳамин гуна гулдастаи калон сохта шуд, ки аз  36 ҳазор гул иборат буд ва он қариб 4 тонна вазн дошт. Дарозии гулдаста 6,5 метр буд. Он то ҳол гулдастаи аз ҳама баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Боз як гулдастаи калон аз ҷониби мутахассисони боғи иёлати Миссурии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1998 дар Сент - Луис сохта шуд. Баландии ин гулдаста зиёда аз  18 метрро ташкил дода, аз 29 ҳазор дона гул иборат буд.
Таҳияи Л. ШАРИФ


НАЪЛ ВА ТОЛЕЪ
Дар меҳмонӣ. Яке аз дӯстон  аз дорандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика Нилс Бор, ки ба наъли дар девор овезон дурудароз чашм дӯхта буд,  пурсид:
– Наход шумо яке аз барҷастатарин олимони физика бовар намоед, ки наъл қудрати толеофарӣ дорад?
– Албатта, не,- мегӯяд  Бор табассумкунон. – Аммо медонам, ки новобаста аз он ки шумо ихлос доред ё не, он хушбахтӣ меорад.


ВУНДЕРКИНД
Сухас Гопинат, вундеркинди ҳинду, дар 14 - солагӣ ширкати «Globals Inc» - ро таъсис дод. Ӯ дар синни 20 - солагӣ ин ширкати трансмиллии худро роҳбарӣ мекард.
Ширкати «Globals Inc» ба сохтани сомонаҳои интернетӣ ва замимаҳои барномавӣ, таҳияи web - дизайнҳо, web - изофаҳо, барномаҳо барои мактабҳо ва хизматрасониҳои аутсорсингӣ машғул мебошад. Сухас Гопинат ҳамчун ҷавонтарин роҳбари ширкати бонуфуз дар ҷаҳон ба китоби рекордҳои «Limca» (аналоги ҳиндии «Китоби рекордҳои Гиннес») дохил шудааст.
Соли 1998, вақте ки Сухас 13 сол дошт, нахустин сомонаи таъсиснамудаи ӯ дар интернет пайдо шуд, ки ҳиндуҳои дар кишварҳои олам сукунатдоштаро муттаҳид месохт. Ин сомона дар муддати кӯтоҳ маъруфият пайдо намуд. Ширкатҳои бонуфуз ӯро ба ҳамкорӣ даъват менамуданд. Ӯ бо даъвати яке аз чунин ширкатҳо бо номи «Network Solutions» ба Калифорния парвоз намуд. Ба ӯ пешниҳод намуданд, ки аз ҳисоби ширкат дар яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои ИМА таҳсил намояд, ба шарте ки ӯ баъди хатми таҳсил дар ҳамин донишгоҳ кору фаъолият дошта, манфиатҳои онро ҳимоя кунад. Сухас бо тааҷҷуб гуфт: «Модоме ки ман барои худ кор карда метавонам, пас чаро бояд ба манфиати дигарон кор кунам?» Ӯ  ин пешниҳодро рад намуд ва тасмим гирифт, ки ширкати худро таъсис диҳад. Алҳол, Сухас Гопинат андешаи ба Ҳиндустон кӯчондани дафтари кории ширкатро дорад.
Таҳияи Зафар АКРАМОВ


РОБОТҲО ВА ҲАФТАИ КӮТОҲИ КОРӢ
Истифодаи роботҳо ва ақли сунъӣ дар истеҳсолот ҳафтаи кориро то чор рӯз коҳиш медиҳанд. Чунин пешгӯиро коршиносон дар мизи гирди Маркази ташаббусҳои стратегӣ манзур доштанд. Хулосаҳои онҳоро шабакаи Мир - 24 бо истинод ба «Российская газета» меорад.
Ба андешаи коршиносон, ҷаҳон ба инқилоби чоруми саноатӣ ворид мешавад, ки он сохтори шуғлро тағйир медиҳад. Дар оғози қарни гузашта, вақте ки ба шарофати истифодаи мошинҳо истеҳсолнокии меҳнат баланд шуда, вақти корӣ тадриҷан то 40 соат дар як ҳафта коҳиш ёфт, ҳамин гуна ҳолат ба амал омад. 
«Инқилоби чоруми саноатӣ, ки роботонидан ва истифодаи ақли сунъиро дар бар мегирад, метавонад ба коҳиши ҳафтаи корӣ то чор рӯз ва тағйири сохтори шуғл оварда расонад», - андеша дорад директори  Институти таҳлили иҷтимоӣ ва ояндабинии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти ФР Татяна Малева.
Ҳамкорони ӯ андеша доранд, ки аз сабаби корҳои муайянро ба роботҳо супурдан, набояд аз бекорӣ тарсид. Ба бозор дигар мутахассисон лозим мешаванд, аз ин рӯ, бисёриҳо метавонанд шакли фаъолиятро тағйир диҳанд.
Имрӯз дар як қатор мамлакатҳои Аврупо ҳафтаи корӣ то 36 соат кам  шудааст, дар ширкатҳои бузургтарини Шведсия то 30 соат. Дар кишвари Скандинав рӯзи корӣ на бештар аз шаш соат давом мекунад.
Ба андешаи равоншиносон ҷадвали шашсоата барои инсон идеалӣ мебошад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


РАҚҚОСА
Аҳли ҳунари Британияро бо он мешиносанд, ки бештар ба эксентрика майл доранд. Онҳо баъзан корҳое мекунанд, ки ба ақл рост намеояд. Барои амалӣ намудани нақшаҳои кории худ на танҳо таваккал мекунанд, балки аз худ ҳам мегузаранд.  «Танҳо бо ин роҳ метавон асрори ҳунар дарёфт ва имконоти воқеии инсонро муайян кард», - мегӯянд ҳунармандони ин кишвар.
Кашфиёти ҳунарии раққоса Вэнди Хэскетт намунаи беҳтарини ин гуфтаҳост. Ӯ чандин сол пеш, пас аз хатми мактаби рақси муосири шаҳри Лондон, таваккал карда, барои ширкат дар кастинг дари намояндагии ширкати машҳури намоишии Аргентина «De La Guarda» - ро кӯфт. Ин ширкат бо он машҳур буд, ки бозиҳои алпинистиро баргузор мекард.   
Дар кастинг ҳунари Хэскетт диққати касеро ба худ ҷалб накард. Вале, писари яке аз асосгузорони ин ширкат  Сэнди Огилви – Ҷейм Огилви ба ӯ аз нигоҳи аввал ошиқ гардид.
Сэнди Огилви яке аз кӯҳнавардони машҳури ҷаҳон буда, аз ҳунарҳои дигар дида, маҳорати кӯҳнавардиро аз ҳама боло мегузошт. Хэскетт бошад, аз ин боб тасаввуроте ҳам надошт. Ҷейм ба Хэскетт на танҳо дасту дили худро пешкаш намуд, балки тамоми асрори кӯҳнавардиро ёд дод.
Ҷейм ва Хэскетт пас аз даҳ сол дар асоси бо ҳам омехтани элементҳои шоу ва акробатика театри «Weird Arial Theatre» - ро таъсис дода театр дар фазоро асос гузоштанд. Онҳо техникаи махсусро кор карда баромаданд, ки дар он аз таҷҳизоти кӯҳнавардӣ истифода бурда мешавад. Ҳунармандони ин театр дар дилхоҳ фазои вертикалӣ барои экспериментҳои худ фазои мусоид фароҳам меоранд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ФАРБЕҲТАРИН ИНСОН ДАР ДУНЁ
Керол Йегер. Ин зани амрикоӣ бо 727 килограмм вазне, ки дорад, фарбеҳтарин одами сайёра маҳсуб меёбад. Керол соли 1960 дар Флинте, штати Мичиган ба дунё омадааст. Табибон сабаби асосии фарбеҳшавии ӯро дар пурхӯрӣ ва  иштиҳои зиёдаш мебинанд. Керол дар бистсолагӣ аз вазнинӣ аллакай пойҳояшро ҷунбонда наметавонист.  Доимо дар рӯйи рахти хоб буд. Ниҳоят ӯ бо маслиҳати духтурон Ричард Симмонс ва Ҷерри Спрингер дар рекламаҳои яке аз барномаҳои онҳо ширкат меварзад ва дар ҷойи маош бепул табобат мегирад. Вале табобат натиҷа намедиҳад. Сабаби асосии шифо наёфтани Керол арақи баданаш мебошад. Ҳаракаташ, ки хеле кам аст, оби бадан на ба берун, балки ба даруни организими ӯ дохил мешавад.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


РИЗО - МЕССИ
Ҳамандоми ҳамлагари маъруфи «Барселона» (Испания) Лионел Месси, пас аз қаҳрамони шабакаҳои иҷтимоӣ гардидан, дар Теҳрон бо агентии AFP фотосессияро анҷом дод. Ба қарибӣ Ризо Парастиш, ки аз ҳамандомии хеш бо ситораи футболи  аргентинӣ фаъолона истифода мебурд ва ба тамоми ҷузъиёти имидҷи ӯ тақлид мекард, аз ҷониби политсия боздошт шуд. Тавре «СЭ» хабар додааст, вай барои вайрон  кардани тартиботи ҷамъиятӣ – аксбардорӣ бо одамон дар шаҳри Ҳамадон дастгир гардид.
Замоне, ки Парастиш акси хешро бо футболкаи «Барселона» ба сомонаҳои варзишӣ ирсол намуд, маъруфияташ рӯз ба рӯз афзуд. Ин ба ӯ имкон дод, ки бо агентиҳои моделӣ қарордод бибандад ва аксҳояш дар саҳифаҳои ВАО интишор гарданд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ


КАШФИ МОҲИИ ҒАЙРИОДӢ
Дар Аврупо бори аввал моҳии ғайриодиеро  пайдо намуданд, ки он дар ғорҳо зиндагӣ мекунад. Олимон ҳангоми омӯзиш ба хулосае омаданд, ки он   ба оилаи  моҳиҳои лосос шомил аст. Ин навъи моҳиҳо дар ғорҳои хеле чуқури зериобӣ, ки барои инсон дастнорасанд, зиндагӣ менамоянд. Ба гуфтаи олимон, моҳии навкашфшуда дар худ ҳама хусусиятҳои  лососро дорост, вале ба ҳаёти ғор мутобиқ гаштааст. Аз сабаби он ки ғор ҳамеша торик аст, чашмони ин навъи моҳиҳо кам инкишоф ёфта, биниашон ду маротиба аз бинии дигар моҳиҳо калонтар аст. Ба гуфтаи  мутахассисон дар шароити  танги ғор ин барои моҳӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Таҳияи  Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


БАҲР ДАР АКВАРИУМ
Шаҳрванди Амрико Берни Маркус бо маблағи 250 миллион доллар калонтарин аквариумро дар ҷаҳон сохт, ки ҳамагонро ба ҳайрат овард.
Дар дохили ин аквариуми фавқулода, ки дар шаҳри Атлани музофоти Ҷорҷияи ИМА ҷой гирифтааст, миқдори зиёди намуди ҳайвоноти зериобиро дучор омадан мумкин аст.
Аквариуми мазкур аз  12 ҳазор метри мураббаъ витринаи шишагӣ иборат аст. Гунҷоиши он 23,8 миллион литр ва ё 32 ҳазор метри мукааб об буда,  моҳи ноябри соли 2005 кушода шудааст. Дар он зиёда аз 120 ҳазор ҳайвонот ба сар мебарад. Байни онҳо намояндагони 500 намуд ҳайвоноти зериобӣ,  аз ҷумла 4 наҳанги ҷавон, китҳо ва моҳиҳои нодир ҷамъ оварда шудаанд. Дар ин аквариум наҳанге ҳам зиндагӣ мекунад, ки  20 метр дарозӣ дорад.
Ин баҳри сунъӣ, ҷойи фароғати ҳамагон гаштааст.
Таҳияи Гулнисои Саъдоншо


ЭРНАНДЕС ВА 24 АНГУШТИ Ӯ
Йоандри Эрнандес Гарридо, марди 37 - солаи кубагист, ки дар даст ва пойи худ 6 - тоӣ ангушт дорад, аммо ин нуқсон зиндагии ӯро халалдор намесозад. Йоандри дар музофоти Гуантанамо, ки дар мавзеи шарқии Куба ҷойгир аст, зиндагӣ мекунад. Ҳамаи сокинони деҳоти атроф ӯро на бо номаш, балки «бисту чор» гуфта ном мебаранд.
Ангуштонаш ба ӯ на танҳо халал намерасонанд, баръакс ёрӣ медиҳанд. Барои мисол Эрнандес нисбат ба дигарон ба осонӣ ба қуллаи дарахти нахл (палма) мебарояд. Ҳатто  боре  як сайёҳ ба ӯ 10 доллар додааст, то ки ҳамроҳ  акс гиранд. Дар ҷазираи озодӣ ин маблағ на чандон кам аст, зеро музди миёнаи меҳнат дар ин ҷо тақрибан 20 доллар дар як моҳ мебошад.
Таҳияи  Сафаргул  АЛИМОВА
P/S: Дар миёни мо низ чунин одамоне, ки 24 ангушт доранд, мавҷуданд, аммо онҳо инро нуқс медонанд, мехоҳанд ошкор набошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2017    №: 105    Мутолиа карданд: 683

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед